Соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти стратегии рушди ҷомеа ва омили асосии пешрафти устувор мавқеи калидӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбариашон ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд. Сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат ба тарбияи насли худогоҳ, соҳибмаърифат, ватандӯст ва рақобатпазир равона гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Омӯзгор меъмори маънавии ҷомеа аст ва эҳтиром ба ӯ эҳтиром ба ояндаи миллат мебошад.»
Ин ҳидоятҳо мо-омӯзгоронро ба масъулияти баланди касбӣ, такмили пайвастаи дониш ва истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим раҳнамоӣ менамоянд.
Қадами муҳим дар роҳи таҳкими мақоми омӯзгор қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад. Қонуни мазкур мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва касбии омӯзгорро муайян намуда, ӯро ҳамчун шахси меҳварии ҷомеа эътироф мекунад. Тибқи қонуни мазкур, шаъну шараф, қадру қимат ва эътибори омӯзгор таҳти ҳифзи давлат қарор дошта, ӯ аз ҳар гуна фишор, таҳқир ва дахолати ғайриқонунӣ дар фаъолияти касбӣ эмин мебошад.
Баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, ҷорӣ намудани имтиёзҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди кор ва дастгирии давлатии аҳли маориф далели равшани ғамхории пайвастаи Роҳбарияти кишвар нисбат ба омӯзгорон мебошад.
Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор», инчунин, масъулияти давлатро дар самти таъминоти иҷтимоӣ ва иқтисодии омӯзгор муқаррар менамояд. Таъмини музди меҳнати муносиб, имкониятҳои такмили ихтисос, дастгирии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кор ба баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбияти омӯзгор мусоидат менамояд.
Дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор яке аз меъёрҳои муҳимми қонунгузорӣ буда, ҳадафи он фароҳам овардани муҳити солим ва созанда барои фаъолияти омӯзгор мебошад. Ҳеҷ шахс ҳақ надорад, ки ба фаъолияти таълимии омӯзгор дахолат кунад, ӯро таҳқир намояд ё монеаи иҷрои уҳдадориҳои касбиаш гардад. Озодии касбӣ ва эҳтироми омӯзгор шарти асосии рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли босаводу худогоҳ мебошад.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки омӯзгорон бояд бо эҳсоси баланди масъулият, садоқат ба касб ва меҳру муҳаббат ба шогирдон фаъолият намоянд.
Азим ИСМОИЛОВ,
омӯзгори МТМУ №6-и ноҳияи Рӯшон













