МАСТЧОҲ: ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ НИГАРОНКУНАНДА АСТ

Дар ноҳияи Мастчоҳ 11 муассисаи давлатии таълимии томактабии давлатӣ ва 2  хусусӣ (бо номҳои “Ваҳдат” ва “Насли Ориё”) бо фарогирии 1435 нафар кӯдак, дар 67 гурӯҳ фаъолият доранд.
Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан ба вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Мастчоҳ бо масъулини шуъбаи маорифи ноҳия перомуни дастоварду комёбиҳо ва мушкилоти онҳо суҳбат намудем. Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Қудратбек Сафаров иброз дошт, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони се бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ (дар маҳаллаи Ганҷободи ҷамоати шаҳраки Суғдиён 3 синфхона барои 90 нафар кӯдак аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, дар маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Оббурдон, дар АХД Фирдавсӣ 10 синфхона барои 240 нафар аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо маблағи 2 миллион сомонӣ) ба нақша гирифта шудааст. Ҳуҷҷатгузории бунёди кӯдакистони хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Комилҷон Муъминов дар ҷамоати деҳоти Оббурдон барои 72 нафар омода гардида, баъди тасдиқ сохтмон оғоз хоҳад гашт. Бо бунёди ин муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ вазъи фарогирии кӯдакон беҳтар хоҳад гашт. Имрӯз дар ноҳия фарогирӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 12,6 фоизро ташкил медиҳад ва 117 нафар кӯдак барои қабул ба кӯдакистонҳо дар навбат истодаанд.
Мутаассифона, иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025” дар ноҳия нигаронкунанда аст ва ин дар ҳолест, ки аксари маҳаллаҳои ҷамоатҳо ба кӯдакистонҳо ниёз доранд. Имрӯз дар маҳаллаҳои АХД Сомониён, Зарафшон, Юсуф Вафо, Фирдавсӣ, Файзӣ Султон, Дӯстӣ ва Файзободи ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳор кӯдакистон мавҷуд нест ва сохтмони ягон муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта нашудааст.
Мушовири кӯдакистонҳои шуъбаи маорифи ноҳия Шарифамоҳ Азизова зикр намуд, ки барои баргузории машғулиятҳо китобу дастурҳо нокифоя буда, китобҳои рангаи бачагона низ дастрас нест. Маблағи пардохти маблағ барои хӯроки кӯдакон ҳамагӣ 68 сомониро ташкил медиҳад, ки дар шароити болоравии нарху наво басанда намебошад. Бо вуҷуди ин, дастовардҳои мураббиёну тарбиятгарони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия назаррас аст. Дар озмуни вилоятии “Мураббии сол” мураббияи кӯдакистони №7 Манзура Шарифова сазовори мақоми дуюм гардид. Дар озмуни “Шукуфаҳои истиқлол” тарбиятгари кӯдакистони №1 Сумая Саидмирзоева мақоми дуюмро мушарраф шуд ва ҳамчунин, баргузории озмуни “Луғатдони беҳтарин” байни мураббияҳо ба нақша гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ аз ҳисоби маблағҳои соҳаи маориф ба кӯдакистонҳо ноутбукҳои навъи “Леново” тақдим ва 400  адад бистар, 400 адад болишт ва 400 адад рӯйпӯш дастрас гардидааст.
Дар воқеъ, нарасидани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари маҳаллаҳои ҷамоатҳои ноҳияи Мастчоҳ сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ паст менамояд. Аз ин рӯ, барои  бартараф намудани  мушкилоти  мазкур тадбирҳои  судманд андешида шавад ва иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои солҳои  2020-2025” таъмин гардад.

Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”