БА ТАВАҶҶУҲИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (03.05.2006, №197) «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба он нигаронида шудааст, ки бояд бо мусоидати мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ҷиҳати бунёди хонаи истиқоматӣ, хариди чорвои калони шохдор, хонаи занбӯри асал, ҳамчунин, бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қарзҳои камфоиз таъмин карда шаванд. Чунин имтиёзот ҷиҳати ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо заминаи устувор мегузорад.
Баҳри дар амал татбиқ намудани қарори зикршуда, ҳамзамон, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ тадбирҳои судманд андешида шуда, ба 18 нафар омӯзгори ҷавони муассисаҳои таълимӣ барои хариди хонаи занбури асал ва чорвои калони шохдор имтиёз ҷудо шуд. Қурбоналӣ Давлатмуродов -омӯзгори ҷавони Литсейи №1 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Восеъ гуфт, дар қатори дигар омӯзгорон бо маблағи 6000 сомонии қарзи имтиёзнок ба муддати 3 фоизи солона чорво харид.
Дар асоси маълумоти шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, соли гузашта танҳо ба ду нафар омӯзгори ҷавон – Ҷамшеди Ҷунайдулло-омӯзгори забони англисии МТМУ №50 ва Ҳокимҷони Зайниддин-омӯзгори технологияи информатсионии МТМУ №31 барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 6000 сомонӣ пешниҳод гардидаанд, вале ин нафарон то ҳол соҳиби имтиёз нашудаанд. Тавре Ҷамшеди Ҷунайдулло зимни суҳбат гуфт, «аз моҳи декабри соли 2025 барои соҳиб шудан ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ дархост додам, зеро ба гирифтани маблағ эҳтиёҷ дорам. То ҳол интизорам, ки ҳарчи зудтар бароям маблағи зикршуда ҷудо карда шавад».
Мувофиқи иттилоъ аз шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара барои бо имтиёзҳо таъмин намудани мутахассисони ҷавон, (аз 29.11.2025) рӯйхати омӯзгорони ҷавон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Вале дар соли сипаришуда ягон омӯзгор бо имтиёз таъмин нашуда, дар нақша аст, ки соли равон 8 нафар омӯзгори ҷавон бо имтиёз таъмин гарданд.
Ба иттилои Садирзода Амриддинмудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор соли таҳсили гузашта ба 12 нафар мутахассиси ҷавон имтиёзҳо муқаррар гардид. Аз ин шумора 2 нафар соҳиби қитъаи замин ва боқимонда соҳиби қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ шудаанд. Мутаассифона, мудири шуъбаи маориф бо сабабҳои номаълум рӯйхати омӯзгоронро пешниҳод накард.
Бояд қайд намуд, ки иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» аз 03.05.2006, №197 на дар ҳама шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб татбиқ мешавад. Аз ҷумла, омӯзгорони ҷавони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли гузашта аз имтиёзоти ба онҳо муқарраршуда барои соҳиб шудани қарзҳои қамфоиз ё қитъаи замини наздиҳавлигӣ тамоман дар канор мондаанд.
— Омӯзгорони ҷавон аз гирифтани қарзҳои камфоиз даст кашиданд, вале омӯзгороне, ки мехоҳанд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаи истиқоматӣ шаванд, кам нестанд. То ҷое огоҳем, бо замин таъмин намудани ҳамаи онҳо имконнопазир аст,-иброз дошт Муқаддас Саидмуминзода-мудири шуъбаи маорифи ноҳия.
Маврид ба зикр аст, ки ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон ва ба ин васила ҷудо намудани имтиёзҳо ба онҳо дар дигар навоҳии дурдаст ва кӯҳистони минтақаи Кӯлоб низ амалӣ мегардад. Аз ҷумла, соли 2025 омӯзгорони ҷавони ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг ва Балҷувон бо қарзҳои имтиёзнок ва заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд.
Ҳамзамон, бо пешниҳоди рӯйхат аз ҷониби масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба шуъбаи Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 9 нафар омӯзгор қарзи имтиёзнок ҷудо карда шуд. Сайбурҳон Раҳматов дар муассисаи таълимии №30, ки тахминан 20 километр дур аз маркази ноҳия, дар Ҷамоати деҳоти Чагам ҷойгир аст, ба ҳайси омӯзгори омодагии ибтидоии ҳарбӣ кор мекунад. Ӯ зимни суҳбат гуфт, ки бо маблағи гирифта аз ҳисоби имтиёзҳо як сар чорвои калони ширдеҳ харидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қарори мазкур дар минтақаи Кӯлоб иҷро шуда, омӯзгорон то ҷое соҳиби имтиёз гардида бошанд ҳам, ба назорат ва иҷрои пурраи қарори мазкур на ҳамаи мудирони шуъбаҳои маориф ва масъулини мақомоти маҳаллӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Дар баъзе ноҳияҳо рӯйхати омӯзгорони деҳаҳои дурдаст сарфи назар шудаанд, инчунин, рӯйхати омӯзгорони эҳтиёҷманд ба имтиёзҳо тартиб дода нашудааст. Ҳатто дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб доир ба иҷрои ин қарор ягон маълумот надоранд. Барои боз ҳам дилгарм кардани омӯзгорони ҷавон ба касб, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани руҳияи онҳо, бояд, пеш аз ҳама, мудирони шуъбаҳои маориф ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо талоши бештар намоянд.
Худодод ИСЛОМ,
«Омӯзгор»
«Омӯзгор»













