Заминаи ташаккули насли ояндасоз

Ояндаи ҳар як кишвар, пеш аз ҳама, аз сатҳи таҳсилу тарбияи насли наврас вобаста мебошад. Дар ин раванд нақши соҳаи маориф, махсусан, омӯзгор ниҳоят муҳим ва ҳалкунанда аст. Маҳз омӯзгор аст, ки насли ояндасозро ҳам аз лиҳози дониш, ҳам аз ҷиҳати ахлоқу ҷаҳонбинӣ ва ҳам аз нигоҳи худшиносии миллӣ омода месозад. Аз ин рӯ, масъулияти тайёр намудани чунин насл пурра ба зиммаи кормандони соҳаҳои илму маориф, бахусус, омӯзгорон вогузор гардидааст.

Барои он ки омӯзгор ин рисолати бузургро ба таври шоиста иҷро намояд, худи ӯ бояд аз ҳар ҷиҳат омода бошад: дорои дониши муосир, маҳорати баланди касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти кор бо хонандагон ва донишҷӯён. Омодагии омӯзгор, пеш аз ҳама, аз марҳалаи интихоби довталабон ба муассисаҳои таълимии омӯзгорӣ оғоз меёбад. Агар ба ин муассисаҳо довталабони ҳавасманду лаёқатманд, на тасодуфӣ, ҷалб гарданд, заминаи асосии тайёр кардани мутахассисони соҳибкасбу сазовор фароҳам мешавад.
Қадами дуюм дар ин самт ба сатҳи касбият ва маҳорати омӯзгорони худи муассисаҳои омӯзгорӣ вобастагӣ дорад. Вақте омӯзгорони ин муассисаҳо дорои дониши мукаммал, таҷрибаи ғании педагогӣ ва маҳорати корбарӣ бо донишҷӯён бошанд, раванди омодасозии кадрҳои босалоҳият самаранок мегардад. Дар баробари ин, дастрасии омӯзгорон ва донишҷӯён ба маводи муосири таълимӣ ва методӣ, китобу дастурҳо ва воситаҳои технологии таълим метавонад дар ҳалли бисёр мушкилоти мавҷуда нақши муҳим бозад.
Омили дигаре, ки аҳаммияти хосса дорад, такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад. Маҳз тавассути курсҳои такмили ихтисос омӯзгорон метавонанд дониши худро рушд дода, бо равишҳои муосири таълим, барномаҳо ва китобҳои насли нав ошно шаванд.
Бояд зикр намуд, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ имрӯз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вазифаҳои худро дар ҳамдастӣ бо филиалҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон самарабахш ба анҷом мерасонад.
Роҳбарияти донишкада дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд пайваста талош менамояд, то имкониятҳои фарогирии омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос васеъ гарданд, машғулиятҳои омӯзишӣ бо сифати баланд баргузор ва омӯзгорон бо маводи зарурии методӣ таъмин карда шаванд.
Сиёсати давлат дар соҳаи маориф, аз ҷумла, зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорон гувоҳи он аст, ки маориф ва омӯзгор дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар қарор доранд. Идомаи ин раванд заминаи устувореро барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, рушди касбият ва таъмини ояндаи дурахшони миллат фароҳам меорад.
Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки ояндаи давлату миллат бевосита аз сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ ва рушди муттасили омӯзгор вобаста аст. Сармоягузорӣ ба маориф ва ба рушди касбии омӯзгорон дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони кишвар мебошад.
Манучеҳр ҲАБИБЗОДА,

сардори раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Добавить комментарий