Сазовори номи зиёӣ бошем!

Дар мақолаи олими шинохта, номзади илми филология Эҳсон Сафарзода «Зиёӣ» («Омӯзгор», 25 июни соли 2025) перомуни мазмуну мундариҷа, мавқею мартабаи зиёӣ дар замони гузашта ва имрӯза бо овардани далелҳои муътамад маълумот ироа гардидааст.

Албатта, дар байни мардум зиёӣ шахсияти маҳбубу маъруф мебошад, зеро бо гуфтану шунидани номи зиёӣ,­пеш аз ҳама, омӯзгорон пеши назар меоянд, зеро онҳо машъалафрӯзони роҳи савод, илму маърифат, таълиму тарбия ва зиндагии инсонҳо ба ҳисоб мераванд.

Бояд қайд намуд, ки омӯзгорони зиёӣ хеле зиёданд ва дар ин ҷода онҳо бояд бештар биомӯзанд, соҳиби маърифати баланд ва ихтисосманди соҳаи хеш бошанд.

Возможно, это изображение 7 человек и текстАз ин рӯ, ҳар як омӯзгори зиёӣ бояд мунтазам ба омӯзишу мутолиа машғул шавад. Роҳу василаҳои нави таълиму тарбияро вобаста ба шароити муосир фаро бигирад ва дар раванди тадрис истифода кунад. Чунки сазовори обрӯю эҳтиром ва шуҳрату обрӯ гардидани омӯзгорон ба фаъолияти бомарому садоқатмандонаи онҳо иртибот дорад.

Ба ин мазмун, аз чанд лаҳзаи ҳаёти хеш ёдовар мешавем.

Ҳангоми хонандаи мактаб будан дарсҳои омӯзгорон бароямон ибратомӯз буд.

Устод Мирзоҳаёт Сафаров (руҳаш шод бод!) аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Ҳамеша дар тан куртаи сафед, шиму костюми сиёҳ дошт, ки шинаму зебо буд ва ба ӯ мезебид. Ба устод доимо бо ҳавас менигаристам. Устод мавзуъҳоро бо шеъру ғазалҳои пандомез оғозу анҷом мебахшид. Дар чорабинию ҷамъомадҳои мактаб, деҳа, ҷамоат ва ноҳия фаъолона иштирок карда, ба ин чорабиниҳо роҳбарию сарварӣ мекард.

Дар мактаб намоиши бадеиро аз рӯйи асарҳои «Одина», «Марги судхӯр»-и устод Садриддин Айнӣ ба саҳна гузошт, ки хеле омӯзандаву ҷолиб буд.

Бо таклифу пешниҳоди шуъбаи маориф намоишномаи мазкур дар Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пешкаши мардум гардид. Воқеан, Мирзоҳаёт Сафаров устоди эҷодкору навовар маҳсуб меёфт ва ҳар амалаш ба мо таъсири амиқ мерасонд.

Соли 1981. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) ба мактаб ҳамроҳи устод ба фаъолият пардохтам. Устод бароям 140 нусха китоби бадеию илмӣ, таълимию методиро аз китобхонааш туҳфа намуд ва то охири умраш мисли падар маслиҳатҳои худро аз ман дареғ намедошт.

Устоди дигарам Ёрмаҳмад Файзов (руҳаш шод бод!) аз алгебра ва геометрия дарс мегузашт. Ӯ дар раванди машғулиятҳо диққати шогирдонро чунон ҷалб менамуд, ки чӣ тавр гузаштани дарсро эҳсос намекардем.

Омӯзгорони зиёӣ аслан тарғибгар, ташкилотчӣ ва роҳбалад мебошанд ва ин рисолатро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд.

Шоистаи таъкид аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ба таври чашмрас рушд карданд. Музди меҳнати омӯзгорон сол то сол зиёдтар гардида истодааст.

Мутаассифона, баъзе омӯзгорон, хусусан, омӯзгорони ҷавон аз моҳи март мактабро тарк карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Фикр намекунанд, ки дар пеш санҷишу имтиҳонҳо қарор дорад. Аслан, ин гуна муаллимон асилу дилсӯз намебошанд ва бо ҳамин сабаб чунин муносибат натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.

Мо-омӯзгорони зиёӣ тарбиятгари наврасону ҷавонон ҳастем. Бинобар ин, тамоми ақлу заковат ва илму дониши худро бояд баҳри ободию пешрафти Ватанамон – Тоҷикистон сарф намоем ва насли созандаи давронро ба камол расонем.

Саймаҳмад Султонов, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон