Тайи солҳои охир таваҷҷуҳ ба соҳаи таҳсилоти касбӣ афзун гардидааст. Ҳадафи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ низ ривоҷ додани касбҳои коргарист.
Зимни суҳбат бо директори муассисаи давлатии таълимиии коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, номзади илми техникӣ Наҷибулло Рабизода маълум гардид, ки имрӯз дар коллеҷ 168 нафар омӯзгору корманд фаъолият менамоянд, ки бештар аз панҷоҳ фисадашон ҷавонони то синни 35–ро ташкил медиҳад. Аз байни эшон ҳафт нафар бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Омӯзгорони асосӣ 64 нафар буда, дар байни онҳо ду нафар соҳиби унвонҳои номзади илм ва дотсентонанд.
Яке аз шаклҳои асосии баланд бардоштани донишҳои тахассусӣ, бозомӯзии касбӣ ва аз курси такмили ихтисос гузаштани омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, нақшаи дурнамои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандону омӯзгорони коллеҷ таҳия гардидааст, ки дар давоми солҳои 2021 – 2025 онҳо аз курси такмили ихтисос ба таври пурра мегузаранд. Аллакай тибқи ин нақша, соли гузашта 15 нафар омӯзгор аз ин курсҳо бомуваффақият гузаштанд.
Имрӯз дар коллеҷ аз рӯйи 15 ихтисос (тариқи шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона) мутахассис тайёр карда мешавад. Барои бо донишҳои замонавӣ таъмин гардондани шогирдон чилу як синфхона, чор устохонаи таълимӣ, як китобхонаи электронӣ ва як синфхонаи компютерӣ, ду маркази тестиву як маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва як синфхонаи лингофонӣ ба ихтиёри онҳо гузошта шудааст. Дар маҷмуъ, ҳамаи синфхонаю устохонаҳои таълими истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо бо 119 компютер, 16 тахтаи электронӣ, 32 принтер, 21 видеопроектор ва дигар воситаҳои техникию таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд.
— Воқеан, агар фаъолияти кор дар ҳар кадом муассисаи таълимӣ ба таври даркорӣ ба роҳ монда шавад, он гоҳ маъмурият ба мақсади худ мерасад, — иброз медорад директор. – Ин аст, ки назорат дар ду факултет – факултетҳои технология ва иқтисодиёт ва муҳандисӣ – омӯзгорӣ, ҳамчунин, дар кафедраҳои филология, методикаи таълими истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ, табиию риёзӣ, энергетика ва нақлиёти автомобилӣ ва технологияи иттилоотӣ ва дизайн зери назари бевоситаи маъмурият қарор дошта, ҳар замон деканҳо ва мудирони кафедраҳо аз фаъолияти худ иттилоъ медиҳанд.
Танҳо дар соли таҳсили 2022 – 2023 теъдоди донишҷӯёни коллеҷ 944 нафарро ташкил додааст, ки аз инҳо 696 нафар дар шуъбаи рӯзна ва 248 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил намуданд. Дар баробари ин, дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 105 нафар барқарор гардида, 135 нафар донишҷӯ бо сабабҳои қарздории академӣ, интиқол ба дигар муассисаи таълимии касбӣ ва бо хоҳиши худ аз коллеҷ хориҷ шуданд.
Бино ба иттилои директори коллеҷ Н. Рабизода, маъмурияти муассиса барои дар оянда соҳиби ҷойи кор гардидани шогирдон бетараф нест. Дар соли таҳсили гузашта коллеҷро дар ҳар ду зинаи таҳсилот – рӯзона ва ғоибона 123 нафар хатм намуданд, ки аз инҳо 41 нафарашонро духтарон ташкил доданд. Тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли гузашта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 дар доираи талаботи «Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ба роҳ монда шудааст. Аз шумораи умумии хатмкардагони коллеҷ, тибқи пайгирии кормандони шуъбаи таълим ҳашт нафар 32 нафар ба кор таъмин гардидаанд.
Чунонки роҳбари муассиса гуфт, маъмурият интизоми меҳнатро дар мадди аввал гузошта бошад ҳам, баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки касро ба ташвиш меорад. Яке аз чунин амалҳои ношоиста дар соли таҳсили 2022 – 2023 дарсшикании бархе аз омӯзгорон ва худсарона иваз намудани дарсҳо мебошад. Ин, албатта, аз бемасъулиятии як қисми мудирони кафедраҳост. Масалан, дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022 сиву ҳашт ҳолати дарсшиканӣ ва дарсивазкунӣ аз ҷониби омӯзгорон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳашт нафари онҳо мувофиқи хулосаи қисми таълим ва ҳуқуқшиноси коллеҷ муҷозоти интизомӣ дар шакли «сарзаниш» эълон гардида, нисбат ба чор нафари онҳо шартномаи меҳнатӣ қатъ карда шуд. Албатта, ин гуна худсариҳо ба низоми таълим халал ворид намуда, ба сифати таҳсил таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, маъмурияти коллеҷ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот минбаъд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, дар соли таҳсили ҷорӣ «Барномаи идоракунии сифати таҳсилот»-ро таҳия ва тасдиқ намудааст. Тибқи барномаи мазкур дар ҳар се моҳ дар масъалаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот мониторинг гузаронида мешавад. Бино ба гуфтаи директор, сифати таҳсилот нисбат ба солҳои пеншин беҳтар гардида бошад ҳам, вале ин нишондиҳандаҳо маъмурияти коллеҷро қаноатманд намекунад.
Вобаста ба ҳидоятҳои Роҳбари кишвар, ки дар Паёми навбатияшон зикр шудаанд, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳал дар ёздаҳ шаҳру ноҳияи ҷумҳуриамон аллакай дар муассиса қабули шунавандагонро дар курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи касбҳои туроператор, ошпаз – қаннод, роҳбалад, дӯзанда, турагент, кӯҳнавард, асосҳои омӯзиши компютер, ронандаи автомобили дараҷаи «В», монтёри барқӣ, механики барқӣ оид ба хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти сардкунанда ва муътадилгардонии ҳаво, кафшергари барқӣ, пешхизмати меҳмонхонаро ба роҳ мондем, ки бештар аз сад нафар номнавис гардидаву ба курсҳо фаро гирифта шуданд.
Дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 312 адад аз рӯйи се номгӯйи китоб ба маблағи 6656 сомонӣ ва аз ҷониби ДДТ ба номи академик М. С. Осимӣ 486 адад китоби тахассусӣ ва умумитехникӣ ба фонди китобхонаи коллеҷ ба таври ройгон ворид карда шуд. Дар баробари ин, коллеҷ соли гузашта барои таъмин намудани донишҷӯён бо китобои дарсӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 560 адад китоби таълимӣ ва умумитехникӣ ба коллеҷ ворид гардид.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»