1874 МУТАХАССИСИ НАВ

Дар нишасти матбуотии  Донишгоҳи  давлатии  тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ  ибни Сино  ректори  он, профессор Маҳмадшоҳ  Гулзода  ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ оид ба фаъолияти солонаи донишгоҳ ва нақшаҳо дар нимсолаи аввали соли хониши  2023 маълумот дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта донишгоҳ 1874 мутахассиси соҳаи  тандурустиро тайёр намуд, ки аз онҳо 1518 нафарашон  шаҳрвандони мамлакат ва 356 нафари дигар хатмкардагони  хориҷӣ  аз нуҳ давлати ҷаҳон  мебошанд.
Бино ба таъкиди ректор, дар соли гузашта роҳбарияти донишгоҳ барои таъмини таҳсилоти босифат ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълимдиҳӣ дар ҷараёни таҳсилот ба андешидани чораҳои иловагӣ аҳамияти бештар зоҳир  намуд.
Бо мақсади таъмини таҳсилоти ҷавобгӯ ба талаботи Стандартҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи  муосир ва расидан ба ҳадафҳои мазкур корҳои зиёди судманд ба сомон расонида шудааст. Вобаста ба ин, дар донишгоҳ гурӯҳи  корӣ таъсис ёфта, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ стандарт ва барномаҳои таълимӣ аз рӯйи панҷ ихтисосе, ки дар донишгоҳ ҳаст, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудаанд. Бо назардошти  нишондодҳои асосии Стандарти таҳсилоти умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ барномаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳо мукаммал гардонда шудааст.
Ректори муассиса М. Гулзода афзуд, ки дар соли гузашта теъдоди донишҷӯён  12189 нафарро ташкил дод. Бо теъдоди муҳассилини баъдидипломии  илмӣ ва муолиҷавӣ  ҷамъи     донишҷӯён 13397 нафаро ташкил дод. Имрӯз дар донишгоҳ аз рӯйи панҷ ихтисос – кори табобатӣ, педиатрия, ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа, стоматология ва форматсия мутахассис тайёр карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар баробари ин, фазои таълимӣ бештар бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанада 63, 7 фисадро ташкил додааст.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби раёсати  донишгоҳ бо зиёда аз ҳафтод муассисаи  илмию таълимӣ ва ташкилотҳои  хориҷӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст. Имрӯз донишгоҳ бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷа  ҳамкориҳои зич дорад. Дар соли гузашта 21 нафар устоди донишгоҳ барои ширкат дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба ин давлатҳо сафар намуданд.
Рӯзноманигорон, ҳамчунин, ба дигар паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. 

Ҳотами  ҲОМИД,
«Омӯзгор»