ТУХМИ БАДНОМӢ НАКОРЕМ

Вақте дар вуҷуди инсон бадӣ ҷойгузин мешавад, бадкор қудрату тавон мегирад, кӯшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба бадкориҳои фаҷеътаре панҷа дароз кунад, то ба ҳадде, ки баҳри ҷоҳу молу манол ба қудрати сиёсати вақт ҳамлаи нодурбинона кунад, дар байни аҳли ҷомеа иғво ангезад, ба осудагию оромии он такони хатарнок ворид созад, барои манфиати фардӣ даст ба кору рафтори ношоиста занаду ба мурод норасида, мағлубияташ фаро расад, ки далелу мисолҳое дар ин бора фаровонанд.

Ҳамин тавр, бадном онҳоеанд, ки ба оила, ба наздикону дӯстон, ба раванди рости корҳо, ба моли мардуму ҷамъият, баъзан, аз нодонӣ, ба волидайн ва бадтару бадтар аз ҳама, ба Ватан ва сиёсати осудаю созандаи  давлатдорӣ хиёнату ҷиноятҳое содир менамоянд, ки  дар ниҳоди худ басо ангезаҳои нохушу номатлубе доранду ҳар шахсро ба сӯйи бадномӣ ва беобрӯйӣ мебаранд, обрӯяшро дар оила, дар корхона, дар байни ҷомеа ва дар ҳама ҷо ба хоки сиёҳ яксон менамоянд. Барои сиёҳ кардани ному тарафи зодбуму кишвари худ ва ба ин васила ақлҳоро дуздидану ба сӯйи нокуҷоҳо бурдани мардуми авом ва ҷавонони бетаҷриба ҳосили тухми бадномӣ коштан аз ҷониби саркардаҳои дохилию хориҷие мебошад, ки солиёни дарозе, пинҳону ошкор, зархаридони хуношомашон таҳти парчами ислом амалкарде нишон медиҳанд, ки ҳаргиз пазируфтанӣ нестанд.

Ба ин маънӣ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, аз таърихи 26 декабри соли 2019 бамаврид омадааст, ки «…сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни  моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои таблиғотиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».

Бешак, дар замири ин гуфта амалкардҳои номатлубу ношоистаи ашхосе ишора ва таъкид карда шудаанд, ки дар байни аҳли ҷомеа нифоқ меангезанду баробари фош гардидани аъмоли сиёҳашон шадидан маҳкум мешаванд. Аз ҷумла, ҳизбҳову ташкилотҳои экстремистиву террористии монанд ба Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ), Паймони миллӣ (ПМ), Гурӯҳи 24, ДИИШ, Ҳизбу таҳрир, Салафия ва монанди инҳо созмонҳои бадному тахрибкореанд, ки ягон ҳаққу ҳуқуқи мавҷудияту фаъолиятеро набояд дошта бошанд!

Вақте мо ба саҳифаҳои адабиёту фарҳанги гузаштаамон назар меандозем, дар онҳо навиштаву ишораҳоеро дармеёбем, ки дар ҳамаи давру замонҳо реша доштани чунин амалу падидаҳои номатлуб аёну баён доштаву маҳкумашон кардаанд, то инсонҳоро ҳушдор диҳанд, ки аз чунин рафторҳои бад канораҷӯйӣ намоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳимми ҳамаи давру замонҳо, ки рӯзгори мо низ аз он истисно нест, дар майдони давлатдорӣ тухми нифоқ коштану хиёнат раво доштани зердастон ба шоҳу ҳокимони худ аст, новобаста аз он, ки ҳукмраво дар чӣ появу дар кадом мақом мебошад. Ба ин маънӣ, дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳодисаву воқеаҳое дучор меоем, ки хиёнату бадкориҳо сар задаанд, ки оқибаташон ҷуз бадномӣ набудааст.  Ба ёд меорем хиёнатеро, ки солорони лашкари Суҳроб ба Суҳроб раво дидаанду оқибати он бо фоҷеае мудҳиш анҷомидааст. Яъне, бадхоҳону баттолон кӯшидаанд, ки писарро аз падар дур бидоранд, то ду қувва якҷо шудаву ҷаҳонгир нагарданд, зиддияту нифоқро аз байн набаранд.

Акнун, ки кишвари мо бо талошҳои чандинасра ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони асил ва мардуми сарбаландаш ба соҳибистиқлолӣ расидаасту Ватани озоду обод дорем, мебояд ба қадри ин озодӣ бирасем ва ҷавонмардона аз халқу Ватану миллатамон пуштбонӣ намоем, парчами кишварамонро болои сарҳо ҳамеша парафшон бинем.  Дар сӣ соли соҳибистиқлоли кишвар ва ваҳдати миллии халқамон, баробари дастовардҳои бесобиқа дидаем, ки дастаҳои муноқишакор, афроди ба аҷнабиён фурӯхташуда, ашхоси ҷоҳталаб, баъзан роҳгумзадагону чоплусони хоҷагони мунофиқ ба сари мардумамон чӣ сахтиҳо ва ба ватанамон чӣ хисороте овардаанд. Ин падидаи номатлуб баъзан имрӯз ҳам чеҳра менамояд. Боистӣ пайваста ба онҳое, ки барои мансабу ҷоҳ ва молу манол ба сулҳу салоҳ ва ягонагиву ваҳдати  ватанамон  хиёнатро  раво  медоранд, оштинопазир  бошем, гумраҳон  ва манфиатҷӯёнро маҳкум намоем ва ғ. Дар ин  ҷода  ҷавонон  бояд  зиракии  фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ  ва  сиёсии  худро  ҳамеша нигоҳ дошта, ба иғво ва таблиғоти афрод ва гурӯҳҳое, ки дар хориҷ аз кишвар истода ҷониби Ватани худ, халқи худ, миллати худ санг  мезананд,  дода  нашаванд.  Бешак, ин гуна афрод фурӯхташуда ва иҷрокунандаи «барномаҳо ва супоришҳо»-и хоҷагони хориҷии худанд. Ба ин маънӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,

Бо кас макун, ай бародари ман.

Гар модари хеш дӯст дорӣ,

Дашном мадеҳ ба модари ман!

Вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат номуросо будани баъзе ҷоҳталабони кӯтоҳдасту пайравони кӯрдилашон мебошад, ки таърих номашонро дар авроқи худ ҳамчун рӯсиёҳу бадкорон забту сабт намудааст, ки ҳаргиз намешавад!

Душманони ватану миллат, новобаста ба аз мансубияти қавмию ирсию нажодиашон, новобаста аз макону мавқеи баромадашон, новобаста аз дину ойинашон ва ғайра мехоҳанд чунин  рӯзҳоро  дигарбора ба  сари  мо  биёваранд. Оромию осудагӣ, ваҳдату истиқлоли миллӣ, сулҳу суботи бо душвориҳо бадастовардаи моро аз байн бурдан мехоҳанд, аммо муродашон ҳаргиз ҳосил нахоҳад шуд:

Ҳар кӣ бадкорӣ кунад, ногаҳ ниҳад бар хок сар,

Ҳар кӣ бадаҳдӣ кунад, ногаҳ диҳад бар бод ҷон!

Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонони моро заруру лозим аст, ки ҳушёронаву даррокона   ҳуввияти миллии худро бештар аз пештар дарк намуда, ҳамеша бо чашму дили бедор дар ҳифзи Ватану халқу миллат бошанд, зеро меваҳои ширини баъди турктозиҳои қарнҳо, бо  душвориҳою кӯшишҳои зиёд, ба соҳибистиқлолӣ ва озодӣ расонидаамонро содиқона муҳофизат карда тавонанд.

Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ,
адабиётшинос