ВАЗЪИ ТАЪЛИМГОҲҲО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

18.01.2023 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода бо мақсади шиносоӣ ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба оғози чоряки сеюм ва зимистонгузаронӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат дидан намуд.
Зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 маълум гардид, ки аз 56 нафар омӯзгор 25 нафар дар ҷойи кор ҳозир буда, ҳуҷҷатгузории худро ба танзим медароварданд. Бинои муассисаи таълимӣ соли 1975 барои 620 нафар хонанда сохта шуда, айни ҳол 1739 нафар хонанда дар он таҳсил менамояд. Бинобар сабаби норасоии ҷойи нишаст таҳхонаи бино низ чун синфхонаи таълимӣ истифода мешавад. Маъмурияти муассисаи таълимӣ иброз доштанд, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вобаста ба вазъияти мазкур расман муроҷиат намуданд, вале то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст.
Мутаассифона, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, гарчанде шурои педагогӣ гузаронида шавад ҳам, масъалаҳои мубрами соҳа, ба мисли натиҷаи фаъолияти гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, мониторинги азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар нимсола ва сатҳу сифати дониши хонандагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ мавриди баррасӣ қарор дода нашудааст.
Дар муассисаи таълимии №20 низ омӯзгорон, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, машғули гузаронидани корҳои методӣ буданд. Муовини вазир аз иштироки ками хонандагони муассиса дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ғайриихтисос фаъолият намудани омӯзгорон, ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудани иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба омӯзиши луғати вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ» изҳори нигаронӣ намуда, вобаста ба омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, самаранок ва бо усулҳои муосир доир намудани машғулиятҳо дар асоси таҷриба ва мисолҳои ҳаётӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №146 коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ба таври зарурӣ набуда, саҳни ҳавлӣ, роҳрав, атрофи муассиса ва дарахтон аз барф тоза карда нашудаанд. Мутаассифона, дар муассисаи мазкур китоби фармоишҳои директор ва китоби шурои педагогӣ аз моҳи сентябр ба таври расмӣ пур карда нашудааст. Гӯшаҳо дар хонаи омӯзгорон холӣ буда, баъзеи он аз соли 2021 то имрӯз нав нашудааст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, ки дар он наздики 2000 нафар хонанда таҳсил менамояд, 58 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд. Зимни ташрифи муовини вазири маориф ва илм аксари омӯзгорон дар ҷойи кор ба таҳияи нақшаҳои тақвимӣ ва пур намудани журналҳои синфӣ машғул буданд. Дар ин муассиса низ оид ба иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, фаъолияти гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ва зиёд намудани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм