Дар ҳошияи Дарси сулҳи Пешвои миллат, ки ҳамасола баргузории он дар Рӯзи дониш ба анъанаи нек табдил ёфтааст
Дар саросари кишвар соли нави таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо Дарси сулҳ оғоз мегардад.
Воқеан, сулҳ дар баробари дигар арзишҳои соҳибистиқлолӣ меҳвари аслии пойдории давлату ҷомеа ва унсури асосии зиндагии осуда, хонадони ором ва пешрафти ҷомеаву давлат мебошад.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллие, ки дар Ватани маҳбубамон таъмин гардидаанд, бо ҷонбозиву фидокориҳои фарзанди бонангу номуси миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Дар ҷомеаи мо Рӯзи дониш баробари Дарси сулҳ арзиши баланд дорад, зеро дониш барои миллати тамаддунофар ва фарҳангиамон аз замонҳои қадим то имрӯз ҷузъи ҷудонопазири маънавиёт маҳсуб шуда, ҳамчун ифодакунандаи чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм маънидод мегардад.
Пешвои миллат ҳамасола дар оғози соли хониш – якуми сентябр, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ шахсан иштироку суханронӣ карда, соҳаи маорифро ҳаматарафа таҳлил намуда, барои рушду инкишофи он дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, ки ин ба пешравии соҳа такони хеле ҷиддӣ мебахшад.
Ҳамзамон Пешвои миллат дар тамоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, бо хонандагону омӯзгорон суҳбату мулоқот доир карда, дар ифтитоҳи биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ шахсан иштирок карда, бо шароити муосир ва дар сатҳи талаботи маорифи ҷаҳонӣ сохтани биноҳои таълимиро аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани завқу хоҳиши хонандагон дар фаро гирифтани илму дониш медонанд.
Зинаи асосие, ки барои азхудкунии дониш заминаи бунёдӣ мегузорад, маҳз таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои хонандагони ин зинаи таҳсилот бевосита бо ташаббуси Роҳбари давлат танҳо дар соли таҳсили 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, ба истифода дода шуданд.
Бояд зикр намуд, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад, зеро тарбия ва ташаккули инсони комил, инчунин, мавҷудияти ҷомеаи солиму созанда ба ин соҳа сахт алоқаманд аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд.
Воқеан, маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гаштааст.
Дар иртибот ба ин, Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр мекунанд, ки «…дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд…».
Ҳукумати кишвар дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини амнияти ҷомеа ва пешрафти кишвар, инчунин ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Ҳангоми Дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд».
Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари Дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд.
Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд.
Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст.
Дар ин росто, ҳар омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд.
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тӯли 31 соли Истиқлолияти давлатӣ рӯзгори мардуми шарифи Тоҷикистон рушду инкишоф ёфт ва зиндагии шоиста насиби ҳар хонадони мамлакат гардид. Бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, амнияти сартосарӣ дар кишвар танинандоз гашт, таҷрибаи бунёди сулҳу оромии кишвари мо дар ҷаҳон чун беҳтарин намунаи давлатдорию сиёсатмадорӣ пазируфта шуд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат низоми маориф самти афзалиятнок эълон ва ба рушду инкишофи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд, ки ин сабаби боз ҳам беҳтар шудани таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани ояндасозони кишвар гардид.
Дар робита ба ин дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сохтану бунёд кардани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фаро гирифтани тарбиятгирандагон ва хонандагону донишҷӯён ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3920, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 63, миёнаи касбӣ ба 78 ва олии касбӣ ба 41 адад расидааст.
Ҳамчунин, бо дастгирию ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат муассисаҳои шакли нав ба фаъолият шуруъ карданд. Дар ин давра 9 мактаби президентӣ, 7 литсей барои хонандагони болаёқат, 75 литсей ва 75 гимназия бо фарогирии зиёда аз 94 ҳазор хонанда ба фаъолият оғоз кардааст.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва ба стандарту барномаҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он диққати ҷиддӣ медиҳад.
Давоми 31 сол шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 4310 ба 4780 адад расидааст, ки ин нисбат ба соли таҳсили 1990-1991 461 адад зиёд мебошад.
Таъсиси Стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” ба-рои таҳсил дар хориҷи кишвар ҷиҳати таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои нодир ва таҳсили зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи мамлакат аз ҷумлаи дастгириҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар замони муосир ба шумор мераванд.
Ҳоло дар кишвар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли 1991 35 муассиса зиёд мебошад.
Агар ба заминаи омодасозӣ ва ихтисосмандии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар дар давраҳои то ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ намоем, танҳо аз рӯйи 147 ихтисос мутахассис омода карда мешуд. Имрӯз дар муассисаҳои таълимии мамлакат тибқи талаботи бозори меҳнат аз рӯйи 306 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.
Аслан, фаъолияти соҳаи маориф ба ду шохаи асосӣ – таълим ва тарбия равона шудааст. Агар мактаб ба насли наврас илм омӯзонад, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ чун ёрирасон ба тарбия, мукаммал гардонидани дониши онҳо машғул гардида, дар интихоби касбу ҳунар мадад мерасонанд. Зимнан, таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди истеъдоди наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шудааст. Он маълумоти ибтидоӣ ва умумии хонандагонро пурра гардонида, ба интихоби касб замина мегузорад. Ҳоло дар кишвар 83 маркази таҳсилоти иловагӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо қариб 1500 маҳфил бо фарогирии 48 646 аъзо фаъолият доранд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014-ум 2491 адад зиёд мебошад.
Инчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис ёфт, ки самараи хуб ба бор овард. Он бо мақсади рушди истеъдодҳо, таъмин намудани хоҳиш ва майлу рағбати хонандагон ба донишомӯзӣ ташкил гардида, барои пешрафти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодии хонандагони болаёқат шароит фароҳам намуд.
Илова ба ин, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар 9 муассисаи типи нави таълимии бо шароити замонавӣ таъмин, аз қабили Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, мактаб ва литсейҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат арзи вуҷуд намуданд. Маҳз шогирдони ин муассисаҳо дар озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, шаъну шарафи мамлакатро дар дохил ва хориҷ аз он баланд мебардоранд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат дар самти тарбияи кадрҳо, амалисозии ҳадафҳои имрӯзу ояндаи кишвар ва бо мутахассисони соҳибкасб таъмин кардани тамоми соҳаҳо дар замони соҳибистиқлолӣ 28 муассисаи нави таҳсилоти олии касбӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 доктори илм аз рӯйи 136 ихтисос ба донишҷӯён таълим медоданд.
Имрӯз аз шумораи умумии устодону омӯзгорон 4363 нафар соҳиби унвони илмӣ буда, аз онҳо 824 нафар доктор ва 3539 нафар номзади илм аз рӯйи 533 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Дар натиҷа ҳоло дар 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 21 кишвари хориҷӣ 16 500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.
Дар даврони истиқлолият дар заминаи ҳамкории байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 123 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба тасвиб расидаанд, ки дар асоси ин санадҳо ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 33 кишвари хориҷӣ беш аз 40 000 ҷавонони соҳибистеъдоди мо аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисоди миллӣ зарурӣ таҳсил карда истодаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо зиёда аз 10 шакли олимпиада: анъанавӣ, даставӣ, фосилавӣ, зеҳнӣ, байналмилалӣ, фаннӣ дар дохили кишвар ва берун аз он доир мешаванд. Ҳар сол олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ дар 4 давра гузаронида шуда, хонандагони болаёқат метавонанд дар асоси барномаҳои таълимӣ донишу малакаи омӯхтаашонро дар амал татбиқ намоянд.
Паёми Роҳбари давлат дар умум субҳи саодату башорату шарофату ҳувияти миллатро давоми солҳои 2022-2026, яъне дар панҷ соли оянда ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шафақ бозтоб карда, дар ин самт иқдомҳои устувору пойдорро якояк мушаххас намуд. Бино ба тасдиқи Институти бонуфузи молиявии байналмилалӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлолу озоди мо дар радифи давлатҳои рӯ ба рушд қарор ошта, дар муддати кӯтоҳи таърихи давлатсозӣ, каме беш сӣ сол, расидан ба ин марҳалаи қиёснопазир аз матонату бузургии мардум ва роҳбару роҳнамои он, ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат башорат медиҳанд.
Дар ин масир ин масъулият аст ва ин масъулияти баландро чунонки Пешвои миллат таъкид кардаанд, ҳар шаҳрванди кишвар бояд амиқ дарк намояд. Ташаккули миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат аз таълиму тарбия дар хонавода, кӯдакистон, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ ва тамоми идораву муассисаҳову ҳар шахси масъули ҷомеа вобастагии қавӣ дорад, то ҳар нафар дар кишвари азизи мо бо муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбуб ва ғояҳои баланди истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ тарбият ёбад.
Қарнҳои гузаштаи таҷрибаи инсоният собит намудаанд, ки иродаи мустаҳками давлат, ягонагиву муттаҳидӣ барои ташаккули шахсиятҳои худшинос ва беҳбуд бахшидани вазъ дар ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа доранд, ҳамон гуна, ки меъморе тарҳи биноеро мекашад, ки сохтмони онро бо сифати баланд анҷом додан кори дастҷамъонаву ҳамагон аст. Ҳамон тавре ҳаёт исбот кардааст, ирода бошад, роҳ ҳатман ёфт мешавад. Муттаҳидӣ бошад, пешравӣ мешавад, хайрхоҳӣ нисбат ба якдигар бошад, дӯстӣ ва рафоқати самимӣ мешавад, зеро комёбии ҳамешагӣ сарҷамъӣ мехоҳад. Мо, мардуми куҳантамаддуну соҳибфарҳангу маорифпарвари Тоҷикистон, новобаста аз тафовути қишру фаъолият бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллатамон муттаҳид шуда, Ватани худро бо истифода аз тамоми имконият обод намоем.
Дар ин замина, афзалиятнок, калидӣ ва омили амнияти миллӣ ва рушди иҷтимоӣ номида шудани соҳаи маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоем, зеро маориф ва илм, воқеан, дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва таҳкими истиқлоли мамлакат нақши муҳим бозида, рушду таҳкими тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ба ин ду омили муҳим иртиботи ногусастанӣ доранд.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор, узви вобастаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон