Ҳадаф: шаффофияти пардохти маблағ дар муассисаҳои таълимӣ

Рақамикунонии соҳаи маориф дар кишвар бавусъат идома дошта, тадриҷан дар ҳамаи самтҳои соҳа роҳандозӣ мегардад, ки ин омил, аз як тараф шаффофиятро таъмин намояд, аз ҷониби дигар, омилҳои инсониро бартараф мекунад. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани талаботи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 №505 «Оид ба тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» марҳила ба марҳила тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ (ба истиснои мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо) ба низоми маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронида шудаанд.

Қайд кардан зарур аст, ки низоми маблағгузории меъёрии сарикасӣ хароҷотҳои ҷории муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба истиснои таъмири асосӣ (капиталӣ) ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар бар мегирад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳаи маориф ва илм сол аз сол тадриҷан афзоиш ёфта, шароиту имкониятҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳтару хубтар шуда истодааст.
Дар ин замина, ҳамасола ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷет аз тарафи Вазорати маориф ва илм якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ бозбинӣ шуда, дар доираи имкониятҳои молиявӣ афзоиш дода мешаванд.
Тибқи банди 109-и Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манбаи ташкили амвол ва захираҳои молиявии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, аз инҳо иборат аст:
— маблағҳои буҷети давлатӣ;
— маблағҳои корхонаю таш­килотҳо ва сарпарастон;
— аз ҳисоби эҳсонкориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— аз ҳисоби хидматрасонии иловагии таҳсилот;
— аз ҳисоби даромади маводи ба фурӯш баровардашуда;
— аз ҳисоби манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Мавриди зикр аст, ки масъ­алаи ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он» муқаррар менамояд. Бояд ёдовар шуд, ки ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ки дар асоси он тамоми пардохтҳо тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи амалӣ намудани фармони зикргардида, дар самти гузариш ба пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ чораҳои зарурӣ андешида, барои назорати низоми иҷораи китобҳои дарсӣ ва аз тарафи волидони хонандагон ба таври ғайринақдӣ пардохт пардохт гардидани маблағҳо, «Барномаи биллингии иҷораи китобҳои дарсӣ»-ро аз соли 2024 мавриди истифода қарор дод. Бояд гуфт, ки истифодаи барномаи биллингӣ чунин имкониятҳоро фароҳам меорад:
— татбиқи ҳукумати электронӣ, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад;
— таъмини шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
— пешгирии хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
— тариқи ҳамёнҳои мобилӣ дар дилхоҳ вақту соати мувофиқ ва новобаста аз ҷою макони истиқомат пардохт кардани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ;
— назорати таъминот ва хароҷоти китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм;
— муайян кардани эҳтиёҷ ва норасоии китобҳои дарсӣ дар ҳар як муассисаи таълимӣ;
— муайян кардани шумораи хонандагони МТМУ.
Бо мақсади амалишавии барномаи мазкур дар давоми соли 2024 барои кормандони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди вазорат ва мушовирони бахши китобдории шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, дар асоси таҷрибаи андӯхта аз ҷониби мутахассисони маркази болозикр семинарҳои омӯзишӣ бо мудирон ва китобдорони раёсат ва шуъбаҳои маорифи дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.
Бартарии дигари барномаи мазкур он иборат аст, ки вобаста ба соли воридшавии китобҳои дарсӣ маблағи иҷораи соли якум 34%, соли дуюм 33%, соли сеюм 33% ва дар ҳолати коршоям будани онҳо дар соли чорум 16,5%, соли панҷум 8,5% аз арзиши китобҳои дарсиро ба таври автоматӣ муайян месозад.
Тибқи талаботи қисми 7, моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар муассисаҳои таълимии давлатӣ бо хоҳиши падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонандагон ва донишҷӯён таълими иловагии пулакӣ дар асоси шартнома, ки маблағи он ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ тариқи ғайринақдӣ ворид мегардад, ташкил карда мешавад.
Илова бар ин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2025, №597 «Дар бораи Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ» аз ҷониби вазорат аттестат (шаҳодатнома) дар барои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис, магистр) ва шаҳонатнома (диплом, аттестат, тасдиқнома, сертификат) дар бораи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардида, пардохти маблағи он пурра тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ бошад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронидани муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» муассисаҳои мазкур дар ҷумҳурӣ ба низоми маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронида шудаанд.
Дар робита ба ин, дар асоси банди 17-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 меъёри маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои давлатии томактабӣ дар доираи ҳаҷм ва буҷети пешбининамудаи раёсатҳои молияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо муайян карда шудааст.
Ҳадафи асосии ислоҳоти мазкур таъмин намудани тақсимоти боадолатона ва шаффофи маблағҳои буҷети давлатӣ дар байни муассисаҳои таълимии томактабӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо мебошад.
Чунин навъи низоми маб­лағгузорӣ дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ низ мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои стратегияи миёнамуҳлати рушди маориф барои давраи то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст. Дар айни ҳол, масъалаи ба низоми нави маблағгузории меъёрӣ гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дорад.
Бояд қайд намуд, ки андозаи маблағи аз ҷониби волидайн пардохтшаванда дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» аз 1 то 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 78 то 156 сомонӣ муайян карда шудааст. Тартиби ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағҳо аз падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда тибқи «Дастурамал оид ба ҷамъоварӣ ва истифодабарии маблағ барои нигоҳубини кӯдакон ва дигар манбаъҳои даромад дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» ба танзим дароварда шудааст.
Тамоми талош ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона карда шудаст, ки дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои молиявӣ омилҳои инсонӣ бартараф карда шаванд, то шаҳрвандони кишвар тавонанд маблағҳоро бо истифода аз хизматрасониҳои электронии давлатӣ ба таври мустақим пардохт намоянд.
Аз ин рӯ, падару модарон ва масъулинро зарур аст, ки фаъолиятҳои худро дар доираи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда, пардохти маблағҳои муқарраршударо ба таври шаффоф тавассути низоми электронӣ роҳандозӣ намоянд.
Абдулаҳад ХОҶАЗОДА,
сардори раёсати иқтисод,

банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий