ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ

29-уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии баррасишаванда иштирок намуданд. Дар ҷаласа директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода адабиёти таълимии ба  ҷаласа пешниҳодшударо  муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки барои муҳокима дастхати 1 номгӯй адабиёти  таълимӣ барои  зинаи таҳсилоти томактабӣ,  19 китоби дарсӣ ва 3 номгӯй дастури таълимию методӣ барои муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ, 8 стандарт ва барномаи таълимӣ барои синфҳои ибтидоии зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 9 китоби дарсӣ барои  муассисаҳои таҳсилоти олии  касбӣ  пешниҳод  шудааст.

Роҷеъ ба ҳар як номгӯйи адабиёти таълимию методии пешниҳодшуда аъзои Шӯро фикру пешниҳодҳои худро манзур карданд. Инчунин, дар ҷаласа роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози таълими ибтидоӣ ва тарбияи томактабии Шурои миллии таҳсилот, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Л. Иматова «Оид ба Таҳияи барномаҳои таълимӣ ва маводи методӣ барои таълиму  тарбияи  кӯдакони  синни томактабӣ» ва С. Неъматов аз ҷараёни «Таҳияи стандарт ва барномаи ҷадиди фанни забони давлатӣ барои синфҳои 2 – 4-уми  муассисаҳои  таҳсилоти умумии  таълимашон  ба забонҳои  ғайритоҷикӣ  (русӣ, ӯзбекӣ,  қирғизӣ,  туркманӣ) суханронӣ карданд.

Дар навбати худ, аз ҷониби раиси ҷаласа,  муовини  якуми  вазири  маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ҷӯразода риояи ҳатмии қоидаҳои  имлои  забони тоҷикӣ, таҳрири ҷиддии илмию услубии  адабиёти  таълимӣ  ба мураттибону муаллифон таъкид гардида, инчунин ҷиҳати таъсиси гурӯҳи корӣ дар хусуси бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва  идеологияи  давлатдории  миллии  тоҷикон таҳия  кардани  барномаи  таълими  фанни  таърихи халқи тоҷик барои  синфҳои  5 – 11, таҳияи  дастурҳои  таълимиву тарбиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мавриди омӯзиш  қарор додани татбиқи омӯзиши забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Шӯрои миллии таҳсилот ҷузъи давлативу ҷамъиятии сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, маводи таълимиву методиро такмил ва баррасӣ намуда, фаъолиятро дар ин самт ҳамоҳанг месозад.