Фароғати кӯдакон хуб мегузарад

Ҳоло дар ҷумҳурӣ мактаббачагон ба фароғати тобистона дар истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шудаанд. Бо вазъи фароғати мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳои наздимактабии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе шинос шудем.

Истироҳатгоҳи наздимактабии «Истиқлол»

Соат тақрибан 8:30. Суруди ватандорӣ тамоми саҳни муассисаро фаро гирифта буд. Кӯдакон бо шавқи зиёд ба машқи пагоҳирӯзӣ машғул буданд. Шодию хурсандии онҳо ҳадду канор надошт.

Истироҳатгоҳи наздимактабии «Истиқлол»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои фароғати хонандагони синфҳои 1-6 пешбинӣ шудааст.

– Дар муассисаи таълимӣ соли аввал аст, ки истироҳатгоҳи наздимактабӣ ташкил шудааст. Муассиса дар 4 баст 160 нафар хонандаро ба истироҳатгоҳ фаро мегирад. Дар ҳар як баст 40 нафар хонанда 12 рӯз фароғат мекунанд. Бастҳо ба 2 гурӯҳи 20-нафарӣ тақсим шудаанд. Барои назорати кӯдакону наврасон 2 нафар мураббӣ, 1 сармураббӣ, 1 ҳамшираи тиббӣ ва кормандони техникӣ ҷалб гардидаанд,-иброз дошт директори мактаб Хурсаной Шарифова.

Дар фароғатгоҳ кӯдакон ба бозиҳои гуногун, аз ҷумла, шашка, теннис, оббозӣ дар ҳавзҳои сунъӣ машғул мешаванд.

Инчунин, ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ диққати махсус зоҳир гардида, дар бастҳо кӯдакон аз назорати тиббӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, 25 номгӯйи доруворие, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст, барои ёрии аввалия дар бунгоҳи тиббӣ мавҷуд мебошад.

Бояд гуфт, ки хӯроки наврасон аз рӯйи реҷаи тасдиқшуда омода мешавад ва наврасон бо ғизои солим саривақт таъмин мегарданд. Пеш аз омода намудани хӯрок сифати маҳсулот санҷида мешавад, сипас хӯроки тайёр аз ҷониби корманди тиб мавриди озмоиш қарор мегирад.

– Бо сабаби он ки дар муассиса майдончаи варзишӣ вуҷуд надорад, дар дохили истироҳатгоҳи наздимактабӣ толори варзишӣ ташкил намудаем. Дар мактаб ба ғайр аз хонандагон, кӯдакони 6-сола низ ҳастанд, ки барои омода шудан ба синфи якум ҷалб шудаанд. Мо барои онҳо низ шароити хуби истироҳатро фароҳам овардаем. Аз ҷумла, барои хонандагони муассиса ҳавзи шиноварии сунъӣ ва ба кӯдаконе, ки ҳанӯз барои таҳсил дар синфи 1-ум омодагӣ мегиранд, ҳавзҳои шиноварии резинии хурд мутобиқ ба синну солашон таъмин гардонда шудааст.

Истироҳатгоҳи наздимактабии «Зангӯла»

Ҳангоме ки вориди истироҳатгоҳи наздимактабии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гардидем, кӯдакон дар синфхонаҳо ба расмкашӣ ва бозии шашка машғул буданд.

– Ман ҳар субҳ дасту рӯямро шуста, ба истироҳатгоҳ меоям. Дар ин ҷо мо ба ду гурӯҳ ҷудо мешавем: «Офтобак» ва «Моҳтобак». Аз рӯзи аввали ба ин ҷо омадан дӯстони зиёд пайдо намудам. Мо дар истироҳатгоҳ ба ҳар гуна бозиҳо машғул мешавем, китоб мехонем, расм мекашем. Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ оббозӣ мекунем ва баъди оббозӣ моро мураббия Зуҳро Раҷабова ба хонаҳоямон гусел мекунад,-гуфт хонандаи синфи 3-и муассиса Румайсо Акрамова.

Дар истироҳатгоҳи наздимактабии «Зангӯла» хонандагони аз синфи 1 то 4 дар 4 баст фароғат мекунанд, ки дар ҳар як баст 40 нафар хонанда фаро гирифта мешаванд.

Сармураббия Шукрона Раҳимова иброз намуд, ки ҳар субҳ кӯдакон аз назорати корманди тиббӣ мегузаранд, инчунин, муҳлати истеъмоли хӯроки наврасон низ аз ҷониби ӯ санҷида мешавад.

Бозӣ дар ҳаёти кӯдак қисми муҳимми машғулият ба ҳисоб меравад, зеро неруи кӯдакро зиёд намуда, ба ташаккули ақлонии ӯ мусоидат менамояд. Дар ҳама истироҳатгоҳҳое, ки аз онҳо дидан намудем, бештари кӯдакон ба шашкабозӣ машғул буданд.

Истироҳатгоҳи наздимактабии «Тулуи Хуршед»

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе навбунёд буда, соли аввал аст, ки дар назди он истироҳатгоҳи мактабиён ташкил карда шудааст.

Муҳаммадризо Акмалзода-директори мактаб зикр кард, ки пеш аз он ки хонандагонро ба истироҳатгоҳи наздимактабӣ қабул намоем, аз марказҳои солимгардонии тиббӣ ҷиҳати солимии кӯдак маълумотнома талаб менамоем. Пас аз пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ кӯдакон ба истироҳатгоҳ ҷалб карда мешаванд. Қабули хонандагон то соати 8 буда, сипас то соати 9 онҳо ба обутоби бадан, яъне, ба машқи пагоҳирӯзӣ ва бозиҳои гуногуни шавқовар аз рӯйи нақша машғул мешаванд.

Дар истироҳатгоҳ хонандагони синфҳои 1 то 4 ҷалб гардида, мураббиёни болаёқат, ки курсҳои такмили ихтисосро гузаштаанд ва кормандони тиб кӯдаконро назорат менамоянд.

– Мо ҳар субҳ, пас аз машқи пагоҳирӯзӣ ба ошхона рафта, наҳорӣ мекунем. Дар истироҳатгоҳ ба бозиҳои гуногун машғул мешавем ва ман бештар оббозиро дӯст медорам. Инчунин, ҳар рӯз забони русӣ ва англисиро меомӯзем,-гуфт хонандаи синфи 4-и мактаб Бону Файзуллоева.

Мактаббачагон дар истироҳатгоҳ бештар оббозӣ карданро дӯст медоранд, бинобар ин, аз ҳавзҳои шиноварии муассиса дидан намудем. Соат тақрибан 11:30 буд, як гурӯҳ барои оббозӣ омодагӣ медиданд.

Дар фароғатгоҳ ба кӯдакон 2 маротиба хӯрок пешниҳод мегардад. Ошхонаи истироҳатгоҳ аз ҷиҳати санитарию эпидемиологӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе айни ҳол истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият намекунад, зеро соли гузашта бо сабаби номусоидии ҳаво ва боришоти зиёду баланд шудани оби дарё истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Гулхан»-ро сел зер карда, хисороти зиёд ба бор овард ва дар натиҷа истироҳатгоҳи мазкур аз фаъолият бозмонд.

Ба иттилои шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, бо сабаби аз фаъолият мондани истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Гулхан», шумораи истироҳатгоҳҳои наздимактабии ноҳия зиёд карда шудааст, то ки хонандагон тавонанд дар фасли тобистон ба фароғатгоҳҳо фаро гирифта шаванд.

Хуршеда Азизова,

«Омӯзгор»