Наврасонро беназорат нагузорем!

Мавзуи зӯроварӣ дар байни наврасон барои ҷомеа ва давлат аҳаммияти махсус касб мекунад. Ин масъала мустақиман ба амнияти ҷамъиятӣ, ояндаи насли ҷавон ва рушди устувори кишвар иртибот дорад. Бетаваҷҷуҳӣ ба чунин равандҳо метавонад пайомадҳои ҷиддию хатарноктарро дар пай дошта бошад. Наврасӣ давраи ҳассоси рушди инсон аст. Ноустувории равонӣ, эҳсосотгароӣ, хоҳиши худисботкунӣ ва таъсирпазирӣ аз муҳити атроф наврасонро осебпазир мегардонад. Дар чунин шароит ҳатто як сухан ё баҳси ночиз метавонад онҳоро ба муноқишаи ҷиддӣ расонад.

Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ ва маҳдуд кардани чунин ҳолатҳо тадбирҳои мушаххас меандешанд. Гузаронидани санҷишҳои пешгирикунанда дар маҳаллаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, мусодираи силоҳи сард аз ноболиғон, инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидон ва муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Дар як қатор маврид маҳз дахолати саривақтии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имкон додааст, ки задухӯрдҳои гурӯҳӣ пеш аз ба фоҷиа табдил ёфтанашон пешгирӣ карда шаванд.
Бо вуҷуди ин, таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо тадбирҳои мазкур барои ҳалли пурраи масъала кофӣ нестанд. Зӯроварӣ дар байни наврасон масъалаи мураккаб буда, муносибати фарогир ва ҳамоҳангшудаи ҳамаи ниҳодҳои иҷтимоиро талаб мекунад. Норасоии малакаҳои худназораткунӣ боис мегардад, ки ҳатто вазъиятҳои хурд ба низоъҳои ҷиддӣ табдил ёбанд.
Бисёр муноқишаҳо миёни наврасон аз ба истилоҳ «ҷойи холӣ» оғоз мешаванд: як сухани ноҷо, нигоҳе, шарҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ҳатто шӯхии нодуруст. Дар муҳите, ки таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги муколама заиф аст, чунин ангезаҳои хурд метавонанд оташи хашмро барангезанд ва занҷираи зӯровариро оғоз намоянд.
Бо мурури замон, агар чунин ҳолатҳо такрор ёбанд ва вокуниши дурусти иҷтимоӣ вуҷуд надошта бошад, одат ба ҳал кардани баҳсҳо бо зӯроварӣ ташаккул меёбад. Зӯроварӣ барои наврас ба як воситаи «муқаррарӣ» табдил меёбад, дар ҳоле ки роҳҳои дигар – гуфтугӯ, муросо, муроҷиат ба калонсолон нодида гирифта мешаванд. Ин раванд ниҳоят метавонад ба истифодаи силоҳи сард ва фоҷиаҳои ҷуброннопазир оварда расонад.
Маҳз дар ҳамин марҳала пешгирии барвақтӣ, кори равонӣ ва назорати иҷтимоӣ аҳаммияти калидӣ пайдо мекунанд. Бе дахолати саривақтии оила, мактаб ва ҷомеа, як муноқишаи хурд метавонад ба талафоти ҷонӣ ва сарнавиштҳои шикаста табдил ёбад. Дар замони муосир шабакаҳои иҷтимоӣ ба як қисми ҷудонашавандаи зиндагии наврасон табдил ёфтаанд. Аммо дар баробари имкониятҳои мусбат, фазои рақамӣ метавонад ба омили тезонандаи хашм ва низоъ низ табдил ёбад. Бисёр муноқишаҳо имрӯз маҳз дар интернет оғоз ёфта, баъдан ба ҳаёти воқеӣ интиқол меёбанд.
Аз ҷумла, шарҳҳои таҳқиромез, паёмҳои иғвоангез, паҳн кардани овоза ё видеоҳое, ки метавонанд ҳиссиёти наврасро ба осонӣ барангезанд. Муноқишаҳои виртуалӣ аксаран бо «таъйиноти вохӯрӣ» дар кӯча ё маҳалла анҷом ёфта, дар он ҷо аллакай зӯроварии воқеӣ ба амал меояд. Дар чунин ҳолатҳо шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо воситаи муошират, балки майдони барангехтани адоват мешаванд.
Ҷанбаи дигар, фарҳанги намоишкорӣ мебошад. Паҳн кардани аксҳо ё наворҳо бо корд, таҳдид ё рафтори хашмгин барои баъзе наврасон ба воситаи ҷалби таваҷҷуҳ ва «қавӣ нишон додани худ» табдил ёфтааст. Лайкҳо ва шарҳҳои дастгиркунанда чунин рафторро ғайримустақим ташвиқ мекунанд.
Дар чунин шароит, баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ, назорати оқилонаи волидон ва кори фаҳмондадиҳии мактабӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки оила пояи асосии ташаккули шахсият, ахлоқ ва ҷаҳонбинии инсон мебошад ва маҳз дар муҳити оила эҳтиром ба қонун, инсон ва арзишҳои миллӣ ташаккул меёбанд. Ба таъкиди Сарвари давлат, масъ­улияти падару модар дар тарбияи фарзандон танҳо ба таъмини ниёзҳои моддӣ маҳдуд намешавад, балки, пеш аз ҳама, масъулияти маънавӣ ва ахлоқӣ мебошад.
Дар баробари ин, дар шароити муосир мушоҳида мешавад, ки дар баъзе оилаҳо назорати падару модар заиф гардида, таваҷҷуҳ ба рафтор, муҳити иҷтимоӣ ва доираи муоширати фарзандон коҳиш ёфтааст.
Яке аз мушкилоти ҷиддӣ, норасоии муколама байни волидон ва фарзандон мебошад.
Илова бар ин, муноқишаҳои дохилиоилавӣ, фишори равонӣ ва муҳити носолими хонаводагӣ ба ҳолати равонии наврас таъсири манфӣ мерасонанд. Дар чунин шароит эҳтимоли рафтори хашмгин ва майли ба зӯроварӣ рӯ овардан зиёд мешавад.
Бинобар ин, бояд таъкид кард, ки масъулияти волидон танҳо ҷанбаи ҳуқуқӣ надошта, пеш аз ҳама, масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аст. Оила бояд мактаби аввалини муҳаббат, таҳаммулпазирӣ, муколама ва эҳтиром бошад. Бе таҳкими нақши оила пешгирии зӯроварӣ дар байни наврасон ғайриимкон аст.
Пешгирии зӯроварӣ дар байни наврасон фаъолияти дастаҷамъонаро талаб мекунад. Ҳалли ин мушкил танҳо бо ҷазо имконпазир набуда, бояд ба бартараф намудани сабабҳои аслӣ диққат дода шавад.
Пеш аз ҳама, тақвияти нақши оила ва баланд бардош­тани сатҳи маърифати падару модар муҳим мебошад.
Николай ПОПОВ,
директори литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе, номзади илмҳои иқтисодӣ,
Икромҷон ГАДОЕВ,

муовини якуми директори литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе

Добавить комментарий