«Омӯзгор» – нашрияи писандида

Номаи сипос ба хонандагон ва аҳли маорифи кишвар

Нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми матбуоти даврии тоҷик ҷойгоҳи вижа дошта, дорои таърихи беш аз 90-сола мебошад. Дар тӯли фаъолияти худ ҳафтанома рисолати касбии худро сарбаландона иҷро намуда, дар маърифатнок гардондани ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими истиқлолу озодӣ ва тарғиби роҳҳои самарабахши таълиму тарбия маводу матолиби ҷолибу судмандро ба табъ мерасонад.
Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ фаъолияти нашрия вусъати тоза касб намуда, ҳамчун нашрияи соҳавӣ дар ғанӣ гардондани фазои иттилоотии кишвар ва хидмат ба аҳли илму маориф нақши арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои он Паёму суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси таълиму тарбия, сулҳу ваҳдат, истиқлолу озодӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, навгониҳои соҳаҳои маорифу илм, амру фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илм, санадҳои меъёрии соҳа, таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, андеша ва пешниҳодҳои мутахассисон мунтазам нашр мегарданд. Матолиби мазкур ба болоравии сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи омӯзгорону хонандагони нашрия такони ҷиддӣ мебахшанд.
Аз ин рӯ, сол то сол мазмуну муҳтаво ва ороиши нашрия такмил ёфта, бо технологияҳои муосир ҳамоҳанг мегардад. Имрӯз сомонаи расмии ҳафтанома omuzgor-gazeta.tj ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буда, ҳамарӯза иттилооту нигоштаҳои судманд ба хонандагон пешниҳод мешавад.
Эътирофу ҷойгоҳи нашрия пайваста афзуда, дар назарсанҷиҳо ва озмунҳое, ки аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор баргузор мегарданд, ҳамеша дар қатори беҳтарин нашрияҳои кишвар қарор мегирад. Аз ҷумла, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025», ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, нашрияи «Омӯзгор» аз рӯйи номинатсияи «Нашрияи ҷумҳуриявӣ» сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.
Бояд гуфт, ки заминаи асосии дастовард ва муваффақияти нашрия, пеш аз ҳама, ба хонандагону дилбастагони он вобастагии амиқ дорад. Фаъолияти босамару вусъатманди нашрия маҳз аз дастгирӣ ва эътимоди хонандагон сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, дар маъракаи обунаи соли 2026 аҳли маориф ва дигар қишрҳои ҷомеа фаъолона иштирок намуданд.
Аҳли маорифи шаҳру ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Рашт, Ванҷ, Мурғоб, Хуҷанд, Айнӣ, Зафаробод, Гулистон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бӯстон, Бохтар, Дӯстӣ, Кӯлоб, Данғара ва Темурмалик нақшаро барзиёд ва шаҳру ноҳияҳои Шоҳмансур, Файзобод, Тоҷикобод, Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Спитамен, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон ва Фархор нақшаи обунаро пурра иҷро карданд. Инчунин, шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Истаравшан, Вахш, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг беш аз 90 фоизи нақшаро таъмин намуданд, ки роҳбарият ва кормандони нашрияи «Омӯзгор» ба ҳамаи онҳо самимона изҳори сипос менамоянд.
Ҳамзамон, дар нашрияи «Пайрав» (замимаи ҳафтаномаи «Омӯзгор») маъракаи обуна барои соли 2026 дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, шаҳри Бохтар нақшаро пурра иҷро намуд, ки барои дастгирӣ аз масъулин, хонандагон ва омӯзгорони шаҳри мазкур изҳори миннатдорӣ менамоем.
Воқеан, дилбастагӣ ва таваҷҷуҳи доимии хонандагон масъулияти мо-аҳли қалами ҳафтаномаро бештар менамояд, то фаъолияти худро боз ҳам вусъат бахшида, талаботи маънавии хонандагон – аҳли маорифи кишварро қонеъ гардонем ва бо пешниҳоди маводу матолиби ҷолибу судманд ва дархӯри замон хидмати бештар кунем.
Бо эҳтиром,

аҳли эҷоди нашрияи «Омӯзгор»

Добавить комментарий