Дар филиали ДҶТИБКСМ дар шаҳри Бохтар бо ширкати узви вобастаи АТТ, мутахассиси пешбари Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, муаллифи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои 7-8 ва 10 ва яке аз таҳиягарони стандарт ва барномаи забони тоҷикӣ Сайдамир Аминов ва гурӯҳи омӯзгорони забону адабиёт, ки аз курси бозомӯзӣ мегузаранд, мизи гирд баргузор гардид. Дар он сухан асосан дар бораи роҳҳои баланд бардоштани таълими фанни забони тоҷикӣ, истифодаи методи дилхоҳ, мувофиқати китобҳои дарсии забони тоҷикӣ ба стандарту барномаи забони тоҷикӣ, баъзе масъалаҳои мушкилоти имлои забони тоҷикӣ ва як қатор масъалаҳои мубрами соҳа сухан рафт. Китобҳои таълифкардаи олими шинохта С. Аминов, ки онҳоро муаллиф тибқи талабот ҳамеша таҷдиди назар менамояд, солҳо боз мавриди истифодаи омӯзгорону хонандагон қарор доранд.
-Баргузории чунин як мизи гирд, ки дар он омӯзгорони фанни забону адабиёт ширкат доранд, воқеаи хурсандибахш аст,- рӯ овард ба ҳозирон С. Аминов. -Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро дар сиёсати худ соҳаи афзалиятнок ҳисобида, тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, ки сифати таҳсилот дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Ин ғамхориҳо мо, аҳли маорифи кишварро водор менамояд, ки кори таълиму тарбияро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, насли навини ҷомеаро босавод ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба камол расонем. Аз забони омӯзгорон садо дод, ки дар кори онҳо дар баробари муваффақиятҳо боз камбудиҳои ҷузъӣ вуҷуд доранд, ки бояд ислоҳи худро ёбанд. Аз ҷумла, баъзе стандартҳои фаннию барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ дорои нуқсонҳои ҷиддӣ буда, ин ба пешравии сифати таҳсилот мамониат мерасонад. Ба назар чунин мерасад, ки стандартҳои фанни забони тоҷикӣ барои синфҳои ибтидоӣ ва синфҳои 5-11 нашри солҳои пешин дурусттар будаанду аз лиҳози илмӣ қавитар. Китобҳои забони тоҷикии синфҳои болоӣ ба истиснои забони тоҷикӣ барои синфи 11 тамоил ба беҳтаршавӣ доранд, дар чанде аз онҳо муносибати коммуникативӣ ва функсионалӣ ба таълими грамматика мавқеи устувор пайдо кардаанд ва китобҳои забони тоҷикии синфҳои 7,8 ва 10 дар панҷ ноҳияи пилотию дар чор шаҳр яксолӣ аз озмоиш гузашта баҳои мусбат гирифта буданд. Ҳоло стандарту барномаи таълимии забони тоҷикии синфҳои 5-11 зери таҷдиди назар қарор доранд. Китобҳои дарсӣ низ бо навбат тибқи муқаррароти муайянкардаи Вазорати маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо иловаю тағйирот нашр мегарданд.
Олими шинохта С. Аминов иброз дошт, ки мушкилот дар соҳа вуҷуд дорад. Албатта, дастурҳои методӣ, луғатнома ё фарҳангҳои тафсирии мактабӣ, этимологӣ, фразеологӣ, омонимӣ, синонимӣ, антонимӣ, дастурҳои илмӣ-оммавӣ доир ба забони тоҷикӣ ва шеваҳои он, забони тоҷикӣ ва таърихи пайдоиши он барин китобҳо бояд барои хонандагони мактаб таҳия ва пешниҳод гарданд. Ба чуз китоби дарсӣ дар ихтиёри хонандагон маводи дигаре нест. Возеҳ аст, ки танҳо ба китоби дарсӣ маҳдуд гаштан имкониятҳои хондани адабиёти иловагиро маҳдуд месозад.
Ҳангоми посух гуфтан ба саволҳои ширкаткунандагони мизи гирд С. Аминов ба саволи «Ба кадом методи таълим ё равиш бартарии бештар дода шавад?», хотиррнишон сохт, ки ҳамаи методҳо хубанд, фақат бо маҳорати хос аз онҳо дар мавқеи муносиб вобаста ба сатҳи синфу шароит истифода бурдан самараи хуб медиҳанд. Самаранок гузаштани дарс аз бисёр ҷиҳат ба омӯзгор вобаста мебошад. Агар шароити олӣ ба вуҷуд ореду китоби беҳтарину васоити дидактикии гуногуни олиҷанобро дар ихтиёри омӯзгор қарор диҳед, вале ӯ кӯшиш накунад, ин ҳама ҳеҷ аст. Омӯзгоре, ки танҳо ба китоби дарсӣ маҳдуд мегардад, ӯ завқи хонандаро бедор карда наметавонад. Имрӯз мактабҳо ба омӯзгороне ниёз доранд, ки онҳо ҳамеша мутолиа мекунанд, аз мазмуни фанҳои таълимӣ тасаввурот доранд. Ҳозир китоби дарсӣ ягона сарчашмаи таълиму омӯзиш буда наметавонад. Радио, телевизион, интернет, адабиёти фаровони дидактикӣ дар забонҳои дигар, ба хусус, дар забони русӣ дастраси падару модарон ва худи хонандагон қарор дорад ва онҳо мустақилона онҳоро мутолиа мекунанд.
Бурҳон САЛМОН