ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН СОҲИБИМТИЁЗАНД

Ҳамасола муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро шумораи зиёди мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ хатм мекунанд ва тибқи роҳхат ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати машғул гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ сафарбар мешаванд.

Дар баробари ин, онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи худро бар он равона месозанд, ки омӯзгор то кадом муҳлат мутахассиси ҷавон маҳсуб  меёбад ва дар ин давра чӣ гуна имтиёзҳо аз ҷониби давлат нисбат ба  онҳо муқаррар карда шудааст ва чӣ уҳдадориҳое ба зимма доранд.

Мафҳуми мутахассиси ҷавон дар моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: “Мутахассиси ҷавон шахсе, ки ба ташкилот баъд аз хатми шуъбаи рӯзонаи муассисаи  таълимии  таҳсилоти касбӣ  бо  роҳхати  муассисаи мазкур ба кор қабул шудааст”.

Мутобиқи қисми  2-и моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маориф”, шаҳрвандоне, ки  аз ҳисоби буҷети давлатӣ  тибқи фармоиши давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм  кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор  уҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд, ба шарте ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Ин мутахассисон то 3 сол мутахассисони  ҷавон ба ҳисоб мераванд.

Дар қисми 3 ва 4-и моддаи 24-и қонуни мазкур омадааст, ки  мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои  таълимии таҳсилоти касбиро дар хориҷи кишвар тибқи шартномаи  тарафайн хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки мувофиқи роҳхати мақомоти  дахлдор аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол фаъолият намоянд. Барои бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон мақомоти дахлдори  давлатӣ вазифадор мебошанд.

Давлат, ҳамчунин, бо дарназардошти вазъи ҳуқуқии мутахассисони  ҷавон ин гурӯҳи меҳнатиро аз санҷишҳо ҳангоми қабул ба кор ва  хидмати давлатӣ, аз озмунҳо барои ишғоли мансабҳои маъмурии хидматӣ давлатӣ, гузаштан аз аттестатсияҳо дар солҳои аввали фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъулияти меҳнатӣ озод намудааст.

Мутахассисони ҷавон бо вазъи ҳуқуқии худ аз дигар гурӯҳҳои  меҳнатӣ бо ғамхории давлат оид ба сари вақт ба кор фаро гирифта  шудани онҳо, дастгириҳои рӯҳӣ ва  маънавӣ, фароҳам  овардани шароит барои муътадил ворид шудани онҳо ба фазои меҳнатию ҳуқуқӣ, коллективҳо ва ҷамъиятҳои меҳнатӣ ва дигар имтиёзҳои моддӣ фарқ мекунанд.

Давлат ин амалро тавассути дархостҳои мақомоти дахлдори давлатӣ, роҳхатҳо ба кор ва фармоишҳои давлатӣ ба нақша гирифта, идоракунии стратегии захираҳои инсонӣ ва қувваҳои истеҳсолкунандаро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва минтақаҳои гуногуни маъмурию географӣ амалӣ менамояд.

Қонунгузории амалкунандаи кишвар дар баробари муайян намудани  мафҳум ва кафолатҳои давлатӣ нисбат ба мутахассисони ҷавон, ҳамчунин, нисбат ба онҳо як қатор имтиёзҳоро муқаррар кардааст. Аз  ҷумла, дар моддаи 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф  пешбинӣ гардидааст, ки мутобиқ ба қисми 1-и моддаи мазкур  мутахассисони ҷавон низ аз бархӯрдор гардидани имтиёзҳои зерини пешбинишуда истисно нестанд: муҳлати даъвати омӯзгорон (мутахассисони ҷавон) ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад; ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд; ҳангоми  беморӣ  бо  тартиби муқаррарнамудаи  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо доруворӣ ва табобати  ройгон таъмин гарданд; аз хизматрасонии  коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби  онро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд; барои  дастовардҳо  дар  фаъолияти  омӯзгорӣ  ва  тарбияи насли  наврас  бо  мукофотҳои соҳавӣ,  давлатӣ  ва  унвонҳои фахрӣ  сарфароз  гардонида  шаванд;  барои  меҳнати  шоиста ва  дастовардҳои  педагогию илмӣ  ба  ҳавасмандии  моддӣ  ва маънавӣ  сарфароз  гардонида шаванд;  барои  онҳое,  ки  бори аввал  хонаи  истиқоматӣ  месозанд,  тибқи  қонунгузорӣ  аз ҳисоби  маблағи  ғайрибуҷетӣ ё  ташкилотҳои  қарздиҳанда қарзҳои  бефоиз  ё  имтиёзнок  муқаррар  карда  мешаванд;  бо  пешниҳоди  хулосаи тиббӣ  роҳхатҳои  ройгону  имтиёзноки  муассисаҳои  табобатию  истироҳатӣ,  инчунин сайёҳию  туристиро  бо  тартиби муқаррарнамудаи  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  истифода  кунанд;  барои  омӯзгорони ҷавоне,  ки  дар  деҳот  фаъолият  менамоянд,  барои  3  сол иловапулӣ  ба  маош  муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби  пардохти  онро  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муайян  менамояд;  омӯзгорони ҷавон  дорои  имтиёзҳои иловагӣ  мебошанд,  ки  онҳоро тибқи  қонунгузорӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муайян менамояд.

Санади  муҳими  дигар қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз  3-юми  майи соли  2006,  №197)  «Дар  бораи муқаррар  намудани  имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» мебошад, ки  барои  се  соли  аввали  фаъолият  як  қатор  имтиёзҳоро  барои  омӯзгорон-мутахассисони ҷавон муайян кардааст:

—  бенавбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ;

—  дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ;

—  додани  қарзҳои имтиёзнок барои  хариди  чорвои  калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал.

Мутаассифона,  имтиёзҳои дар  қарори  мазкур  пешбинигардида аз  ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии қисме аз  шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмин намешавад,  ки  ин  ҳолат  аксар  вақт боиси  нобоварии  мутахассисони  ҷавон  гардида,  завқу  шавқи онҳоро нисбат ба касби пуршарафи омӯзгорӣ коста месозад.

Аз ин лиҳоз,  хуб  мешуд  бо дарназардошти мушкилоти мавҷуда  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои  зертобеаш, ки ба омода намудани мутахассисони равияи омӯзгорӣ  машғуланд, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру  ноҳияҳо лоиҳаи  нави қарори мазкурро бо  тағйироту  иловаҳо омода мекарданд ва  ё  ба  қарори  феълан амалкунанда тавзеҳот доир ба механизми амалигардонии имтиёзҳо барои  омӯзгорони ҷавонро таҳия менамуданд.

Ҳамин тариқ, давлат ҳуқуқи мутахассисони ҷавонро ба меҳнат,  интихоби касбу кор ва таҳсил тавассути ба роҳ мондани низоми  ташаккулёфтаи меҳнат ва маориф,  инчунин  шароити дахлдори сиёсӣ  ва  иҷтимоию-иқтисодӣ таъмин менамояд. Дар навбати худ, дар асоси фармоиши давлатӣ ва роҳхат ба кор фиристодани мутахассисони ҷавон барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакат, ки аз чунин ҳуқуқ бархӯрдоранд, равона гардидааст.

Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи
Садриддин Айнӣ