Анъанаи оро додани арча ба муносибати Соли нав таърихи дерина дорад. Мухақкиқон ватани ин анъанаро Ҷумҳурии Олмон медонанд. Умуман, ин мамлакат ҳамчун ибтидои аксар анъанаҳои машҳуру макбул шинохта шудааст. Арча аз қадим байни бисёр мардуми ҷаҳон чун дарахти муқаддас эътироф гардидааст. Онро рамзи сарсабзии ҳамешагӣ, ҷовидонагӣ ва ҷавонии пойдор медонистанд ва ҳатто бовар доштанд, ки арча муҳити атроф ва хонадонро аз қувваҳои зишту ифротӣ ҳифз менамояд. Азбаски вуруди Соли нав, пеш аз ҳама, бо орзую таманниёт алоқаманд аст, ин хусусият бо пиндорҳо перомуни дарахти арча хеле мувофиқ омадааст. Асрҳо боз одамон дар Аврупо анъанаи ороиши арчаро ба истиқболи Соли нави мелодӣ пазируфтаанд.
Дар оғоз арча урён буд ва тадриҷан ба оростани он оғоз карданд, зеро зебоӣ ҳам аз таманниёти ҳамешагии одамон аст. Вақте ки ороиши арча ҳукми анъанаро гирифт, он сол то сол такмил ёфт. Масалан, дар оғоз дарахти арчаи солинавиро бо меваю хӯришҳо, масалан, чормағз, себ, кулчақандҳо, тухм ва ғайра пардоз медоданд. Минбаъд бозичаҳо, ашёи ҷилодор, шилшилаҳо, шаклҳои гуногуни аз коғаз сохта, шохаи дарахтон ва ғайра дар арча мавқеъ пайдо карданд. Мепиндоштанд, ки арча ҳар қадар бештар оро дода шавад, Соли нав ҳамон кадар зебову гуворою пуртантана хоҳад шуд.
Анъанаи арчагузорӣ дар Соли нав аз Аврупо ба Шарқ ҳам омад. Шарқиён ин анъанаро асосан аз ибтидои асри бистум ба ҷаҳони ҷашнвораҳои хеш ворид намуданд. Тоҷикон низ аз оғози нимаи дуюми асри гузашта ба таври фаъол арчаву ороиши онро рамзи Соли нави мелодӣ пазируфтанд. Ҳар сол дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва дар хонадони зиёде арча оро дода мешавад. Тоҷикон ҳамасола Соли нави мелодиро бо орзуҳои нек ва шукӯҳу тантана истиқбол мегиранд.
Бовар ҳаст, ки имсол низ онро ҳамин тавр пешвоз мегирему соли 2023 ба мо хушбахтиҳо меорад.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»