Рӯ ба мактабу омӯзгор биёрем!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сафарҳои кории худ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нахуст бо кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла, устодону омӯзгорон вохӯрда, бо кору фаъолияти онҳо шинос мешаванд. Сарвари давлат дар ин сафару вохӯриҳо ба таври муқаррарию хоксорона по ба остонаи муассисаҳои таълимӣ мегузоранд, ба синфхонаҳо ворид мешаванд ва паси миз нишаста, бо мактабиён – хонандагон рӯ ба рӯ суҳбат анҷом медиҳанд. Чунин рафтору муносибат, суҳбату муоширати падарона бо мактабиён магар мояи шарафу ифтихори аҳли маорифи кишвар ба шумор намеравад? Гузашта аз ин, муҳиту фазои инсондӯстона ва орӣ аз такаллуфу ҳангома, ки бо ташрифи хеш ба ину он таълимгоҳ Сарвари давлат ба вуҷуд меоранд, оё муҷиби ибрат, ҳидояту сабақ ба руасои шаҳру навоҳӣ, ҷамоати деҳоту шаҳракҳо намебошад? Президенти мамлакат ҳамеша ва ба гунаи мукаррар дар байни мардуми заҳматкаш буданро мояи сарфарозӣ медонанд ва дар кулли вохӯрию мулоқотҳояшон, суханрониҳояшон дар ҷашну тантанаҳо, аз ҷумла, дар Паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ аз масъулин даъват ба амал меоранд, ки зуд-зуд ба назди сокинони деҳу музофот рафта, аз ҳолу аҳвол, кору бор ва вазъу шароити зиндагияшон пурсон шаванд, зеро мардум ташнаи як сухани самимӣ, дилрас ва болидаруҳона мебошанд. Ва дигар ин ки, чунин сафарҳову вохӯриҳо бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат, бахусус, кӯҳистони дурдаст вазифаю рисолат ва масъулияти ҷонии мақомдорон ба шумор меравад. Мутаассифона, мушоҳида ва бардоштҳои воқеӣ боз­гӯйи онанд, ки дар маҳалҳо боздиду вохӯриҳои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ бо сокинон, ба вижа, аҳли маориф, омӯзгорону устодон дар сатҳи зарурӣ ва дилхоҳ қарор надорад. Ҳароина, вомехӯранд, раисону муовинони онҳо дар ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, ки фаъолияти кории худро ба соҳаи маориф, пешрафти таълиму тарбия, бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, ғамхорӣ зоҳир намудан ба омӯзгорон, хусусан, мутахассисони ҷавон ва таъмини онҳо бо имтиёзоти пешбинишуда аз ҷониби Ҳукумати кишвар равона кардаанд. Аммо дар маҷмуъ, аксар ҳангом намояндагону мутасаддиёни ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ба муассисаҳои таълимӣ дар иртибот ба ягон ҷашне, ё ифтитоҳи бинои наву синфхонаҳои иловагӣ ва зарурати корӣ ташриф меоранд. Ҳол он ки роқими ин сатрҳо борҳо дар навиштаҳои худ таъкид карда буд, ки раисону муовинони соҳавии онҳо дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳеҷ ҷойи нигаронӣ надорад, агар бе ҳеҷ ташрифи расмӣ ва тантанаю чорабиние ба таълимгоҳҳои қаламравашон қадам гузоранд, дар дафтари кори омӯзгорон бо онҳо суҳбати судманду самимӣ биороянд, аз ҳолу аҳвол ва фаъолияту мушкилоти мавҷуда дар раванди таълиму тарбия воқиф шаванд. Айни ҳол лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар арафаи қабул шудан қарор дорад, лозим аст, ки тамоми фаъолият ва саъйю талоши аҳли ҷомеа, хусусан, мақомотҳои ҳукумати иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ба соҳаи маориф, мактаб ва беҳбуд бахшидан ба сатҳи таълиму тарбия, беҳтару хубтар гардондани вазъи зисту маишати устодону омӯзгорон ва дастгирию ҳавасмандсозии ин қишри воқеан, фидоию заҳматкаш нигаронида шавад, зикри чанд нуктаро перомуни ба таври қонеъкунанда ва ҳамаҷониба ҳавасманду қадрдонӣ нагардидани омӯзгорону устодони собиқадору таҷрибаманд, дастгирии мутахассисони ҷавон ва дилсард шудану тарки мактаб кардани онҳо ба сабаби мавҷуд набудани шароити зарурӣ барои зисту маишаташон лозим медонем, ки баён намудани он ҳама аз манфиат холӣ нест.

Ҳавасмандию қадрдонии омӯзгорону устодон ва ҳайати педагогии муассисаҳои таълимӣ имрӯз танҳо вазифаи таълимгоҳҳо набуда, балки ҳукумат­ҳои шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф ба ин масъала сидқан, бо камоли эҳтирому арҷгузорӣ бояд муносибат кунанд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи раисони ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои маориф, масъулони ҷамоатҳои деҳоту шаҳ­ракҳо қадрдонию арҷгузории омӯзгорони варзидаи собиқадор ва муваффақу пешқадам ба шумор меравад. Боиси нигаронист, ки иддае аз соҳибмақомони ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ин масъала аз қавле, «аз паси панҷа» менигаранд ва баҳри ҳавасманд намудани устодону омӯзгорон, аслан, талошеву кӯшише ба харҷ намедиҳанд. Боре дар яке аз чорабинии ҷашнӣ, ки бо иштироки намояндагони ҳукумати ноҳия дар маркази ҷамоате мегузашт, дар баробари маърӯзаву суханрониҳо, ташкили рақсу сурудхонии сарояндагон, қисмати (гӯё!) қадрдонии шахсони муваффақу пешқадам сурат гирифт. Намояндаи ҷамоат танҳо бо таърифу ситоиш аз чанд раиси маҳалла ва бо сипосномаю ифтихорнома қадрдонӣ намудани онҳо иктифо кард, ки ҳозиринро ба ҳайрат гузошт. Наход дар қаламрави ҷамоат чанд омӯзгору директори воқеан, заҳматкашу кӯшо фаъолият намекардаанд, ки сазовори суханони нек ва ифтихорнома гарданд? Як сабаби дилсардию бо ҷӯшу хурӯш ва руҳияи барозанда ба баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат накардани омӯзгорон магар маҳз дар чунин омилҳо нанҳуфтааст? Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки масъалаи қадрдонию арҷгузории омӯзгорон боз ҳам бештар дар меҳвар қарор гирад. Ҳангоми ба нафақа баромадани онҳо ҳатман дар ҷаласаи тантанавӣ, ба ин мақсад муовини раиси ноҳия оид ба маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, сардори раёсат ё шуъбаи маориф, раиси ҷамоат (ё шаҳрак), директори таълимгоҳ мустақиман ширкат намуда, бо қадрдонии заҳматҳои чандинсолаи омӯзгорон дар вазъияти бошукӯҳ онҳоро ба нафақа гусел кунанд. Бо ин амал, аз як тараф, агар аз самараи заҳматҳои худ омӯзгори собиқадор хушҳол гардад, аз ҷониби дигар, барои омӯзгорони ҷавон чунин арҷгузорӣ дарси ибратомӯз хоҳад гардид. Яъне, онҳо аз мушоҳидаи чунин манзараи муассир ба хулосае меоянд, ки барои ба қуллаҳои баланди шаъну шараф ва эҳтирому арҷгузорӣ расидан ба мисли ин омӯзгорон ранҷу заҳмати ҳамвора бояд бикашанд. Ана, дар ин ҳолат тир ба ҳадаф мерасад, қадру манзалат ва мақому ҷойгоҳи омӯзгор баланд мегардад. Масъалаи ҳалталаб ва нозуку ҳассоси дигар, ки ба пешрафту рушди соҳаи маориф ва ҳавасманд гардидани омӯзгорон, алалхусус, му­-тахассисони ҷавон такони ҷиддӣ хо­ҳад бахшид, ҳамоно бо имтиёзоти муқарраргардида, хусусан, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани онҳо мебошад.

Вақти он расидааст, ки дар қадами аввал сохтмони хобгоҳҳоро барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар дигар шаҳру навоҳӣ зиндагӣ ба сар мебаранду масофа аз мактаб то маҳалли зисташон хеле дур аст, вусъат бахшида, ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон садди сунъӣ ба вуҷуд наорем. Тавре ҳамагон огаҳӣ доранд, дар нишасти матбуотии соли гузашта раҳбарияти Вазорати маориф ва илм босароҳат эълом дошт, ки барои минбаъд ҷалби омӯзгорон ба корҳои берун аз мактабӣ манъ гардидааст. Аммо боиси ташвишу изтироб аст, ки ҳанӯз дар баъзе шаҳру навоҳӣ мутасаддиёну масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ омӯзгоронро худсарона ба корҳои дигар, ки ба фаъолияти педагогии онҳо халал мерасонад, фаро мегиранд. Дар баланд гардидани нуфузу обрӯ ва мақому ҷойгоҳи омӯзгорон худи онҳо низ бояд талош ва азму саъй намоянд. Имрӯз бе омӯзиши бардавом, донишу тафаккур ва ҷаҳонбинии пешрафтаи интеллектуалӣ, мутолиаи фаровон, донистани нозукию ҷузъиёти технологияи навини замони муосир ва кор бо ин васоит наметавон гули сари сабади маҳфилу чорабиниҳо гардид. Шикояту заифнолӣ, пайваста дар иҷрои кору амале баҳонаҳоеро, аз қабили «вақти сархорӣ надорам», «аз уҳдаи ин кор намебароям», «вазифаи ман аз чунину чунон амалҳо иборат нест» ва амсоли инҳоро шафеъ овардан дигар дархӯри пешаи омӯзгорӣ нест.

Воқеан, омӯзгорӣ пешаи шарофатмандона буда, ба маснади бузургӣ расидани соҳибони ин пеша аз омилҳои таъсиргузор, ки дар боло зикр кардем, вобастагии калон дорад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»