Дар раванди таълиму тарбия нақши омӯзгор хеле бузург аст. Дарс яке аз шаклҳои таълим буда, баробари рушди ҷомеа ва таҳаввулоти соҳа мазмуни тоза пайдо мекунад ва самарабахш ба роҳ мондани он аз маҳорату кордонии ҳар як омӯзгор вобастагӣ дорад. Бо дарназардошти мақсади ниҳоии мактабу маориф, маҳорати касбии омӯзгор такомул ёфта, ӯ бояд ба муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа диди нав дошта бошад. Дониши худро пайваста такмил бахшад, аз дастовардҳои илмии соҳа бохабар гардад. Аз омӯзгор талабот имрӯз дигар аст ва ӯ ҳам бояд муносибаташро ба таълиму тарбия тағйир диҳад.
Раванди таълим дар асоси дониш, малака ва маҳорати хонанда роҳандозӣ шуда, талаботи маърифатии ӯро бояд қонеъ намояд. Ба эътибор гирифтани қобилияти хонандагон дар иҷрои фаъолиятҳои таълимӣ ва дар заминаи он такмил додани малакаву маҳорати онҳо шарти зарурии ҷараёни таълим аст.
Ҳар як хонанда ба дарс бо дараҷаи гуногуни тайёрӣ меояд. Аз ин лиҳоз, омӯзгор бояд қобилияти сатҳи салоҳиятнокии ҳар як хонандаро муайян карда тавонад. Истифодаи усулҳои нав раванди дарсро пурмазмун ва шавқовар мегардонад.
Ҳангоми баёни мавзуи нав омӯзгор метавонад аз шаклу усул ва методҳои интерактивии таълим, ки яке аз талаботи асосии дарси муосир аст, ба таври васеъ истифода барад.
Тарбия раванди мураккаб буда, аз омӯзгор дониши фаровон ва маҳорати баланди касбиро талаб менамояд.
Устоду Садриддин Айнӣ фармудааст: «Фикри соиб ва ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад, магар аз мактабу мадорис». Воқеан, танҳо тавассути савод омӯзондан ва тарбияи дуруст метавонем инсони ҳаматарафа ташаккулёфтаро ба камол расонем.
Инобатхон Исмоилова,
омӯзгори географияи МТМУ №3-и шаҳри Ваҳдат