«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

10-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Комилбек Амид Ёрбек онро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки таърих ҳама вақт такондиҳандаи зиндагии ҳамарӯзаи мардум буда, аз гузаштаи мо ва ҳамсояҳои наздикамон маълумоти зарурӣ медиҳад. Касе, ки мехоҳад ояндасозӣ кунад, бешак, бояд аз таърихи гузаштаи худ хабар дошта бошад. Ба ин минвол, ба мадракҳо ва таърихномаҳои миллат бояд пайваста муроҷиат кард. Таърихи миллати тамаддунсози тоҷик дар китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ниҳоят саҳеҳу фаҳмо ва пай дар пай гирд оварда шудааст. Ҷаҳонишавӣ босъурат идома ёфта, баробари падидаҳои мусбист доштан метавонад ба фарҳангу рӯзгори мардум таъсири бад ҳам дошта бошад. Аз ин рӯ, мутолиаву аз худ кардани муҳтавои китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров қарзи фарзандии ҳар яки мост.