Чун вазифаи асосии адабиёти бадеӣ бозтоби образноки зиндагист, пас дар дунёи башарият ва муҳите, ки ҷумлаи одамиро иҳота мекунад, падидае, унсуре ва ҳодисае нест, ки берун аз ин вазифаи каломи бадеъ бошад. Борҳо дидаем, ки шоире аз тамошои гулистоне, ё носире аз як воқеаи таърихӣ ё як лаҳзаи сарнавишти инсони нек асарҳо дар шакли шеъри марғуб (чун инъикоси зебоиҳои табиат ҳамеша мавзуи назм будааст) ва ҳикояти ҷолибе (чун хосияти асосии ҳикоят ҳамин аст, ки як лаҳзаи умри хуби одамиро ба тасвир мегирад) офаридаанд. Яъне, адабиёт арсаи офариданҳост, аммо чанд шарте дорад, ки хулосааш якест: набояд зиндагӣ ончунон ки ҳаст, айнан ба асари бадеӣ кӯчонида шавад, барои он ки чунин нашавад, адиб дар ихтиёри хештан даҳҳо абзори бозтоби бадеӣ дорад.
Сарчашмаи завқи бадеии адибон гуногун аст ва аз хонандагон низ. Маълум, ки китоби бадеиро мувофиқи тамоилоти завқӣ мехонанд ва ин масъала ҳамеша барои адибон чун муаммо боқӣ мемонад. Муаммо бад-ин маъно, ки масалан, дар насри бадеӣ ба яке мутолиаи романҳо ва қиссаву ҳикоёти таърихӣ бештар писанд меояд, ба дигаре ҳикояти муҳтавояш ошиқона, аммо бо дарунмояи ахлоқӣ ва ё равонӣ. Ба қавле, ба яке он осоре писанд аст, ки мавзуяш зиндагии мардум дар имрӯз ҳаст, ба дигаре гирудори олами ботинии инсон, фарқе нест, ки инсони муосир аст ва ё аз дунёи пешин.
Аммо дар ин анбуҳи офаридаҳои бадеӣ навъе ҳаст, ки хонандаи ниҳоят бисёр дорад ва ин навъи адабиётро анималистика мегӯянд. Маънояш «тасвири ҳайвоноту ҷонварон дар адабиёт» аст ва решааш аз калимаи лотинии animal (ҳайвон) аст. Дар ин навъи осори бадеӣ адибон ба роҳу тарзҳои гуногун ба тасвири олами ҳайвонот мепардозанд, ё бевосита ин оламро ба тасвир мегиранд, ё тавассути тасвири ин ё он навъи ҳайвоноту ҷонварон ормонҳо ва арзишҳои волои хешро ифода мекунанд.
Ин навъи тасвир танҳо хосси адабиёти бадеӣ, ки тавассути сухан арзи ҳастӣ мекунад, нест, аз қадимулайём дар анвои дигари санъату ҳунар, мисли наққошӣ, манзаранигориву муҷассамасозӣ низ истифода мешуд. Дар адабиёти қадими форсии тоҷикӣ ва осори ҳунарии қадими мардумони Ғарб низ адибон ба тасвири бадеии олами ҳайвонот майли беканора доштанд, ки дар мо намунаи аз ҳама муассираш ҳамин масалҳо ё тамсилҳост. Дар жанри масал ин ё он ҷонвару ҳайвон ба забони одамӣ сухан мегӯяд ва рафтор мекунад.
Ҳадафи асосии адибон аз ин гуна масалҳо бо ширкати ҳайвонот мардумро панд додан ва ормону арзишҳои инсониро дар зеҳни хонанда ҳазм кунонидан аст. Аслан дар жанри масал ахлоқу маънавияти одамон, нақсу иллатҳои бад дар муносиботи иҷтимоӣ, беадолативу ҷабру истибдод ва дигар масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ баён мешаванд. Хосияти асосиаш ҳамин аст, ки агарчи ҳайвонот тасвир мешаванд, аммо дар зимни ин тасвирҳо одамон ва сохтори ҷомеа дар назар дошта мешавад.
Гуфтем, ки навъи анималистика ё тасвири олами ҳайвония дар асарҳои бадеӣ гуногун мешавад. Баъзе адибон ҳайвонотро на бо ҳадафи махсус, балки ҳамчун яке аз унсурҳои таркибии кори адабӣ (масалан, ҳамчун яке аз ҷузъиёти тасвири бадеӣ), дигар адибон барои рӯшан кардани хислату характери қаҳрамонон тавассути муносибаташон бо ҳайвонот мавриди корбурд қарор медиҳанд. Масалан, ҳар касе, ки романи маъруфи Лев Толстой «Анна Каренина»-ро хонда бошад, ҳатман ба ёдаш образи аспе бо лақаби «Фру-фру» мерасад: ин аспи хушзоти инглисӣ барои қаҳрамони асар граф Вронский бисёр азиз буда, ба соҳибаш содиқона хидмат мекард, дар мусобиқоти аспдавонӣ ҳамеша ғолиб меомад. Аммо бо гуноҳ ва бемасъулиятии соҳибаш камар ё миёни асп зарби сахт мехӯрад ва асп корношоям мегардад. Охири охирон аспро бино ба «нодаркор шуданаш» мепаронанд. Толстой тавассути ин образ аз сабукандешиву бадахлоқии граф Вронский ҳушдор медиҳад: инсоне, ки барояш асп ва Анна Каренина, ки маъшуқааш буд, ҳамчун воситаи дилхушӣ хидмат мекарданд ва дар натиҷа ин граф пеши назари хонанда ҳамчун як одами пастфитрат ва нисбат ба сарнавишти азизонаш бераҳму золиму бадандеш таҷаллӣ мегардад.
Аммо намунаҳои баръакс ҳам ҳаст. Дар романи машҳури нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов «Алвидоъ, Гулсарӣ» муносибати қаҳрамони асосӣ Танабой бо аспи меҳрубонаш бо лақаб ё номи Гулсарӣ бисёр табииву меҳрубонона аст. Агар дар романи дар боло номбурдаи Толстой асп қаҳрамони лаҳзавӣ бошад, ин ҷо, дар тасвири Айтматов баробари дигар персонажҳо фаъолият мекунад. Чизҳое, ки аспро ба соҳибаш ва баръакс, Танабойро бо Гулсарӣ ба ҳам овардааст, муҳаббат ба озодӣ, сидқу сафо ва ишқу алоқаҳои пуротифа аст. Танабой бо ин рафиқи содиқаш аз имтиҳонҳои зиёде мегузарад ва нависанда собит кардааст, ки ҳамин ғамхории одамон нисбат ба ҳайвонот нишонае аз маънавияти одамӣ ва асли гуманизм, гувоҳи ахлоқи волост.
Гоҳе мешавад, ки дар осори бадеӣ намояндагони олами ҳайвонот (асп, саг, гурба ва ғайра) ҳамчун ноқили асосии воқеаҳо аз ҷониби адибон интихоб мешаванд. Шумо асарро барои мутолиа мекушоед ва мебинед, ки нақл аз забони ҳайвонот аст. Дар масалҳо ин қоида табиист, мо асарҳои бадеии навъи қиссаву романро дар назар дорем. Масалан, дар қиссаи «Холстомер»-и Лев Толстой, «Таҳқиқи як саг»-и Кафка, «Аз нуқтаи назари гурба»-и Карел Чапек. Дар ин асарҳо ҳайвонот аз сарнавишти мушкили хеш сухан мегӯянд ва адибон бо ҳамин тарзи тасвир беибо ва ошкоро масъалаҳои муҳимми иҷтимоии ҷомеаҳои истибдодиро ба миён мегузоранд.
Адиби маъруфи ҷопонӣ Натсумэ Сосэки дар романи хеле овозадораш бо унвони «Хидматгузори содиқи шумо – гурба» аз забони гурба фоҷеаву камбудҳои ҷомеаи ҳамонвақтаи ҷопониро ба танқиди шадид гирифтааст. Бо чунин шакл адибон он чизҳоеро мехостанд бигӯянд, ки дар дил доштанд, аммо аз забони ҳайвонот садо карданашон басо самимӣ ва барои адибон «бехатар» баромадааст. Гурбаи мавриди тасвири нависандаи ҷопонӣ ҳатто номи мушаххас надорад, зеро ба касе даркор нест ва буданаш ҳам дар хонавода касеро ба ташвиш намеорад. Тавассути чунин тасвир нависанда ҳаёти худашро дар назар дорад: ӯ дар оила писари шашум буд ва волидон таваллуди ӯро чандон хоҳишманд набуданд. То таваллуди Сосэки падараш сарватманд буд, аммо аз дигаргуниву тағйироти замона қафо монд ва қисмати аъзами моликияташро аз даст дод.
Гӯйё ҳама мушкилоти оила аз бехосият будани ҳамин фарзанд маънидод мешуд. Падар мехост ӯро ба оилаи дигар диҳад, зеро ин писарро як хӯрандаи барзиёд медид. Писарро як оилаи бефарзанд мегирад, аммо осоиши кӯдак дер идома намеёбад: марду зан ҷудо мешаванд ва писарро маҷбуран ба оилаи худаш бармегардонанд. Хулоса, ин роман аз дурӯягиву бадахлоқӣ ва бетарафию бешарафии зиёиёни ҷопонӣ бо истифодаи танзу ҳаҷви намакин ҳикоят мекунад ва нақши гурба дар тору пуди асар асосист.
Албатта, асарҳои Толстой ё Сосэки, агарчи дар бораи ҳайвонотанд, аммо ба пиндору тасаввур ва маърифати бузургсолон нигаронида шудаанд. Қаҳрамонони асар ҳайвонотанд, аммо аз таҷрибаи сахти ҳаёт баҳраҳо бурда, ин таҷрибаро барои дигарон ҷиҳати муроқибаву таҳлилу бардошт интиқол доданӣ мешаванд. Хонанда зуд аз ишораву маъниҳои зерматнии ин асарҳо мавод барои андеша мегирад.
Аммо нависандаҳое, ки дар ин жанр барои кӯдакон менависанд, самара ва натиҷаҳои бештареро мунтазир мешаванд. Аз ин ҷост, ки асарҳои анималистие, ки барои кӯдакон таълиф мешаванд, миёни хонандагон маъруфияти бештар доранд. Дар ин навъи асарҳо низ бештар ҳайвонот нақши ноқилро иҷро мекунанд ва он масъалаҳое мавриди таҳлил қарор мегиранд, ки барои синну соли кӯдакону наврасон мувофиқ ҳастанд, масалан, баррасиҳо дар бораи дӯстиву қадри якдигарро донистан, риоя кардани адолат дар ҳама корҳо ва муносибатҳо, дур набудан аз ҷамъият ва хатари танҳоӣ, ғамхору кумакрасони ҳамдигар будан ва ғайраҳо.
Дар ин навъи асарҳо, яъне, адабиёт барои бачагон, бештар сагҳо нақши қаҳрамони осори бадеиро иҷро мекунанд, чунки кӯдакону наврасон сагҳоро бештар дӯст медоранд ва дар миёни олами ҳайвонот аз ҳама бештар саг ҳамчун намод ё рамзи сидқу вафодорӣ ба инсон эътироф мешавад. Баъдан, сарнавишти талхи сагҳо бештар дар ниҳоди кӯдакону наврасон раҳму шафқатро бедор мекунанд. Ниҳоят, тавассути характери сагҳо унсурҳои муҳимми ба инсон мутааллиқ – ақл, шуҷоат ва садоқатро ба хонандагон талқин кардан мувофиқ ва бештар имконпазир аст.
Чунин хислатҳоро нависанда Эрик Найт дар романи «Лесси» бисёр мувофиқ истифода кардааст. Саги навъи шотландӣ бо лақаби Лесси ба дӯсти ҷавонаш – Ҷо ниҳоят вафодор аст. Аммо падари Ҷо – нақбкани камбағал, ки аз кор маҳрум шудааст, маҷбур мешавад, ки сагро ба сарватманде фурӯшад. Ин ҷудоӣ дер идома намекунад ва саг рӯзе аз рӯзҳо ба хона бармегардад. Тасвири сафари якҷояи Ҷо бо дӯсташ Лесси лаҳзаҳои муассири роман ҳастанд, ки арзишҳои волои ахлоқиву маънавии инсониро талқин мекунанд.
Гумонам, хеле кам одамоне ёфт мешаванд, ки агар асарро нахонда бошанд, филми ҳунарии «Бими сафед» (номи роман «Бими сафеди гӯшсиёҳ», муаллифаш Гавриил Троеполский)-ро надида бошанд. Бим ғамхору ҳамдами доимии хӯҷаинаш аст, аммо як лаҳзаи ба сактаи дил гирифтор шудани соҳибаш ӯро ба саду як имтиҳони сахт дучор мегардонад. Ин романро коргардони машҳур Станислав Ростотский ба филм табдил додааст, ки нақши асосиро ҳунарпешаи маъруф Вячеслав Тихонов иҷро мекунад.
Аз нигоҳи умумӣ ба таснифи осори бадеии соҳаи анималистика тамоми ин асарҳоро ба радаи «Инсон ва табиат» шомил кардан дуруст менамояд. Дар адабиёти ҷаҳон адибоне ҳастанд, ки мавзуи табиат ва таъсири он ба инсонро хеле фарох ва мутобиқ ба ҷаҳонбинии пешрафтаи худ ба таҳлил мегиранд, ки намунааш эҷодиёти Лев Толстой аст. Ин нависанда бештар бо роҳу равиши равонковӣ ба олами ботинии инсон ва ҳайвон дидаи таҳқиқ медӯзад ва хулосаҳои муҳимми фалсафию иҷтимоӣ ҳосил мекунад.
Антон Павлович Чехов низ ҳамин навъ нависандаи моҳиятбин аст: ҳикоёти ӯ бо унвони «Каштанка» ва «Пешонасафед» намунаҳои беҳтарин дар ин навъи адабӣ ба шумор мераванд. Нависанда тавассути роҳу тарзҳои гуногуни таҳлили равонӣ психологияи зоологии сагро ба намоиш мегузорад: дар тасаввури хонанда саг (Каштанка) ҳамчун ҷонвари ниҳоят боақлу боҳуш намудор шуда, ҳатто қудрати фаҳму дарки неку бади олами ҳастиро пайдо мекунад. Дар қиссаи «Зумуррад»-и Куприн ҳатто хоби асп ва қобилияти дар ҳаёт татбиқ шудани хобро аз ҷониби асп дидан мумкин аст.
Албатта, на ҳама адибоне, ки дар ин соҳаи наср асар меофаранд, қобилият ва истеъдоди якхелаи дар адабиёт татбиқ кардани андеша ва ҳикматҳои арзиширо доранд. Ба аксар нависандагон дар офариниши образҳои ҳайвонот истифодаи портрет ё қиёфаи равонӣ, гуфтугӯ бо худ ё монолог, ёддоштҳо, тасвири дунёи ботинии ҳайвонот хос аст. Яъне, ба қавли дигар, адибон ба ҳайвонот имкони сухан гуфтан, андеша кардан, мисли инсонҳо гоҳе рафтор кардан, ба ҳайвонот нисбат додани вижагиҳои кирдорҳои одамӣ ва бозтоби дунёи дарунии онҳоро фароҳам меоранд ва маҳз чунин вижагиҳо ин навъи асарҳоро хонданбоб ва барои аксар хонандагон маҳбуб мегардонанд. Агар дар адабиёти ҷаҳон мо мисоле дарёфт карданӣ шавем, ки ҳамаи ин унсурҳо якҷо татбиқ шудаанд, пас ин мисол романи «Қалби як саг»-и нависандаи овозадор Михаил Булгаков аст.
Дар умум, метавон чанд навъи осори бадеии ин соҳаи насрро ҷудо кард, ки ҳангоми мутолиа донистанашон аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Аввалан, натурализми классикӣ, ки дар онҳо ёдкарди одамон муҳим нест, дар онҳо дунёи ҳайвонот ба таври алоҳида ва ҷудо аз дигар анвои мавҷудот манзур мегардад. Мисоли хуби ин гурӯҳ силсилаи «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот»-и Сеттон-Томпсон аст.
Баъдан натурализми ҳамдилӣ, ки дар ин равия адибон кӯшиш мекунанд, инсон худашро дар мавқеи ҳайвонот тасаввур кунад, яъне, худро ҳамдилу ҳамдам ва ҳамсози ин ё он ҷонварони тасвиршуда пиндорад.
Сеюм, равияи анималистикаи антропологӣ ё инсонӣ, ки ҳадафи бузургтаре дорад. Руҳияи ин осор ба он равона шудааст, ки инсонҳоро талқин мекунад, то аз рафтори ҳайвонот чизе ба худ бигиранд. Яъне, то ҳадди мумкин ҷонварон бо одамон ҳамсон тасвир мешаванд. Масалан, «Суруди уқоб»-и Максим Горкий ҳамин гуна руҳия дорад.
Чаҳорум, анималистикаи эҳсосӣ ё сентименталӣ, ки ба қаҳрамон имкон медиҳад, ки гузаштаро ба хотир оварда, ин ё он ҷонвари замоне азизашро бо вазъу ҳолати имрӯзааш қиёс кунад.
Панҷум, масалҳое, ки ҳамеша хонданбобанд ва асосан аз ахлоқу адабу маънавият маъно медиҳанд. Бузургтарин масалнависони адабиёти ҷаҳон Лев Толстой, Лессинг, Лафонтен, Крилов, Федр ва дар адабиёти мо, албатта, аз Убайди Зоконӣ ном гирифтан ифтихор аст.
Ва ниҳоят, ин радаро афсонаҳои анималистии адабӣ хотима медиҳанд. «Китоби ҷунгли»-и нависандаи маъруфи инглис Р. Киплинг беҳтарин намунаи ин гурӯҳи асарҳост.
Дар адабиёти миллии мо низ адиберо ёфтан муҳол аст, ки дар осораш аз сарнавишти ҷонварон сухан нарафта бошад, ҳам дар сатҳи қаҳрамони асосӣ ва ҳам лаҳзавӣ. Аммо дар ин миён нависанда Маҷид Салим батамом адиби анималист эътироф шудааст. Аксари осори ӯ дар васфи табиат ва гирудори олами ҳаявон таълиф шудаанд. Асарҳое, ки ӯ дар ҳамин пояи диду дарёфт эҷод кардааст, «Гурги похӯрда», «Зоғеву доғе», «Панҷаи ҳасрат», «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот», «Мурғи даштӣ», «Аз пайи паланг», «Чӯҷаи кабк», «Озодапаланг», «Шоҳпарак ва рангинкамон» мебошанд.
Муҳимтарин ҳушдори ин гурӯҳи адибон ҳамин аст, ки мардум табиатро бо ҳама бешу камаш, бо ҳама шебу фарозаш ҳамчун хонаи умумии башарият эҳтиром ва ҳифз кунанд. Дар олам чизе нест, ки ба инсон дахл надошта бошад ва аз доираи таваҷҷуҳи ӯ берун монад. Ҳамин аст ҳикмати ин навъи адабиёти бадеӣ.
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос