ҲАДАФИ КИТОБХОНӢ – ХУДРО ДАРЁФТАНУ ШИНОХТАН

Ҳанӯз дар аҳди қадим дар маъбади Зевс (ки ӯро юнониҳои бостон Эзади эзадҳо эътироф мекарданд) лавҳае буд ба ин мазмун: «Худро бишнос». Зиндагии одамӣ зудгузар аст ва он касе ба маънои томаш маънои зиндагиашро дармеёбад, ки худро дар ин раванди гирудори кайҳон дарёбад ва бишносад.

Башарият дар он замоне ки ҳанӯз воситаҳои илмии шинохт ва маърифати худӣ набуд, тавассути асотиру ривоятҳо асрори азалро ҷустуҷӯ мекард, аз ҳар ривояту устурае маъно меҷуст… «Достони Гилгамеш»-и шумериҳои қадим (ҳазораи 2-юми қабл аз милод) бори нахуст мубориза барои бемаргиро ба мардум талқин кард: зиндагии одамиро касеву чизе наметавонад қатъ кунад, вақте аз ӯ ёдҳо аз шарафу эътибор ва корҳои шоистааш боқӣ мемонад.

Достонҳои Ҳомери юнонӣ («Илионӣ» ва «Одиссея», қарни 8-уми пеш аз милод) шарафи одамӣ ва қудрати беинтиҳои муҳаббати инсонро нисбат ба меҳан ва нигаҳдошти фарри одамиро дар рӯбарӯйи ҷангҳо ва муборизаҳои беинтиҳо барои аз бардагӣ халос шудан бозгӯ мекунанд, ки то кунун беҳтарин намунаҳои тасовири адабии омехта бо афкори баланди ҳикамӣ мемонанд. Яъне, ҳанӯз дар бомдоди ташаккули ҷомеаҳои башарӣ, ки на қонун буду на китоб, ҳамин тасаввуроти асотирӣ раҳнамои мардум барои маърифати худу шинохти кайҳон буданд.

Баъдан аз ҳамин тасаввуру пиндорҳои асотирӣ назариёти гуногуни илмӣ ба вуҷуд омаданд, масалан, ҳамин қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо, ки дар фалсафа эътибори баланд дорад, барчида аз дурдонаҳои устураи Прометейи юнонист. Ин навъ мисолҳоро зиёд овардан мумкин аст.

Баъдан нахустин афкори фалсафӣ дар шакли ақидаҳову гуфторҳову суханрониҳо зуҳур карданд ва барои дуруст фаҳм шудани ин ҳикматҳо ба мағзу шуури мардум адибон онҳоро дар либоси анвои гуногуни адаби бадеӣ манзур карданд. Ҳамин тавр, адабиёти бадеӣ дар радифи талқини зебоӣ, вазифаи маърифат ва дарёфти ҳақоиқи ҳастиро ба шона гирифт ва бузургтарин хидматаш ҳам ҳамин аст. Адабиётро на барои он мехонанд, ки вақти инсон хуш гузарад, балки барои он ки аз хондаҳояш чизе лозим барои худшиносиашон дарёбанд.

Ҳоло замоне шуда, ки ҳар касеро масъалаву муаммо ва андешаву савдоест: одаме нест, ки мушкиле надошта бошад. Посухи ин суол, ки инсон дар анбуҳи гирудори зиндагӣ кай худро дуруст дармеёбад ва ҳаёти хешро дуруст танзим мекунад, басо душвор аст. Аммо посух ҳаст ва онро адабиёт якҷо бо фалсафа медиҳад.

Аз қадим ҳам дар каломи бадеъ ва низ дар фалсафа чунин маъно арзиш дошт, ки инсон ҷузъе аз табиат аст ва агар ҳамеша бо ин неъмати бузург худ­ро ҳамоҳанг кунад, осоише дар ҳастӣ хоҳад дарёфт. Масалан, ҳакими хушноми чи­ноӣ Ян Чжу (асри V қабл аз милод) ин масъаларо хеле сода мепиндорад ва менависад: «Инсон як бор мезияд ва бояд чӣ гуна худро ғамхор бошад? Ду амалро бояд иҷро кунад:

– ба худаш халал нарасонад;

– дар як ҷо наистад. Хулоса, озод бизиҳад».

Ин ду амал чӣ маъно дорад? Шарҳаш аҷиб аст: гӯши одам ҳамеша хостори шунидани мусиқаву хонишҳост, садди ин кор нашавад; чашм ҳамеша зебоиҳо ва рангҳоро дидан мехоҳад, ин биноиро маҳдуд накунад; бинии одам низ ниёзҳо дорад, бӯйи хушро дӯст медорад, мудом ин хоҳишро иҷро бикунад, забон мехоҳад, ҳамеша такаллум кунад, пеши роҳашро одам бояд нагирад, чун ақл кунд мегардад.

Андеша, мағзи инсон аз ҳама бештар озодӣ мехоҳад, онро маҳдуд кардан худро ғулому бардаи дигарон кардан аст, зӯран пеши роҳи андешаро гирифтан маънои ба марги яқин маҳкум шуданро дорад.

Пеши роҳи ин хубиҳову хушиҳои табиати инсониро гирифтан истибдод аст. Маънои ҳаёти осуда ҳамин аст, ки инсон ҳамин ниёзҳои чашму гӯшу биниву забону ақидаву андешаро набояд сарфи назар кунад. Аммо ҳамаи ин амалҳоро меъёр ва нозираш тафаккури солим аст.

Ин ҳакими аҳди бостон дар мавриди вазъи руҳиву равонии инсонҳо низ афкори ҷолиб дорад. Одамон дар чаҳор ҳолат осудагиро дарнамеёбанд: умри дароз (агар он умри азизро беҳуда сарф кунанд), шарафмандӣ (бо як-ду амале соҳиби шараф шуда, як умр дигар бо он ноз мекунанд), рутбаҳо (фаразан, доктору профессорҳо, академикҳо, ки осорашонро ҷуз худашон касе намехонад, бархе шуарои халқӣ, ки шеърашон миёни мардум гардиш надорад, кормандони шоиставу хеле шоиста, ки ҳамин шоистагиҳояшонро ҷуз худашон касе эҳсос намекунад, чун маҳбубият надоранд ва ғайра) ва ниҳоят сарват (агар он ғолиби одам ва раҳнамои одам шавад ва ақлашро кӯр кунад).

Аз осмони фалсафа ба замини зиндагӣ фаромада, дурустии ин афкорро мо ҳамарӯза мебинему эҳсос мекунем: хеле инсонҳо ихтиёри чашмро ба андозае сар медиҳанд, ки дигар дар ҳар хонуми раҳгузар ҷононаеро мебинанд; гӯшро ба шунидани чизҳои нолозим иҷоза медиҳанд (фаразан, дар маҳофилу маҷолиси нозарур ё суҳбати мардуми бадгуҳар), забонро иҷоза медиҳанд, ки ҳарза бигӯяд (хусусан, дашному сақат ва қабеҳгуфтанҳоро).

Мутафаккири Руми бостон Проперсий мегуфт, касе, ки дашноми қабеҳ, ҳатто дар ҳоли шӯхиву ҳазл ҳам бигӯяд, ин маъниро дорад, ки ҳоло ба сатҳи одам нарасидаст, яъне, дар сатҳи ҳайвоният қарор дорад, агар аз ин дараҷа – қабеҳгӯиву ҳарзаву дашном гуфтан гузарад, он гаҳ дар мақоми одами муътадил (на васату олӣ) ҷой хоҳад гирифт.

Чизи охир ҷилави андешаро гирифтан аст: ғизои андеша дониш асту фалсафа, чун инҳо, ки нест, инсон дар мақоми тӯтӣ қарор мегирад, ҳар касу нокасе чизе гуфт, изҳори қаноату дурустӣ мекунад. Адами андешаи худӣ адами одамият аст. Ҳадаф аз огоҳӣ доштан аз илму тамаддуни пешин, осори бузургон ва фарҳангу маънавияти гузашта андешаи худиро сохтан ва онро боэътимод кардан аст, вагарна дар гузаштаҳо ҳам андешаҳое буданд, ки бар зарари инсоният хидмат мекарданд.

Дар худи ҳамин фалсафа ҳам гоҳо афкори зиддунақизе ҳаст, ки на ҳамеша ба нафъи рушди инсон аст, фаразан, Афлотуни бузург бо он ҳама бузургворӣ дар рисолаи «Федон» касони дилбаста ба фалсафаро «касони машғул ба маргу мурдан» хондааст. Шопенгауэр низ дар китоби машҳури хеш «Дунё ҳамчун ирода ва тасаввур» боби маргро аз ин сухан оғоз мекунад: «Марг воқеан, нобиғаву руҳбахшанда, раҳнамои фалсафа аст, ҳамин аст, ки Суқрот онро омодагӣ ба мурдан шарҳ додааст».

Аммо дар муқобили инҳо Бенедикт Спиноза, ҳакими маъруфи аврупоӣ, мегӯяд: «Инсони озод аз ҳама камтар аз марг меандешаду мегӯяд, хиради волои одам дар баррасиҳояш на аз марг, балки аз зиндагӣ маълум мегардад».

Мисолҳои дигар: андешаи «инсони фавқуттабиӣ»-и Фридрих Нитше дар хаёлхонаи миллатгароёни олмонӣ идеяи натсионал-сотсиализмро ба вуҷуд овард ва оқибаташ бо чӣ анҷомид, ҳама медонад. Карл Маркс андешаи коммунизмро мояи саодати башарӣ гуморид, таҷрибаи дуруст набаромад, беш аз ҳафт даҳсола идома накард ва аз байн рафт

Файласуф Владимир Соловёв (дар китобаш «Маънавияти фалсафа») андешаи муҳаббати воқеиро тавре шарҳ дод, ки он зидди роҳу равиши наслофарӣ буд. Шоири номвари рус Александр Блок ончунон мубталои ин андеша шуд, ки ҳамсари хеш Любов Дмитриевнаро (духтари кимиёгари маъруф Дмитрий Менделеевро) комилан бадбахт кард. Боз даҳҳо мисол овардан мумкин, аммо гумонам, кофист, ки то чӣ андоза андешаи худии ба илму фалсафаи дуруст асосёфта барои ҳар касе, ки шахсият шудан мехоҳад, лозим ва зарур аст.

Андешаро ҳосил кардан, як сӯ, онро дуруст баён кардан дигар масъала аст: гоҳе бархе «соҳибони забону фарҳанг» ончунон машғули тарғиби содалавҳонаи ин ё он андешаи муҳим мешаванд, ки касро дар ҳайрат мегузоранд. Худашон аз ҷаҳолат надониста, он андешаро дар дидаи мардум хор мекунанду беқадр.

Бо маданияти пасти гуфторашон ба иззати нафси мардум мерасанд, донишашон, ки сатҳист, қабоҳату зӯргӯйиро ба кор мебаранд. Як хосияти одами донишманду бофарҳанг ҳамин аст, ки ҳатто аз гуфтору навиштори рақибаш ё мухолифи ҷаҳонбиниаш чизҳои хубро аз нохуб, сараро аз носара ҷудо карда, алоҳида ба таҳлил мегирад. Гумонам, ҳоло дар ҷомеаи мо чунин адаби муносибат ташаккул наёфтааст, ки ҷойи дареғ гуфтан дорад.

Як маъхази бисёр хуби ташаккули андеша ба ҷуз мутолиа ҳамин маҳфилу ҷаласаву ҷамъомадҳои илмиву фарҳангист. Шарти иштирок ҳамин, ки дар чунин ҳамоишҳо сухан наву тоза бошад. Одам чизе ба худ гирифта тавонад. Вагарна сухани Василий Шукшин ба ёд меояд, ки дар ин маврид оварданаш басо муносиб аст: «Дар се ҳолат вақти қимати банда барҳадар меравад: дар навбатпойиҳо, дар қироати асарҳои хоми бадеӣ ва дар маҷлису маҳфилҳои беҳадафу бемаъно».

Ҳоло зиёд мушоҳида мешавад, ки аксар ҷавонони мо андешаро на аз мутолиаи бевоситаи осори илмиву бадеӣ, балки аз ривояту таъриху устураву афсонаҳо, тавассути ширкат дар маҳфилҳои мардуми миёнасавод ҳосил мекунанд. Ҳассосияти мардуми мо ниҳоят баланд аст, гувоҳи ин фикр рағбати беандозаи мардуми мо ба шеъру мусиқа ва тамошову саҳнаҳост. Мардум дастаҷамъона ба намоишҳои оммавӣ рафтан ва ширкат карданро дӯст медорад.

Дар маҳфиле будам, ки воизе ҳан­гоми таҳлили шеъри Бедил мегуфт: – Ис­кандар барои ба даст овардани ҷоми ҷаҳоннамо ҷониби Ҷамшед омад.

Искандари воқеӣ куҷову Ҷамшеди устураӣ куҷо?

Ё дар мавриди ин рубоии машҳури Хайём:

Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ,

Бар ман дари айшро бубастӣ, Раббӣ.

Бар хок бирехтӣ майи ноби маро,

Хокам ба даҳан, магар ту мастӣ, Раббӣ?!

Меоваранд, ки баъди ин густохӣ қаҳри Илоҳӣ рӯйи шоирро сиёҳ кард, аммо пири густох тавба карду фарёд баровард, ки:

Нокарда гуноҳ дар ин ҷаҳон кист, бигӯ,

В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист, бигӯ.

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,

Пас фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?

Баъди ин Худо ӯро бубахшид ва дигарбора рӯсафедаш кард. Абулҳусайни Зарринкӯб дар «Пири Нишопур» ном мақолааш ин ривоятро чунин шарҳ додааст: «Афсонаи шоиронаест, ки инсон дӯст дорад, бихонад ва бовар кунад, аммо, албатта, дар назари як муҳаққиқ арзише надорад. Ин қадар ҳаст, ки атвору аҳволи ҳаким барои он ки чунин афсонае дар борааш ҷаъл ва вазъ кунанд, муносиб будааст».

Чунин ва ба ин монанд афсонаву таърихҳо дар фарҳанги мо ниҳоят зиёданд, аммо онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд аз аносири шаклдиҳандаи андешаи пешрав бошанд. Ба қавли Бедил:

Ғафлати олам фузуд аз саргузашти рафтагон,

Ҳар куҷо афсона бошад, ҳеҷ кас бедор нест.

Чизе, ки андешаро вусъат ва неру медиҳад, ҳақиқатҳои илмист. Касонеро, ки то ҳақиқат намерасанд, гоҳо гумроҳ мегӯянд, ки гумонам, ин ҳам дуруст нест. Ё ҳақиқат мешавад, ё муқобили он – дурӯғ. Набояд дар миёна гумроҳӣ барин унсуре бошад. Агар андешаи мо ба воқеият мутобиқат дошта бошад, пас дуруст аст, агар на, нодуруст аст.

Дар ин хусус Афлотун низ сухани хубе дорад: «Касе, ки дар бораи ашё мувофиқ ба он ки дар ҳақиқат ҳамон тавр аст, сухан мегӯяд, ҳақ мегӯяд, дигаргуна гӯяд, нодуруст мегӯяд». Каси ҳақиқатҷӯ аввал бояд онро биҷӯяд, в-он гаҳе муқаррараш бисозад. Ӯ ҳақиқатро ҳамон вақт меёбад, ки дар бораи як чиз ё асл афкори (назароти) мухталифро ба ҳам қиёс кунад ва ибтидо шак дошта бошад. Ҳамин тавр, муқаррар намудани ҳақиқат ё расидан ба асли ҳақ марҳалаи гузариш аз нодонӣ ба доноист…

Дар оғози матлаб гуфтем, ки инсон дар ҳар мавриде аз зиндагӣ, агар хешро бо асли табиат ҳамоҳанг созад, мухолифи роҳу равиши он набошад, бо кумаки илму дониш ва махсусан, улуми ҷаҳонбинӣ соҳибандеша ва соҳибмақом хоҳад шуд.

Эпикур дар мавриди манфиати илм мегӯяд: «Бемояву бенафъ аст сухани ҳакиме, ки дардеву азияти одамеро шифо набахшад. Ба чизе наарзад табибе, ки суханаш ва тавсияаш дармони ранҷи кас нашавад. Агар вазифаи тиб раҳо бахшидани тан аз дард бошад, пас вазифаи илм ранҷи руҳро бартараф сохтан аст».

Барои дарёфти бахту саодати инсонӣ аз ҳикмату адабу фалсафа бояд кор гирифт. Эпикур идома медиҳад: «Бигзор, ҳеҷ касе на дар айёми ҷавонӣ ва на дар пиронсолагӣ аз донистани фалсафа рӯ нагардонад. Чун ҳеҷ кас намедонад, ки ба сиҳҳати руҳ дастёб шудааст ё на. Касе мегӯяд, ки ҳоло вақташ нарасида ё вақташ гузашта, иштибоҳ мекунад, зеро фикри онон ҳамин маъноро дорад, ки барои хушбахт шудан ё барвақт аст, ё аллакай дер шудааст».

Воқеан, агар жартфтар биандешем, илми тибро на барои илми тиб буданаш меомӯзанд, балки барои он меомӯзанд, ки саломатии мардумро нигаҳ медорад, ҳамон гуна хирадро барои он гирд меоваранд, ки кас дар ҳаёт бо ҳама хушиву хубиҳои зиндагӣ таъмин ва қаноатманд шавад.

Адабиёти бадеӣ низ аз васоити беҳтарини ҳосил кардани андеша ва ҷаҳонфаҳмии худист, ки аз роҳи завқу ҳис таъсири ҷонбахше ба руҳу равони одамӣ дорад. Ҳадафе, ки дар тинати одамизода адабиёт дорад, маънавият аст.

Маънавият маънои дигаре надорад, ба ҷуз масъулият барои гуфтору рафтори хеш. Аммо касе одами маънавӣ буда метавонад, ки иродаи озод дош­та бошад. Ахлоқу қонун унсурҳое ҳастанд, ки аз берун ба кас тақозо мешаванд, маънавият бошад, амалкарди инсон мувофиқ бо тақозои виҷдонаш аст. Адабиёт ҳамин гуна рисолат дорад ва аз ин ҷиҳат бо илму фалсафа қариб баробарӣ мекунад. Каси машғул ба мутолиаи китоби бадеӣ ҳатман соҳиби андеша хоҳад гашт, дар ҳар шаклу муҳтавое набошад. Китобро барои он мехонанд, ки андеша пайдо шавад, дар сурати баръакс, вой бар ҳоли он китобу ҳайфи вақти хонанда.

Адиби маъруфи амрикоӣ Марк Твен ҷойе менависад: «Инсон дар ҳаёташ ду рӯзи муҳим, хеле муҳим дорад: рӯзе, ки таваллуд шудааст ва рӯзе, ки фаҳмидааст, барои чӣ». Ҳамин фаҳмидани одам, ки барои чӣ дар сарои ҳастӣ мезияд ва барои хуб зистанаш чӣ бояд кунад, асли андешаи худро шинохтану маърифат кардани олами ашёст.

Ҳафиз РАҲМОН,

адабиётшинос