Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) дар ҳоле ироа гардид, ки Ватани азизи мо дар марҳалаи навини тараққиёт ва рушд қарор дорад. Ин марҳалаи таърихи миллӣ ва ватанӣ, аз як тараф, ба уфуқҳои тозаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва рушди иқтисоди ватанӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, моро дар рӯ ба рӯ бо мушкилоту хатароти глобалӣ вомегузорад. Ин аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ амри зарурӣ ба шумор мераванд. Дар зимн, шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди даҳшатбор дар манотиқи гуногуни сайёра гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Сӯйистифода аз дину мазҳаб, сиёсӣ кардани динҳо ва бар асоси хурофоту таассуб парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин, нохун задан ба эҳсосоти мазҳабии мардуми минтақаҳои гуногун барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ ҳамчун абзори калидӣ хидмат мекунад.
Ҷомеаҳо ҳар қадар ба низоми сиёсии дунявӣ тамоюл пайдо намоянд, ҳамон андоза имконияти коҳиш ёфтани даргирию ноамниҳо пайдо шуда, раванди озодию истиқлоли миллӣ таҳкиму тақвият меёбад, зеро ҳувияту худшиносии миллӣ, озодагиву истиқлоли маънавию сиёсӣ танҳо дар ҷомеаи дунявӣ имконпазир аст. Дар ин росто, боло бурдани ҳувияти миллӣ ва зинда намудани хотираи таърихӣ, авлавият бахшидан ба рушди бемайлони илму маориф кишвари моро дар баробари ин таҳдиду хатарҳо муқовиматпазир мегардонад.
Тавре ки Сарвари давлат дар Паём иброз доштанд, таъмин намудани шароити хуб ва ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин вазифа ва рисолати давлати миллӣ маҳсуб мешавад. Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хидматчиёни давлатӣ зарур аст ва масоили масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардум, ҳифзи манофеи давлатӣ, арзишҳои миллӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор дорад. Илова бар ин, тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии микро ва макроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи ватанӣ ва амсоли инҳо аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Таваҷҷуҳ ба ин нуктаи калидӣ – илм ва маориф ва ҷойгоҳи асосӣ доштани ин ду соҳаи ба ҳам тавъам хатти меҳварии сиёсати давлати миллиро ташкил медиҳад. Илм ва маорифро самти калидии сиёсати давлатӣ унвон кардан маънои пайгирӣ намудани сиёсати илммеҳварро шаҳодат медиҳад. Ба таҳсил фаро гирифтан, ба шуғлу касбомӯзӣ ва ё илму дониш мутамоил сохтани насли наврасу ҷавони тоҷик аз оғоз то имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳаҳои тақдирсоз бар он асос меёбад, ки пешрафти ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ ва ояндаи неку босаодати миллат мустақиман аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон вобаста мебошад. Дастгирии соҳаҳои илму маориф дар сиёсати давлатӣ ҳамчун сармоягузорӣ ба фардои миллат арзёбӣ мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо сол ба сол афзоиш ёфта, имрӯз беш аз панҷяки хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Танҳо барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба солҳои гузашта афзоиши назаррас дошта, нишондиҳандаи равшани сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Роҳбар давлат зикр карданд, ки ҷаҳони муосир, ки бо суръати баланди рушди илму техника ва технологияҳои пешрафта фарқ мекунад, аз давлатҳо талаб менамояд, ки ба неруи инсонӣ такя намоянд. Давлатҳои пешрафта маҳз бо истифодаи дониш ва навоварӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Барои он ки Тоҷикистон низ дар сафи чунин кишварҳо қарор гирад, зарур аст, ки насли наврасу ҷавон соҳиби саводи комил, касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии муосир бошанд. Бесаводӣ ва дур мондан аз маърифат метавонад ҷомеаро ба гирдоби таассуб, хурофот ва ифротгароӣ тела диҳад, ки оқибатҳои фалокатбор дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари давлат ҳамеша доир ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, гиромидошти арзишҳои миллӣ, суннатҳои мардумӣ ва раванди ҳувиятсозии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Дар ин замина, Президенти кишвар дар Паём тазаккур доданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи насли наврас ва ҷавон, зиёиёни мамлакат ва кормандони муассисаҳои таълимию илмӣ муваззафанд ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар эътибори махсус диҳанд. Ба ин далел, дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои тамаддунӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ тезутунд мешаванд, омӯзишу таҳқиқи мероси бостонӣ, арзишу суннатҳои миллию мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ муҳим мебошад.
Бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат солҳои охир даҳҳо иншооти фарҳангӣ бунёд ва садҳо муассисаи дигар таъмиру таҷдид гардидаанд. Бунёди Театри миллии Тоҷикистон дар пойтахт ҳамчун рамзи эҳёи фарҳанги миллӣ ва туҳфаи арзанда ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, нашри садҳо номгӯй китобҳои бадеиву бачагона ва тақдими ройгони осори бузурги «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» ба аҳолӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва худшиносии миллӣ равона шудааст.
Ҷомеа ва миллат, вақте ки ба сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мерасад, ки қабл аз ҳама, ба таъмини амнияти маънавӣ расида бошад.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки бо шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдидҳои нав ҳамроҳ аст, ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, танҳо афзудани сафи афроди худшинос, донишманд ва дорои ҳофизаи қавии таърихӣ пайкараи миллиро боз ҳам неруманд сохта, бо такя ба фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва арзишҳои миллии худ Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувортар намояд.
Дар Паём эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рамзи эътимод ба ояндаи дурахшони давлат ва иродаи қавии мардуми тоҷик мебошад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,