«ТОҶИКОН» КИТОБИ РӮИМИЗӢ БОШАД

Банда панҷ сол ҷонишини директори мактаб, понздаҳ сол директори мактаб будам, ёздаҳ сол дар дастгоҳи шуъбаи маориф, ду сол ҳамчун роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия кор кардам ва дар маҷмуъ, 53 сол собиқаи корӣ дорам.

 Вобаста ба иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки китоби «Тоҷикон»-ро ба ҳар оилаи тоҷик туҳфа намуда, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»-ро эълон карданд, чунин пешниҳод дорам, ки зери сарпарастии Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази таълимию методии вазорат барои омӯзгорони таърихи мактабҳо тавсияҳо ё роҳнамо таҳия карда шавад. Дар он нишон дода шавад, ки вобаста ба мавзуъҳои китоби дарсӣ муаллим аз кадом саҳифаҳои китоби «Тоҷикон» дар дарс истифода бараду кадом саҳифаҳоро барои хониши беруназсинфӣ тавсия намояд.

Ин роҳнамо барои хонандагони синфҳои 5-11 басо даркор аст.

Ҳар як хонанда бояд дафтари таърих дошта бошад ва дар он маводи зарурӣ қайд шавад.

Саҳифаҳои дафтар аз рӯи чунин нақша бошад:

  1. Рақами тартибӣ,
  2. Санаҳои таърихӣ,
  3. Мавзеъҳои ҷуғрофӣ (давлатҳо, шаҳру деҳот, маҳаллаҳо),
  4. Шахсиятҳои таърихӣ (подшоҳон, лашкаркашон, олимон, адибон…),
  5. Эзоҳ (ёдгориҳои таърихӣ ё қайди дигар).

Дафтар барои як ё якчанд соли хониш пешбинӣ шуда метавонад.

Масалан, барои соли хониши 2022-2023 (синфи 5), соли хониши 2023-2024 (синфи 6) ва ҳамин тавр идома меёбад.

Омӯзгорон бояд баробари санҷиши дониши хонандагон қайдҳои дурусти дафтарро назорат намоянд.

Агар хонанда ҳамаи тавсияҳоро риоя намояд, қайдҳои дафтар дуруст бошанд, баъди хатми синфи ёздаҳ мағзи китоби «Тоҷикон» дар дасти вай мемонад, ки оянда метавонад аз он истифода барад.

Хондан, истифодабарии      китоби

«Тоҷикон» ягон мушкилие надорад, чунки дар ҳар оила як нусхаи он мавҷуд аст.

Чунин тарзи омӯзиши китоби «Тоҷикон» ва ташкили дафтари таърих барои донишҷӯёни мактабҳои касбию олӣ ҳам тавсия карда мешавад. Дар ин кор устодони кафедраҳои таърихи мактабҳои олӣ бояд саҳмгузор бошанд.

Ҳамин хел, китоби «Тоҷикон» ба як ҷузъи китоби дарсӣ ва китоби ҳатмӣ барои хонишҳои беруназсинфӣ мубаддал мегардад.

Насли наврас ин китобро хонда, аз бузургию шаҳомати миллати тамаддунофари тоҷик, аз заҳматҳои хоксоронаи фарзанди фарзонаи ин миллат Бобоҷон Ғафуров фахр менамояд. Китоби «Тоҷикон» бояд дар ҳама хонадони тоҷик китоби рӯимизӣ гардад.

Бегмат МАҲМАДОВ,

нафақагир, собиқ омӯзгори забони немисӣ,

ноҳияи Тоҷикобод