АЗ ҲУВИЯТИ МАҲАЛЛӢ ТО ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Муқаддима

Дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории муосир яке аз масъалаҳои нозук ва ҳамзамон, мураккаби иҷтимоӣ масъалаи ҳувият мебошад. Ҳувияти инсон ҳамеша бисёрсамта аст: шахсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ. Аммо вақте яке аз ин махсусиятҳо ба таври мутлақ бар дигарон ҳукмрон мегардад ва ба омили тақсимкунандаи ҷомеа табдил меёбад, мо бо зуҳуроте рӯ ба рӯ мешавем, ки метавонад пояҳои ваҳдати иҷтимоиву сиёсиро заиф намояд. Яке аз чунин зуҳурот маҳалгароӣ мебошад.
Маҳалгароӣ дар зоҳир метавонад ҳамчун эҳсоси табиӣ нисбат ба зодгоҳ, муҳити иҷтимоӣ ё фарҳанги маҳаллӣ ҷилвагар шавад, аммо дар асл, вақте ба ҳадди ифрот мерасад, ба як шакли маҳдуди тафаккури иҷтимоӣ табдил меёбад, ки ҷаҳонро ба «мо» ва «онҳо» ҷудо мекунад. Ин падида на танҳо масъалаи сиёсӣ, балки, пеш аз ҳама, масъалаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва фалсафии шуури ҷамъиятӣ мебошад. Дар ҳамин замина, таҳлили амиқи моҳият, сабабҳо, оқибатҳо ва роҳҳои пешгирии маҳалгароӣ аз ҷониби ҷомеашиносон, хусусан, таърихнигорону сиёсатшиносон аҳаммияти хос пайдо мекунад.
Маҳалгароӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ
Маҳалгароиро метавон ҳамчун шакли хоси худшиносии иҷтимоӣ таъриф кард, ки дар он мансубияти маҳаллӣ аз дигар шаклҳои ҳувият, аз ҷумла, ҳувияти миллӣ ва шаҳрвандӣ болотар гузошта мешавад. Аз дидгоҳи ҷомеашиносӣ, маҳалгароӣ як навъ тафаккури гурӯҳист, ки ба манфиатҳои маҳдуди ҷуғрофӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ такя мекунад ва дар бисёр ҳолатҳо бо эҳсоси бартарият ё истисно будани гурӯҳ ва афроди алоҳида ҳамроҳ мешавад.
Фалсафаи иҷтимоӣ маҳалгароиро ҳамчун шакли номукаммали ҳувият мешиносад. Ин ҳувият ҳанӯз ба сатҳи умумимиллӣ ва умумишаҳрвандӣ нарасидааст ва бештар ба сатҳи ибтидоии «ҷамоа» ё «қабила» наздик аст. Бо чунин тафаккур инсон, пеш аз ҳама, худро узви маҳалли худ мешуморад, на узви як ҷомеаи рушдёфта ва давлат.
Сабабҳои пайдоиши маҳалгароӣ решаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Дар ҷомеаҳои суннатӣ, ки дар онҳо тарзи зиндагии ҷамоавӣ ҳукмрон аст, инсон аз овони кӯдакӣ дар муҳити «худӣ» тарбия меёбад. Ин муҳит ҳисси ҳамбастагӣ, пуштибонӣ ва амниятро таъмин мекунад, аммо ҳамзамон, метавонад тафаккури маҳдудро ташаккул диҳад. Тафаккури «мо» ва «онҳо» маҳз дар ҳамин муҳит шакл мегирад. «Мо», яъне, аҳли деҳа, минтақа ё маҳалли худ ва «онҳо», яъне, дигарон, ки гӯё бегонаанд.
Дар ин ҷо фарқ гузоштан миёни маҳалгароӣ ва ҳувияти фарҳангии солим бисёр муҳим аст. Ҳувияти фарҳангии солим эҳтиром ба суннатҳо, забон, урфу одат ва таърихи маҳаллиро дар бар мегирад, аммо онро бо ҳувияти миллӣ ва арзишҳои умумидавлатӣ муқобил намегузорад. Маҳалгароӣ бошад, маҳалро ба маркази мутлақи ҳувият табдил ва дигаронро дар канор қарор медиҳад.
Оқибатҳои маҳалгароӣ барои истиқлол ва ваҳдати миллӣ
Яке аз хатарноктарин паҳлуҳои маҳалгароӣ, таъсири он ба ваҳдати миллӣ ва пояҳои истиқлол мебошад. Давлати муосир бар асоси идеяҳои шаҳрвандӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ бунёд меёбад. Вақте ҷомеа ба гурӯҳҳои маҳаллӣ тақсим мешавад, ин пояҳо суст мегарданд.
Тақсимшавии ҷомеа ба гурӯҳҳои маҳаллӣ боиси шаклгирии як навъ деворҳои нонамоёни иҷтимоӣ мегардад. Ин деворҳо метавонанд дар шакли нобоварию беэътимодӣ, бадбинӣ, рақобати носолим ва ҳатто душманӣ зоҳир шаванд. Дар чунин муҳит, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории иҷтимоӣ коҳиш меёбад, зеро ҳар як гурӯҳ бештар манфиати маҳаллии худро ҳимоя мекунад, на манфиати умумиро.
Маҳалгароӣ, ҳамчунин, эҳсоси ифтихори шаҳрвандиро суст мекунад. Мо хуб медонем, ки шаҳрвандӣ маънои масъулият дар назди давлат, қонун ва ҷомеаро дорад. Вақте инсон худро намояндаи маҳалли худ мешуморад, масъулияти шаҳрвандӣ дар шуури ӯ ба ҷойи дуюм мегузарад. Дар натиҷа манфиати миллӣ метавонад қурбони манфиатҳои маҳдуди маҳаллӣ гардад.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ба эътимоди ҷамъиятӣ зарба мезанад. Эътимод унсури калидии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст. Ҷомеае, ки дар он эътимод суст аст, наметавонад ба таври самаранок рушд кунад. Маҳалгароӣ ин эътимодро бо роҳи ҷудо кардани «худӣ» ва «бегона» коҳиш медиҳад ва раванди ҳамдигарфаҳмиро заиф мегардонад.
Таҷрибаи таърихӣ ва дарсҳои гузашта
Таърих гувоҳ аст, ки маҳалгароӣ дар бисёр ҷомеаҳо ба омили сустшавии давлатдорӣ ва ҳатто низоъҳои дохилӣ табдил ёфтааст. Дар ҷомеаҳои анъанавӣ, ки ҳанӯз ҳувияти умумимиллӣ ба таври мукаммал ташаккул наёфта буд, мансубияти маҳаллӣ нақши асосӣ мебозид. Ин ҳолат давлатро заиф мегардонд, зеро қудрат мутамарказ намешуд ва гурӯҳҳои маҳаллӣ манфиатҳои худро болотар мегузоштанд.
Дар бисёр низоъҳои дохилӣ маҳз маҳалгароӣ ҳамчун яке аз омилҳои пинҳонӣ ё ошкоро ҳузур дорад. Вақте тафаккури маҳаллӣ бо рақобати сиёсӣ ё иқтисодӣ пайваст мешавад, хатари низоъ афзоиш меёбад. Таърих нишон медиҳад, давлатҳое, ки натавонистанд ҳувияти умумимиллиро ташаккул диҳанд, дар баробари чолишҳои дохилӣ осебпазир буданд.
Сабақҳои омӯзандаи таърих дар он аст, ки давлат танҳо дар сурате пойдор мемонад, ки шаҳрвандон, пеш аз ҳама, худро узви як миллат ва як ҷомеаи сиёсӣ эҳсос кунанд. Ҳувияти маҳаллӣ метавонад вуҷуд дошта бошад, аммо набояд ҷойгузини ҳувияти умумимиллӣ гардад.
Маҳалгароӣ дар замони муосир: шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилоот
Асри рақамӣ ба маҳалгароӣ шаклҳои нав бахшидааст. Агар дар гузашта маҳалгароӣ бештар дар доираи маҳдуди ҷуғрофӣ зуҳур мекард, имрӯз он тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фазои фарох пайдо кардааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳам василаи муттаҳидсозӣ ва ҳам тақсимкунӣ бошанд.
Дар бисёр ҳолат шабакаҳои иҷтимоӣ ба тақвияти стереотипҳои маҳаллӣ мусоидат мекунанд. Забони таҳқир, тамасхур ва муқоисаи маҳалҳо ба як падидаи маъмул табдил ёфтааст. Ин забон на танҳо ахлоқи муоширати ҷамъиятиро паст мезанад, балки тафаккури маҳдуди маҳалгароиро боз ҳам мустаҳкам мекунад.
Хатари дигар поляризатсияи рақамӣ (поляризатсияи рақамӣ равандест, ки дар он одамон дар фазои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои шадидан муқобил ҷудо мешаванд ва ҳар гурӯҳ танҳо ақида, арзишҳо ва иттилоотеро қабул мекунад, ки мавқеи худи ӯро тасдиқ мекунанд – Э. С.) мебошад. Алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аксар вақт мундариҷаеро пешниҳод мекунанд, ки ақидаҳои мавҷударо тақвият мебахшанд. Дар натиҷа инсон бештар бо андешаҳои ҳамфикрони худ рӯ ба рӯ мешавад ва диди фарохи иҷтимоиро аз даст медиҳад. Ин раванд маҳалгароиро ба як шакли нави шуури тақсимшуда табдил медиҳад.
Нақши маориф ва фарҳанг дар пешгирии маҳалгароӣ
Мубориза бо маҳалгароӣ, пеш аз ҳама, муборизаи маърифатӣ аст. Ҳеҷ як тадбири маъмурӣ ё сиёсӣ наметавонад бе тағйири шуури ҷамъиятӣ дар танҳоӣ натиҷаи пойдор диҳад. Дар ин раванд маориф нақши калидӣ мебозад.
Тарбияи шаҳрвандӣ дар мактаб ва донишгоҳ бояд ба ташаккули тафаккури миллӣ ва масъулияти иҷтимоӣ равона шавад. Донишомӯзон бояд бифаҳманд, ки гуногунандешию эътимоднокии маҳаллӣ як сарвати миллӣ аст, на омили тақсим ба маҳалҳо. Таълим бояд эҳсоси тааллуқ ба як ҷомеаи умумиро, ки аз ормону арзишҳои миллӣ бардхурдор аст, тақвият диҳад.
Адабиёт, таърих ва воситаҳои ахбори омма низ дар ин раванд нақши муҳим доранд. Адабиёт метавонад таҷрибаи умумиинсониро инъикос ва эҳсоси ҳамдардиро бедор намояд. Таърих бояд на танҳо фарқиятҳо, балки нуқтаи умумӣ (ҳусни тафоҳум)-ро нишон диҳад. ВАО бошад, бояд аз бозтоби стереотипҳо худдорӣ кунанд, фарҳанги муколама ва эҳтироми намояндагони ину он маҳалро таблиғ намоянд.
Нақши зиёиён дар пешгирии маҳалгароӣ
Ҳар ҷомеае, ки рӯ ба сӯйи рушди устувор ва давлатдории муосир мебошад, зиёиён ҳамчун неруи калидии ташаккули шуури ҷамъиятӣ дар меҳвар қарор дорад. Зиёӣ на танҳо соҳиби маълумот ё унвони илмӣ аст, балки, пеш аз ҳама, шахсест, ки қобилияти андешаи интиқодӣ, эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ ва диди фарохи фарҳангӣ дорад. Аз ин рӯ, масъалаи пешгирии маҳалгароӣ бидуни баррасии нақши зиёиён номукаммал мемонад, зеро маҳз онҳо метавонанд байни ҳувияти маҳаллӣ ва ҳувияти умумимиллӣ тавозуни солим эҷод намоянд.
Аз нигоҳи фалсафаи иҷтимоӣ, зиёиён миёнаравони маърифатӣ байни давлат ва ҷомеа, байни анъана ва замони имрӯз, байни гузашта ва оянда мебошанд. Дар чунин мавқеъ, онҳо масъулияти ахлоқӣ доранд, ки аз маҳдудияти тафаккури маҳалгароёна бояд болотар қарор гиранд ва дар гуфтори худ манфиати умумиро ҳимоя кунанд. Вақте зиёӣ худ ба доми маҳалгароӣ меафтад, ин падида на танҳо шахсӣ, балки рамзӣ мегардад, зеро ҷомеа аз зиёӣ интизори намунаи тафаккури рушдёфта аст.
Яке аз вазифаҳои асосии зиёиён дар пешгирии маҳалгароӣ, ташаккули забони солими гуфтори ҷамъиятӣ мебошад. Забон танҳо воситаи муошират нест, балки абзори сохтани воқеияти иҷтимоист. Агар дар фазои ҷамъиятӣ забони таҳқир, тамасхур ё муқоисаи маҳаллӣ ҷой дошта бошад, ин пеш аз ҳама, нишонаи заъфи элитаи фикрист. Зиёиён бояд бо истифода аз забони мутавозин, таҳлилӣ ва ахлоқӣ нишон диҳанд, ки эътиқодмандӣ ба маҳали худ зидди ваҳдати миллӣ нест, балки ҷузъи таркибии он мебошад.
Нақши дигар ва бисёр муҳимми зиёиён дар самти маърифат ва таълим зоҳир мегардад. Омӯзгорон, олимон ва муҳаққиқон бояд дар раванди таълим дар баробари дониш ҷаҳонбиниро низ рушд диҳанд. Таълимоте, ки дар он тафаккури интиқодӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҷой надорад, метавонад нохудогоҳ заминаи маҳалгароиро тақвият бахшад. Зиёиён вазифадоранд, ки мафҳуми миллатро ҳамчун категорияи фарҳангӣ, таърихӣ ва ахлоқӣ шарҳ диҳанд.
Дар фазои фарҳангӣ низ нақши зиёиён бениҳоят муҳим аст. Адибон, рӯзноманигорон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандон метавонанд тавассути осори худ образи ҷомеаи муттаҳид ва гуногунрангро ба вуҷуд оранд. Адабиёт ва санъат қудрати таъсиргузорӣ ба эҳсосот ва тасаввуроти инсонро доранд ва маҳз тавассути ин омил метавон зидди қолабҳои маҳалгароёна амал кард. Зиёӣ бояд дарк намояд, ки ҳар як матн, ҳар як сухан ва ҳар як тасвир дар раванди инкишофи ҷомеа метавонад ё пули ҳамбастагӣ ва ё девори ҷудоӣ гардад.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ-сиёсӣ, зиёиён метавонанд ҳамчун виҷдони ҷомеа муаррифӣ шавад. Ин маънои онро дорад, ки онҳо бояд қодир бошанд, падидаҳои хатарнок ба миллату давлатро сари вақт муайяну номгузорӣ кунанд, ҳатто агар ин кори осон набошад. Маҳалгароӣ аксар вақт худро дар ниқоби шӯхӣ, анъана ё «одати безарар» пинҳон мекунад. Вазифаи зиёӣ дар он аст, ки ин ниқобҳоро бардорад ва нишон диҳад, ки чунин рафторҳо метавонанд дар оянда ба пояҳои ваҳдати миллӣ осеб расонанд.
Дар айни замон, зиёиён бояд аз мавқеи ахлоқии худ ҳимоят кунанд. Ахлоқи зиёӣ, яъне чӣ? Ӯ бояд манфиати ҳақиқат ва ҷомеаро болотар аз манфиати гурӯҳӣ ё маҳаллӣ гузорад. Вақте зиёӣ аз маҳалгароӣ барои манфиати шахсӣ, мавқеъ ё шуҳрат истифода мекунад, ӯ на танҳо ба худ, балки ба нақши иҷтимоии зиёиён хиёнат мекунад. Аз ин рӯ, худтанқидкунӣ ва покахлоқӣ унсурҳои ҷудонашавандаи рисолати зиёӣ мебошанд.
Дар шароити муосир, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба минбари асосии гуфтори ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд, масъулияти зиёиён боз ҳам меафзояд. Онҳо бояд дар ин фазо намунаи муколамаи солим, таҳлили амиқ ва худдорӣ аз эҳсосгароии маҳдуд бошанд. Ҳузури зиёиён дар фазои рақамӣ набояд ба сатҳи баҳсҳои маҳаллӣ маҳдуд шавад, балки баръакс, сатҳи гуфторро боло барад ва ба тафаккури умумимиллӣ равона гардад.
Дар маҷмуъ, нақши зиёиён дар пешгирии маҳалгароӣ моҳияти стратегӣ ва дарозмуддатро дорост. Онҳо наметавонанд бо як суханронӣ ё як мақола ин падидаро аз байн баранд, аммо метавонанд тадриҷан фазои фикриро тағйир диҳанд. Агар зиёиён битавонанд арзишҳои ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба гуногунрангӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ба меъёри гуфтори ҷамъиятӣ табдил диҳанд, маҳалгароӣ тадриҷан ҷойи худро ба худшиносии рушдёфта ва солим хоҳад дод.
Ба ин маъно, зиёиён на танҳо муфассирони рухдоду падидаҳои гуногуни ҷомеа, балки меъморони шуури аҳли ин ҷомеа мебошанд. Аз сатҳи масъулият, покии ахлоқ ва диди фарохи онҳо вобаста аст, ки ҷомеа дар роҳи ваҳдат ва рушди устувор қадам мегузорад ё дар гирдоби маҳдудиятҳои маҳалгароёна ғарқ мешавад.
Хулоса
Дар ҷамъбаст метавон маҳалгароиро ҳамчун як навъ «бемории шуури ҷамъиятӣ» арзёбӣ кард, ки аз маҳдудияти дид ва набуди ҳувияти фарох сарчашма мегирад. Ин беморӣ на дар сатҳи фардӣ, балки мабно бар шуури ҷамъиятӣ зуҳур мекунад ва табобати он низ танҳо бо роҳи маърифат ва фарҳанг аст.
Гузариш аз «ман маҳаллиам» ба «ман шаҳрванди як давлатам» маънои инкор кардани решаҳои маҳаллиро надорад, балки моҳияти ба сатҳи болотари худшиносӣ расиданро ифода мекунад. Ин гузариш як раванди дарозмуддат аст, ки аз ҳар як фард оғоз мешавад.
Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ниҳоят на танҳо як категорияи сиёсӣ, балки арзиши ахлоқӣ мебошанд, ки бар эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак асос меёбад. Танҳо дар сурати дарки ин арзиш ҷомеа метавонад аз маҳдудиятҳои маҳалгароӣ убур карда, ба сӯйи рушди устувор ва давлатдории пойдор қадам гузорад.
Эҳсон САФАРЗОДА,

номзади илми филология

Добавить комментарий