«Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома»
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба таҳаввулоти ҷиддӣ шарафёб шуданд ва дар кишвар созандагию бунёдкорӣ авҷу суръат дарёфт. Дар радифи соҳаҳои дигар табъу нашр ба марҳалаи тоза ворид гардида, ба тадриҷ вусъат пайдо кард. Ҳоло дар диёри арҷмандамон марказҳои табъу нашр, нашриёту матбааҳои зиёде фаъолият доранд, ки ба қадри имкону тавон бо чопи адабиёти гуногуни илмию сиёсӣ ва бадеию иттилоотӣ ба такомули маънавию фарҳангии сокинони кишвар мусоидат мекунанд.
Аз ин миён фаъолияти Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик шоистаи таваҷҷуҳи махсус аст. Ин муассиса, бавижа, солҳои охир домани фаъолияташро боз ҳам густариш бахшида, ба чопи беҳтарину заруртарин китобҳо муваффақ гардидааст. Бо ибтикори муассисаи мазкур аз соли 2011 то ба имрӯз 10 ҷилди китоби бузургҳаҷми «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (ҳар ҷилд беш аз 40 ҷузъи чопӣ ва беш аз 600 сафҳа) ба нашр расидаву боз чандин ҷилди дигар омодаи чоп аст. Кори бузурги дигари Энсиклопедияи миллии тоҷик (ЭМТ) пешкаши хонандагон кардани китоби бисёрҷилдаи «Фарҳанги миллии тоҷик» мебошад, ки то ҳол чаҳор ҷилди он ба дасти муштариён расидааст. Чопи китобҳои «Донишномаи забони тоҷикӣ», «Донишномаи кӯдакон ва наврасон», «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик», «Ахтаршиносӣ»… боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу эътибори ЭМТ миёни аҳли кишвар гардид. Дар ситоишу тавсифи ҳар яке аз ин китобҳои муътабар метавон сухани зиёд гуфт, вале алҳол азми сухане чанд перомуни китоби «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома» гуфтанро дорем. Ин китоби ҳаҷман бузург (698 саҳифа ва беш аз 40 ҷузъи чопӣ) ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст ва бешубҳа, дар қатори китобҳои рӯимизии аҳли илму адаб қарор хоҳад дошт. Ин бори аввал аст, ки дар бораи Ватани азизамон китоби энсиклопедии фарогири муҳимтарин маълумоту арқому далели асосию муътамад ба забони тоҷикӣ ба нашр мерасад. Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳимму арзишманд ноил гардид, бунёди иншооти азим ба вуқуъ пайваст, симои кишвар ба таври дилпазир тағйир ёфт, ҳадафҳои стратегии мамлакат амалӣ шуданд, нуфузу эътибори байналмилалии ҷумҳурӣ боло рафт. Ин ҳама дар «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома» инъикоси худро дар сатҳи зарурӣ дарёфтааст. Китоб аз бахшҳои «Тавсифи умумии ҷуғрофиёӣ», «Табиат ва релеф», «Сахти давлатӣ ва ҷамъиятӣ», «Таърих», «Фарҳанг», «Иқтисод», «Тандурустӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Сайёҳӣ», «Маориф», «Муассисаҳои фарҳангӣ», «Матбуот, телевизион ва радио», «Китобдорӣ», «Илм ва муассисаҳои илмӣ», «Забон ва адабиёт», «Санъат ва ҳунар» таркиб ёфтааст. Ҳар бахши мазкур оид ба комёбию рухдодҳои соҳае муҳимтарин маълумотро дар заминаи истифода аз тозатарину дақиқтарин иттилооти илмию оморӣ пешкаши ҳамагон мегарданд. Бо ҳадафи он ки хонандагон маълумоти ҳар чи комилтар дошта бошанд, дар фароварди ҳар мақола номгӯи маъхазҳои илова оварда шудааст. Дар нахустбахши китоб оид ба мавқеи ҷуғрофӣ, тақсимоти маъмурии ҳудудӣ ва аҳолии кишвар маълумоти дақиқу бунёдӣ пешниҳод гардидаст. Иттилоот дар бораи махсусиятҳои ҷуғрофии мамлакат, марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва соли таъсиси онҳо, масофа аз маркази ҳар шаҳру ноҳия то маркази вилоят ва то шаҳри Душанбе барои хонандагон ҷолибу зарурӣ хоҳад буд.
«Тоҷикистон аз рӯи хусусияти сатҳи замин кишвари кӯҳсор бо баландиҳои аз 300 то 7495 м мебошад. 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо ишғол менамоянд, ки ба системаи кӯҳҳои балантарини Осиёи Марказӣ — Тиёншон ва Помир мансубанд. Тақрибан нисфи ҳудуди Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3000 м ҷойгир шудааст», — бо чунин маълумоти муҳим оғоз мепазирад бахши «Табиат ва релеф»-и китоб. Ин бахш хонандагонро ба сайри муассиру нишотбахши диёр мебарад ва эҳтиромафзои онҳо нисбат ба зебоиҳову дороиҳои камназири Ватан мегардад.
Яке аз бахшҳои меҳварии китоб «Сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ» ба шумор меравад. Он бахшест, ки ба такмили дониши сиёсии ҳамагон мусоидат мекунад ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати дорои сохтори комилу устувору ҳуқуқбунёд муаррифӣ менамояд. Аз ин бахш хонандагон ба бисёр суолҳои худ (аз сохти давлатию шакли идорӣ, қонунгузорию рамзҳои давлатӣ то вазорату кумитаҳо ва ҳизбу созмону ҷамъиятҳо) посух дармеёбанд.
Бахши «Таърих» ҳам басо ҷолибу пурмуҳтавост. Ин бахш дар асл рисолаеро мемонад, ки муҳимтарин маълумотро оид ба таърихи халқи тоҷик ба хонандагон мерасонад. Тавассути ин бахш иттилои саҳеҳу асосӣ оид ба таърихи тоҷикон (аз ҷамъияти ибтидоию давлатҳои бостонии ориёӣ то таъсиси давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон) маълумот пешниҳод мешавад.
Яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бахшҳои китоби «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома» «Маориф» ном гирифтааст. Он бо иттилои зер оғоз дарёфтааст: «Тоҷикистон аз мардумони қадими Осиёи Марказӣ мебошанд, ки фарҳанги бостонӣ ва муассисаҳои таълиму тарбияи дар замони қадим ва ибтидои асрҳои миёна ташаккулёфта (дабистон, дабиристон ва ғ.) доштанд.
Мактабҳо дар назди дарбор (макотиби дарборӣ, шоҳӣ) ва маъбад (макотиби коҳинӣ) ташкил мешуданд… Дар асрҳои миёна низоми таълиму тарбия дар шакли мактабу мадрасаҳо, ки барои омӯзонидани шариати ислом ва дар дигар улуми мутадовили вақт ҷорӣ буд, амал менамуд». Акнун ин иттилоъро бо маълумоти дар идомаи бахш вобаста ба имрӯзи Тоҷикистон овардашуда ба муқоиса мекашем: «Дар даврони истиқлол кӯшишҳо ба дигаргунсозии мазмуну моҳияти таълим дар замони нав, баҳри ворид шудан ва фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва шаклгирии мактаби миллӣ равона гардида, як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд. Масъалаҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф аз 5 зинаи асосӣ иборатанд: таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ; олии касбӣ; олии касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ. Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот муқаррар карда шудаанд… Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тибқи Стандарти таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 августи соли 2015) ба роҳ монда мешавад». Бинед, тавофут аз куҷо то ба куҷост! Воқеан имрӯз ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ҷаҳиши бузург ба амал омадааст ва пайваста кӯшиш бар он мешавад, ки таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ ҳар чӣ бештар ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат дошта бошад. Дар ин бахш иттилоъ дода мешавад, ки ҳоло дар кишвар 3911 мактаби таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла 151 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ, 549 мактаби ибтидоӣ, 702 мактаби асосӣ, 2490 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (12 мактаби ғайридавлатӣ), 58 литсей (6 литсейи ғайридавлатӣ), 74 мактаб-интернат (11 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ), 9 мактаби президентӣ фаъолият мекунад. Теъдоди умумии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилотии умумӣ зиёда аз 130 465 нафар (аз ин шумора бештар аз 60 000 зан) аст. Аз ин шумора 96 386 нафар (54 350 зан) таҳсилоти олӣ ва 30 321 нафар (21 726 зан) таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд…
Дар бахши «Маориф», ҳамчунин, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, тарбияи томактабӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, такмили ихтисос, робитаҳои байналмилалӣ, муассисаҳои асосии илмӣ, пажуҳишӣ ва таълимии соҳа маълумоти фишурда оварда шудааст.
Маълум, ки маориф дар ҳар кишвар мавқеи марказию калидӣ дорад, муҳимтарин омили рушди мамлакат, кафолати шукуфоии имрӯзу фардои он дониставу эътироф мешавад. Бавижа, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз таваҷҷуҳи махсусу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат бархурдор аст. Дар иртибот ба ин вазъ чунин ба назар мерасад, ки бахши «Маориф»-и китоби мавриди баррасии мо хеле фишурда аст ва маълумоти зиёди муҳим, чун сохтори Вазорати маориф ва илм, ҷоизаву нишону унвонҳои соҳа, комёбиҳои устодону хонандагон дар арсаи ҷаҳонӣ, омӯзгорони варзидаву соҳибтаҷриба ва эҷодкор, корбасти усулҳои фаъоли таълим, муҷаҳҳазсозии таълимгоҳҳо бо технологияҳои навин… аз доираи назари муаллифон дур мондаанд. Маълумоти китоб оид ба дастуру китобҳои дарсӣ ва фаъолияти табъу нашри вазорат низ хеле нокомил аст. Дар бораи нашрияҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Масъалаҳои методикаи таълим» ва «Пайрав» ба ҳадди ақал зикри ном ҳам наомадааст. Хонандагон аз китоб оид ба Академияи таҳсилот ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз сохторҳои муҳим дар таркиби Вазорати маориф ва илманд, маълумот дарёфта наметавонанд…
Китоби энсиклопедии «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома» бо суратҳои рангаи зиёд ва бо ҷадвалу нақшаҳои оморӣ оид ба соҳаҳои ҳаёти мамлакат оро додаву мукаммал карда шудааст, ки ин аҳаммияти онро боз ҳам меафзояд. Нашри ин китобро метавон ҳамчун рухдоди таърихӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон пазируфт. Он бо кӯшишу заҳмати бардавому босамари кормандони ЭМТ ва муаллифони алоҳида ба чоп омода шудааст. Таассуф аз он дорем, ки чунин китоби муҳим, китобе, ки доштанаш барои ҳар фарди соҳибзавқу ватандӯсти кишвар, барои ҳар як идораву муассисаи мамлакат (албатта, барои кулли китобхонҳо) зарур дониста мешавад, ҳамагӣ бо теъдоди 2000 нусха ба чоп расидааст. Охир, танҳо шумори мактабҳои миёнаву коллеҷу донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриамон беш аз 5000-ро ташкил медиҳад…
Абдурауф Муродӣ,
«Омӯзгор»
