ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИР БО САФИР

15-уми июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Тоҷикистон Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамасола аз ҷониби Ҷумҳурии Индонезия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ дар доираи барномаи яксолаи омӯзиши забон, санъат ва фарҳанги Индонезия “Дарсмасисва” ҷудо мегардад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаи маориф ва илми ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Индонезия зиёд буда, умед аст, ки баъд аз ташрифи сафир ба Вазорати маориф ва илм дар рушди муносибатҳо миёни ду кишвар қадамҳои устувор ва натиҷабахш гузошта хоҳад шуд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар ба роҳ монда шуда, барои шаҳрвандони ҳарду кишвар бурсиҳои таҳсилии бештар ҷудо карда шавад. Инчунин, миёни омӯзгорону муҳаққиқон табодули таҷриба сурат гирифта, ҳамоишҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои муштарак ба роҳ монда шавад.