Дар идораи ҳафтаномаи «Омӯзгор» 12 январи соли равон бо иштироки муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода ва сардори раёсати кадрҳои вазорат Ҳикматулло Саидзода ҷаласаи васеи кормандони ҳафтанома баргузор гашт. Дар оғоз муовини якуми вазир ба аҳли ҷаласа бо фармони вазири маориф ва илм дар бораи аз вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» озод кардани Ноилшоҳ Нурализода ва ба ин вазифа иҷрокунанда таъйин намудани Дилафрӯз Қурбонзодаро қироат кард.
Муовини вазир зикр намуд, ки Н.Нурализода беш аз даҳ сол дар ин вазифа кор кард ва фаъолияти пурмаҳсулу фарогир дошт. Таҳти роҳбарии ӯ нашрия аз нигоҳи мазмуну муҳтаво такмил ёфт, сатҳу сифати нигоштаҳо беҳтар гашт, теъдоди муштариён афзуд ва аз лиҳози ороишу бандубаст низ рангу ҷилои тоза пазируфт. Дар идораи нашрия як гурӯҳ қаламкашони соҳибистеъдод гирд омаданд ва ин ҷо муҳити гарму самимии корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун Н.Нурализода бо истифода аз таҷрибаи ҳосилкардааш фаъолияташро дар бахшҳои дигари Вазорати маориф ва илм идома хоҳад бахшид.
Сармуҳаррири нави ҳафтанома Дилафрӯз Қурбонзода қаламкаши шинохтаву соҳибистеъдод аст. Қаблан дар идораҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, аз ҷумла, дар нашрияи «Омӯзгор» кор кардаву таҷриба андӯхтааст, обрӯю эҳтиром пайдо кардааст. Бовар дорем, ки таҳти роҳбарии ӯ ҳафтанома аз ҳар ҷиҳат, махсусан, аз нигоҳи муҳтаво ва фарогирии мавзуъҳо боз ҳам такмил меёбад ва доираи хонандагонаш низ васеътар мегардад.
Дар идомаи ҷаласа ҷонишини сармуҳаррири ҳафтанома Абдурауф Муродӣ, муҳаррирони шуъба Шодӣ Раҷабзод, Ҳотами Ҳомид ва чанде дигар суханронӣ карда, ба фаъолияти Н.Нурализода баҳои баланд доданд ва ба Д.Қурбонзода фаъолияти бобарору бардавом таманно бинмуданд.
Н.Нурализода барои ҳамкории самимию фаъолияти пурсамарашон ба кормандони «Омӯзгор» арзи сипос намуд ва ваъда дод, ки ҳамкорию иртиботашро бо ҳафтанома устувор нигоҳ хоҳад дошт.
Д. Қурбонзода барои бовариашон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм арзи сипос намуда, зимнан иброз дошт, ки танҳо бо ҳамкории бавусъату босамар метавонем минбаъд низ нашрияро бомуваффақият ва муҳтавоманду пурмазмун ба чоп омода намоем.
Сармуҳаррири тозатаъйин навоварию амиқандешӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмию робитаи эҷодиро ҳамчун муҳимтарин омилҳои комёбии ҳамагонӣ тавзеҳ бахшид ва изҳори боварӣ кард, ки ҳафтанома дар ин замина минбаъд боз ҳам нуфуз пайдо хоҳад намуд.
Дар фароварди ҷаласа муовини аввали вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ба сармуҳаррири нави нашрия ва ба кулли кормандони он комёбиҳои навин таманно кард.
«Омӯзгор»