КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2023-2024 АЗ РӮИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕР ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №630 дар заминаи литсейи технологии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.
Айни замон дар коллеҷ 2 факултет, 1 шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 1 шуъбаи таҳсилоти ғоибона, 9 кафедра аз рӯи 15 ихтисос фаъолият менамоянд. МДТ «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» қабули довталабонро дар зинаи синфи 9 ва 11 тариқи имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд. Таҳсил дар шуъбаи рӯзона ба муҳлати 3 сол ва 4 сол, ҳамзамон, дар шуъбаи таҳсилоти ғоибона бо муҳлати 3 сол ба роҳ монда шудааст. Барои таъмин намудани донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ, инчунин, ҷалб намудани онҳо ба китобхонӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши онҳо дар коллеҷ китобхонаи илмӣ ва электронӣ фаъолият менамояд, ки донишҷӯён дар раванди таълим мустақиман аз он истифода мебаранд.
Ҳамзамон, барои донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ барои таҳсил ба коллеҷ омада, дар маҳалли ҷойгиршавии коллеҷ ҷои истиқоматии доимӣ надоранд, бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.
Бо мақсади фароҳам овардани беҳтарин шароити зист барои донишҷӯён хобгоҳ бо рахти хоб ва лавозимоти ҷойи хоб, толори фарҳангӣ барои чорабиниҳо ва ҷаласаҳо, ҳуҷраи алоҳида барои хӯрокпазии донишҷӯён таъмин мебошад.
Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба муҳлати 3-моҳа ташкил карда шудааст, ки савияи забондонии донишҷӯён ва баланд бардоштани маърифати онҳоро афзун менамояд.
МДТ «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» барои пайваст намудани илм ва истеҳсолот оид ба баргузории таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту идораҳои давлатӣ шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонида, донишҷӯён дар вақтҳои муайянгардида барои ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.
Эзоҳ: дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳсил баъд аз хатми синфи 9-ум 2 сол ва баъд аз хатми синфи 11-ум 1 сол аст.
Барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати забономӯзӣ ва омӯзиши касбу ҳунар курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил шудааст.
Нишонии мо: ш.Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 48/32
Телефон барои маълумот: 2-34-58-08; 90-844-09-44
Сомонаи мо: www.tkd.tj
Саҳифаи мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook:
МДТ «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе»