МУАЛЛИМ РОҲНАМОИ АҲЛИ БАШАР АСТ

Падарам муаллим буд, муаллимони деҳаро дӯст медошт, бисёр мехост ман муаллим шавам. Муаллим шудам, муаллими алифбои ниёгон ва орзуи падарам ҷомаи амал пӯшид. 25 сол аст, ки фаъолияти омӯзгорӣ надорам, вале ҳар гоҳ ба деҳа равам, мардум бо ифтихор маро «муаллим» мегӯянд.

Падарам ҳеҷ гоҳ намехост, ки муаллим навбати пода равад, дар саҳро кор кунад, боз ба корҳои дигар машғул шавад. Ин воқеият аст, ман ба навбати пода бисёр рафтаам, алаф даравидаам, аз саҳро ғӯзапоя ҷамъоварӣ кардаам. Аммо ҳамаи инро ба ҳидояти падарам барои муаллимони деҳа кардам. Падарам ҳеҷ намехост, муаллимони деҳа як рӯзи дароз бо ҳамин корҳо банд шаванд.

Ҳеҷ аз хотирам намеравад, дар саҳро ғӯзапоя ҷамъоварӣ мекардем. Падарам ману бародаронамро супориш дод: «аввал ғӯзапояҳои муаллими Исмонқулро ҷамъоварӣ намоед. Муаллими Исмонқул танҳо як рӯз истироҳат дорад, рӯзҳои дигар дар мактаб аст. Бояд овораи кор нашавад. Дар мактаб фарзандони деҳа ӯро интизор…»

Ва ё мегуфт: «Говҳои муаллими Шералӣ Тӯрахон бе алаф намонад». Муаллими Шералӣ Тӯрахон, устоди падарам буд.

Дар тӯйю сурҳои хонаводагӣ, падарам муаллимони деҳаро аз боло гузаронда, таъкид мекард: «Муаллим мартабаи олимро дорад, балки болотар аз он».

Падарам ба орзуяш расид, аммо ҳавасашро надид, ҳаваси муаллимии маро дар мактаби деҳа. Дар курси аввал мехондам, ки зиндагиро падруд гуфт. Аммо васияташро ба ҷой овардам, муаллим шудам.

Боре падарам саволам дод: «Қаҳрамононро мешиносӣ?». Ман Восеъро мешинохтам, номи Восеъро гирифтам. Падарам табассум карду гуфт: «Дуруст гуфтӣ, Восеъ қаҳрамон аст, қаҳрамони халқ. Аммо қаҳрамонҳо дар ҷаҳон зиёданд, ҳазор, миллион ва зиёда аз он. Ҳамашон як ном доранд «МУАЛЛИМ».

Баъд дарёфтам, ки падарам дуруст гуфтаанд. Муаллимон қаҳрамонанд, қаҳрамони роҳи дониш, қаҳрамони роҳи таълиму тарбия ва қаҳрамони соҳибдониш намудани насли башар. Заҳмати софдилонаву содиқонаи муаллимон ҳамеша дар лавҳи хотири мо пойбарҷост…

Падарам, ки ба муаллиму мактаб муҳаббати зиёд дошт, дар мавсими обуна, пеш аз ҳама, ба рӯзномаи «Газетаи муаллимон» обуна мешуд. «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ»-ро ҳам дӯст медошт.

Солҳои 80-ум аз ҳисоби муаллимони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, ҷамъияти «Дониш» дар байни кишоварзон маърӯза мекарданд. Соли 1985. Дар синфи 6-ум мехондам. Лекторони ҷамъияти «Дониш» ба деҳаи мо омаданд. Баъди анҷоми маърӯза, падарам ба яке аз лекторон савол дод: «бо писарам суҳбат намо, росташро гӯй, писарам дар оянда муаллим мешавад ё не?»

Инро ҳам дар ёд дорам. Падарам бори аввал ва охирон маротиба маро «беодоб» гуфт. Савори маркаб бо падарам ба саҳро мерафтем. Муаллими Шералӣ Тӯрахон дар сари роҳ буд, хостам пештар аз падарам саломаш диҳам. Падарам гуфт, ҳеҷ мумкин нест, ин беэҳтиромӣ ба муаллим аст, муаллими ман, муаллими мактаби деҳа. Бояд муаллими Шералӣ Тӯрахон, пиёда наравад ва имрӯз ва рӯзҳои дигар то анҷом додани кораш, ҳамин маркаб дар ихтиёри муаллими Шералӣ Тӯрахон монад, барои анҷоми корҳои хоҷагиаш…

Имрӯз – чӣ? Савори мошинҳои гаронарзиш мегардем. Муаллимоне, ки сабақамон омӯхтаанд, пиёда барои анҷоми кори худ мераванд. Салом ҳам намедиҳем, саворашон намекунем. Чангу ғуборе, ки аз паси мошинамон мехезад, ба рӯйи муаллим мешинад. Гӯё муаллимро надидаем, намебинем…

Мо ҳамаро фаромӯш кардем. Мактабравӣ, мактабхониро низ. Муҳаббати доштаи падаронро нисбат ба муаллимон.

Бисёр мехоҳам, ки ягон муаллим фаромӯш нашавад. Муаллим қаҳрамон аст. Қаҳрамононро набояд фаромӯш кард. Дар бораашон бояд навишт, қиссаҳои рӯзгорашонро ёдоварӣ кард. Муаллим, ки фаромӯш шуд, ҷомеа ва худи мо фаромӯш мешавем.

Медонед, ба қадри муаллим расидан хеле осон аст. Як рӯз не, як соат ҳам не, танҳо ним соат муаллим шавед. Ба фарзандатон сабақ омӯзед, вазифа диҳед, пурсед. Аммо вақте ки фарзандатон чизеро надонист, асабӣ ҳам нашавед. Танҳо шукргузорӣ намоед, муаллим ҳаст, ки заҳмати зиёде барои фарзандони мо мекашад…

Аз ин рӯ, гуфтаниям, муаллимро дӯст доред, эҳтиром намоед. Барои ман қаҳрамони асосӣ муаллим маҳсуб меёбад. Ин қаҳрамонро дӯст медорам, эҳтиром мекунам.

Мегӯянд, ки омӯзгор то дами марг омӯзгор мемонад ва марги ӯ дарси дигаре барои инсонҳост.

Боз мегӯянд, ки омӯзгор барои омӯзиши башар аз Офаридгор дастур дорад ва бад-он мардумро ҳидоят менамояд.

Яъне барои ҳеҷ кас, дар ҳама давру замон ба ҷуз олим ва ё худ омӯзгор мақому мартабае баландтарро қоил набуданд. Ва ҳеҷ касро бештару беҳтар аз он гиромӣ намедоштанд. Ва худ омӯзгорон илмро бартар аз молу сарвати ҷаҳон донистаанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 28 августи соли 1995 дар вохӯрӣ бо фаъолони соҳаи маорифи кишвар баён дошта буданд: «То замоне ки мо барои аҳли маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистае муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст»

… Муаллимро дӯст доред, хидматашро то метавонед, ба ҷо оред.

Қурбоналӣ РАҲИМОВ,
корманди Иттифоқи касабаи
кормандони маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон