Мутобиқи низомнома дар мактабҳо ҳар як китоб муддати се сол ба иҷора дода мешавад ва баъди он ин китоб дар ихтиёри мактаб мемонад. Мактаб низ онро ба иҷора дода, танҳо нисфи маблағи онро мерӯёнад. Яъне, агар китобро то се сол бо нархи 4 сомонӣ ба иҷора дода бошанд, чун ба ихтиёри мактаб гузашт, онро бо нархи 2 сомонӣ ба иҷора медиҳанд. Ин маблағ ба фонди ғайрибуҷавии мактаб, ё суратҳисобаш мегузарад. Ҳамчунин 5% аз ҳисоби маблағи иҷора бояд ҳаққи китобдор бошад, фоизи муайяни китобҳои дарсӣ мутобиқи низомнома ба хонандагон аз оилаҳои камбизоат ройгон дода мешаванд. Вале асли матлаб ин аст, ки солҳо боз қарзи мактабҳо кам нашуда, баръакс сол ба сол рӯ ба афзудан дорад. Чаро? Албатта, сабабҳо ҳастанд, аммо муҳимтаринашон, ба фикри мо, инҳоянд:
- Солҳои аввал ба иҷора додани китобҳои дарсӣ тартибу низоми муайян надошт. Аксаран китобҳоро бе борхату дигар санади лозимӣ месупурданду қабул мекарданд, яъне дар ибтидо, ки ҳисобу китоб дуруст ва аниқ роҳандозӣ нагардид, мушкилиҳо ба миён омаданд.
- Давоми ин солҳо, махсусан, солҳои аввал шахсони мутасаддӣ дар шуъбаҳои маорифу мактабҳо, ки китобро месупурданд, ё қабул мекарданд, чандин бор иваз шуданд, ё ба кори дигар гузаштанд, ё ҷойи дигар рафтанд, иддае даргузаштанд. Боз ҳамон “хишти аввал…” ба хотир меояд, акнун маълум нест, ки масъулияти қабули китоб, ё пардохти маблағи иҷораи он дар он солҳо дар гардани кист? Ин печидагӣ ба афзудани қарзи китоб сабаб шуд.
- То соли 2012 китоби дарсиро бо дарназардошти шумораи хонанда нашр мекарданд, ки низ баъзе ҷиҳатҳои манфӣ дошт. Аз ҷумла, давоми солҳо бисёр оилаҳо ҷойи дигар кӯчиданд, ё ба муҳоҷират рафтанд. Дар натиҷа дар бисёр мактабҳо китоби дарсӣ аз шумораи хонанда зиёдатӣ мекард. Яъне, миқдори муайяни китобҳои дарсӣ ба иҷора дода нашуданд ва аз ин ҷо як сабаби афзудани қарз ҳамин аст. Китоб ба иҷора нарафта бошад ҳам, пулашро хоҳ – нохоҳ аз мактаб меситонанд. Дигар, баъзе номгӯйи китобҳои дарсӣ ба як қатор мактабҳо зиёд ва баръакс, ба баъзе муассисаҳои таълимӣ кам ворид мегаштанд. Аз ин ҷо дар ҳар ду гурӯҳи мактабҳо нақшаи пардохти маблағи иҷора иҷро намешуд.
- Давоми ин солҳо баъзе фанҳоро аз нақшаи таълимӣ бароварданд, ба дунболи ин китобҳои дарсӣ дар китобхонаҳои мактаб мондаву истифода нашуданд. Бо вуҷуди ин, маблағи иҷораи ин китобҳоро пардохт кардан лозим меояд, зеро дар нашри ин ё он китоб маблағи муайян масраф гардидааст ва он бояд пардохта шавад.
- Китобҳое ба нашр расиданд, ки ба барномаи таълимӣ мувофиқат намекарданд ва аз ин рӯ, онҳо ба мактабу хонанда дигар даркор набуданд, аммо боз маблағашон чун қарз мемонд.
- Аз соли 2012 ин тараф китобҳои дарсиро дар асоси дархости шуъбаҳои маориф дастрас мекунанд, вале бо ин тадбир ҳам қарз адо нашуд, зеро қарзи солҳои пеш хеле зиёд аст.
Ҳамаи ин сабабҳо боис гаштанд, ки маблағи қарз афзун гардад ва пардохти қарз мушкилиҳо пеш орад. Ин вазъ қариб дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мегардад. Ҷое, ки пул аст, он ҳисоб мехоҳад, вақте аз аввал ин ҳисоб аниқу дуруст набуд, ба ин ҳол оварда расонд.
Дар вилояти мо танҳо шаҳри Хоруғ то солҳои наздик қарздор набуд, зеро бо ин кор мутахассиси варзидаи соҳаи маориф Озодбек Паллаев (ҳоло нафақахӯр) аз ибтидо сару кор гирифта буд ва ҳисобу китобаш чунон дақиқу дуруст буд, ки ҳатто дурустии ҳисобу китобашро дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт.
Аз ин рӯ, ҳаллу фасли ин масъала кори осон нест ва шуъбаҳои маорифу мактабҳо ҳам яку якбора тавону имкони пардохти қарзи маблағи иҷораи китобҳои дарсиро надоранд. Аз ҷониби дигар, ҳар соли таҳсил мактабҳо китоб қабул мекунанд ва ба ин қарз боз маблағи муайяне изофа мегардад. Агар мактаб қарзи пештараро пардохт намояд, наваш мемонад ва баръакс.
Танҳо ҳаминаш мемонад, ки мактабҳо ҳисобу китобашонро сари ин масъала то ҳадди имкон аниқ намоянд ва шуъбаҳои маориф ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд, ки маблағи китобҳои зиёдатӣ, аз нақшаи таълимӣ баровардашуда ва ба барномаи таълимӣ мувофиқнабударо аз қарзи мавҷуда тарҳ кунанд.
Ҷангибеки Улфатшоҳ,
ВМКБ