МУҲОКИМАИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲО

Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар мавзуи «Рафти иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт.

Дар муҳокимаи парлумонӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти  Вазорати  маориф   ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Вазорати  рушди  иқтисод  ва савдои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Палатаи  ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок  намуданд.  Аз  рӯи  масъалаи  мазкур   вакили  Маҷлиси  намояндагон  Ғиёсиддин  Шарифзода  баромад  намуда,  иброз дошт,  ки  соҳаи  маориф  аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти   мамлакат   муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  самти  асосӣ ва стратегӣ эълон шуда, омили муҳимтарини  таҳкими  давлат дар  наҷоти  миллат  эътироф гардидааст.

Дар баробари  ин,  таъмини  иҷрои  нақшаи  Барномаи  мазкур   барои  шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  дар  соли 2021  ва  семоҳаи  аввали  соли 2022  нигаронкунанда  аст, зеро  мувофиқи  маълумотномаи  Вазорати  маориф  ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, иҷрои  нақшаи  Барномаи  мазкур  дар  соли  2021  барои  харидории  кабинетҳои  фаннӣ ва  озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази таълимӣ  танҳо  20  фоиз   иҷро гардидааст, — гуфт номбурда.

Зикр гардид,  ки  масъулин яке аз сабабҳои иҷро нагардидани  Барномаи  мазкурро  дар солҳои 2018 — 2020 ва соли 2021 ҷудо  нагаштани  маблағҳои зарурӣ  аз  ҷониби  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии  вилоятҳо  ва  шаҳру ноҳияҳо,  инчунин,  мутамарказ  набудани  маблағгузории Барнома  медонанд.  Пас мувофиқи  маълумотномаи Вазорати  молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  шуруъ  аз  соли 2022  маблағгузории  Барнома аз  ҳисоби  маблағҳои  буҷети ҷумҳуриявӣ дар Низоми иттилоотии банақшагирӣ ва иҷрои буҷети  давлати   рӯи  сатри алоҳида пешбинӣ карда мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки  хароҷоти  Барнома  мушаххас ва мақсаднок амалӣ гардида,  натиҷанокӣ  ва  самаранокии  он  низ  баҳогузорӣ  карда шавад. Дар ин замина, тибқи маълумотномаи  Вазорати  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дар  буҷети  ҷумҳуриявии  соли 2022  ба  Вазорати  маориф  ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  татбиқи  «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва  озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази таълимӣ  барои  солҳои  2021 –  2025»,  маҷмуан  16,4  млн сомонӣ  пешбинӣ  карда  шудааст.  Вале,  ба  ҳолати  моҳи апрели  соли  ҷорӣ  бо  назардошти  пешниҳод  нагардидани  дархостҳои  молиявӣ  аз ҷониби  Вазорати  маориф  ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон маблағи  мазкур  хароҷот  нагардидааст.  Бо  боварӣ  гуфта метавонем, ки азхуд намудани маблағҳои  пешбинишуда  дар соли  2022  аз  ҷониби  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  сифатнок харидорӣ  шудани  кабинетҳои фаннӣ  ва  озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази  таълимӣ  мусоидат хоҳад кард.

Бинобар  ин,  ба  манфиати  кор  мешуд,  агар  Вазорати маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  ҷорӣ  ва солҳои  минбаъда  аз  ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки  ба  вазорат  ҷиҳати  иҷрои Барномаи  мазкур  ҷудо  мегардад,  давра  ба  давра  кабинет ва  озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази намунавии фанҳои химия, физика ва биология харидорӣ намуда, дар яке аз мактабҳои миёнаи  таҳсилоти  умумии  маркази  ноҳияҳо  ва  шаҳрҳо  насб менамуд.  Зеро  ин  мактабҳо ҳамчун  мактабҳои  базавӣ дар  тарғиб  ва  иҷрои  Барнома кумак  намуда,  барои  гузаронидани  курси  семинарҳо  ба омӯзгорони  фанҳои  болозикр дар ҳудуди шаҳру ноҳия мусоидат мекунанд.

Аз  рӯи  масъалаи  рӯзнома дар  назди  ҳозирин,  ҳамчунин, вазири  маориф  ва  илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Раҳим Саидзода,  муовини  Раиси Палатаи  ҳисоби   Ҷумҳурии Тоҷикистон   Файзалӣ Аҳмадзода  бо  ахбороти  муфассал баромад намуданд.

Дар  анҷоми  муҳокимаи парламентӣ  қарор  ва тавсияҳои  дахлдор  қабул  карда шуд.