Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд.»
Дар ҳақиқат, бо мақсади аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басо корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи хатари ин зуҳурот ҳамчун таҳдид ба амният, рушди устувор ва адолати иҷтимоӣ, 25 сентябри соли 2006 ба «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» имзо гузошт. Ин санад баъдан аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, заминаи ҳуқуқии ҳамгироии кишварро дар муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи коррупсия фароҳам овард.
Дар ин раванд, заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ такмил ёфтанд ва мақомоти махсуси зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимми стратегӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030».
Ҳадафи асосии ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ташаккули ҷомеаи қонунманд, баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ, тақвияти шаффофият ва пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад.
Шарифҷон САТТОРОВ,
омӯзгори калони кафедраи идораи молияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд













