Бо мақсади амалӣ кардани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба роҳандозии робитаи илм бо истеҳсолот ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ семинари амалӣ оид ба идоракунии лоиҳаҳо баргузор гардид. Дар семинар мутахассиси варзидаи ширкати “Фаровон” оид ба тарҳрезии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи иқтисодиёт Мақсудҷон Орипов иштирок ва суханрони карда, методологияи тарҳрезии лоиҳаҳои инноватсионӣ, тарзи таҳия ва роҳандозии лоиҳаҳо, назорати иҷро ва бурду бохти онҳоро дар соҳаҳои иқтисодиёт ба донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси менеҷмент баён намуд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»