ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостейМусоҳиба бо сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмазбут Ҷӯразода

– Тавре огоҳем, дар Вазорати маориф ва илм Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025) таҳия шудааст. Мегуфтед, ки ҳадафи он ба кадом самт равона гардидааст?

– Воқеан ҳам, Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба­ коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025) таҳия гардида, аз 23 банд иборат мебошад. Бандҳои мазкур фарогири масъалаҳои гузаронидани вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандон, чопи мақолаҳо вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва нашри онҳо дар сомонаҳои интернетии муассисаҳои тобеи вазорат мебошад. Яъне, асосан ба самте таваҷҷуҳ шудааст, ки тавассути он корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар гардад ва он ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат намояд.

– Маълум аст, ки аз ҷониби ниҳоди дахлдор натиҷаҳои таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар тамоми сохторҳо мавриди санҷишу таҳлил қарор мегирад. Чунин таҳлил дар Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он чӣ натиҷаҳо дод?

– Бояд қайд намуд, ки таҳлили хавфҳои коррупсионӣ тибқи нақша ва мунтазам дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он гузаронида мешавад. Аз ҷумла, соли 2024 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025) дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи он мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Дар доираи санҷиш ба масъулини дастгоҳи марказӣ ва муассисаву ташкилотҳои тобеъ баҳри таъмини саривақтӣ ва самараноки минбаъдаи барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ ёрии амалии дахлдор расонида шуд.

Ғайр аз ин, ба масъулин тавсия гардид, ки фаъолиятро дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пурзӯр намоянд.

– Аз рӯйи нақшаи чорабиниҳои болозикр бояд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фан ё ихтисосҳои зиддикоррупсионӣ таъсис дода мешуданд. Таъсиси ихтисосҳои нав ё фанҳои алоҳида то кадом андоза ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён мусоидат карданд?

– Дар самти муқовимат бо коррупсия дар факултетҳои ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ихтисосҳои алоҳида фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва таъмин намудани мақомоти муқовиматкунанда бар зидди коррупсия соли таҳсили 2022-2023 ихтисосҳои нав – фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва фаъолияти судӣ-прокурорӣ ва муфаттишӣ таъсис дода шудааст. Инчунин, дар назар аст, ки дар ин муассиса ихтисоси фаъолияти ҳуқуқии муқовимат бо киберҷинояткорӣ низ таъсис дода шавад.

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият дошта, дар омода намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ нақши назаррас дорад. Дар сохтори факултет кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия амал мекунад. Тибқи нақшаи таълимӣ ба донишҷӯён аз рӯйи фанҳои махсус – «Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта» ва «Коррупсия ва хатари он ба ҷомеа» тадрис дода мешаванд.

– Ба таври ғайринақдӣ гузаштани пардохтҳо ва рақамисозишудаи низоми хариди давлатӣ дар соҳаи маориф то кадом андоза тавонистааст монеаи ҳолатҳои коррупсионӣ гардад?

– Ба ҳамагон маълум аст, ки бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали ягонаи электронии хариди давлатӣ таъсис ва аз соли 2020 инҷониб тамоми озмунҳои хариди давлатӣ дар шакли электронӣ бо истифодаи технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар соҳаи маориф низ тамоми амалҳои марбут ба хариди давлатӣ тавассути портали мазкур роҳандозӣ мегардад ва тамоми хизматрасониҳо ба таври ғайринақдӣ сурат мегиранд.

Тавре маълум аст, ташаббуси Вазорати маориф ва илм вобаста ба ҷорӣ намудани барномаи биллингӣ ва ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ омили муҳим дар ин самт мебошад. Дар зимн, тамоми пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ сурат гирифта, роҳбарияту масъулини вазорат пайваста дар тамоми баромаду мулоқотҳо таъкид менамоянд, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ тамоми пардохтҳо бевосита тавассути суратҳисоби муассисаҳо амалӣ карда шаванд. Ин ба он мусоидат менамояд, ки омилҳои инсонӣ аз байн раванд ва ба дурусту шаффофу мақсаднок тақсим шудани маблағҳо замина гузоранд.

– Ҳамасола пеш аз анҷоми соли таҳсил шаҳрвандон аз ҷамъоварии маблағ дар муас­сисаҳо шикоят мекунанд. Оё расман ба Вазорати маориф ва илм дар як ё ду соли охир шикояти хаттӣ ворид шудааст? Агар ворид шуда бошад, вазорат чӣ чораҳо андешидааст?

– Бо мақсади сари вақт бохабар будан аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф дар минтақаҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин, таъмини робитаи доимии шаҳрвандон бо Вазорати маориф ва илм тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорат «Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – 227-76-86 ташкил карда шудааст.

Дар соли 2024 113 ва аз 1.01.2025 то 10.07.2025 9 занги телефонӣ аз ҷониби шаҳрвандон ворид гардида, муроҷиатҳо фарогири маҷбуран ҷалб намудани хонандагон дар чорабиниву ҷамъомадҳо, аз меъёр зиёд талаб намудани маблағ дар кӯдакистону мактабҳо, риоя нашудани ҳуқуқи меҳнатии кормандон, ҷамъоварии маблағ ҳангоми қабули хонандагон ба мактаб, ҷамъоварии маблағ барои таъмир, нагирифтани маош дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, сазовор шудан бо мукофотҳои соҳавӣ, сари вақт гирифта натавонистани аттестати хатм ва диплом, интиқолу барқарор гардиданд дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, шаффоф баргузор нашудани озмунҳо дар минтақаҳо ва амсоли инҳо мебошанд.

Як қисми муроҷиатҳои мазкур тибқи талаботи моддаҳои 34, 35 ва 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои чора андешидан ва ҷавоби саривақтӣ ба муроҷиаткунандагон ба вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллии идоракунии маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.

Қобили қайд аст, ки чунин «Телефони боварӣ» дар қисми зиёди ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф ташкил карда шуда, мавриди истифода қарор доранд. Аммо расман ба таври хаттӣ ба вазорат ягон муроҷиат ворид нашудааст. Дар сурати ворид шудан, вазорат ҳатман онро пайгирӣ ва чораандешӣ менамояд.

– Вазорати маориф ва илм дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ба ҷуз аз татбиқи нақшаи чорабиниҳои зикршуда, боз кадом корҳоро анҷом медиҳад?

– Ҷиҳати вусъат додани фаъолият дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаи маориф ва илм, инчунин, хизматрасониҳои дигари давлатӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ санҷишҳои аудиторӣ ба хотири расонидани кумаки амалӣ, бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта дар самти пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаи маориф ва илм, тавсия ва пешниҳоду маслиҳатҳои муфид барои роҳ надодани камбудиҳо, риоя ва истифодаи дурусту саривақтии маблағҳои ҷудогардидаи буҷетӣ ба роҳ монда шуда, дар тамоми муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм зери назорати қатъӣ қарор дода шудааст.

Илова ба ин, бо иштироки кормандони соҳаи маориф 49 гузоришу барномаи радиоӣ ва 116 барномаи телевизионӣ сабт шуд, ки ҳиссаи назарраси онро тарғиби ҳатмии зиддикорупсионӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ҳамарӯза дар саҳифаи расмии фейсбукии вазорат, нашрияҳои соҳавӣ, муассисаҳои зертобеъ, раёсату шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф мунтазам матлабу маводи тарғиби оммавии зиддикоррупсионӣ нашр мешавад.

5 марти соли 2024 конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши соҳаи маориф ва илм дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ – зиддикоррупсионии аҳолӣ» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар умум, 1622 нафар корманди соҳаи маориф ва илм ва агентии мазкур иштирок намуданд. Гузориш доир ба масъалаи мазкур дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ, нашрияҳои соҳавӣ ва сомонаи расмии вазорат нашр гардид.

Соли 2024 дар сомонаи расмии вазорат 390 мавод доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла, доир ба пешгирӣ ва оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ нашр гардидааст.

– Вобаста ба натиҷаи таҳлилҳое, ки Агентии коррупсия расонаӣ мекунад ва вазорат ё соҳаи маорифро дар қатори се ниҳоди фасодзада қарор медиҳад, чӣ андеша доред?

– Вазорати маориф ва илм изҳор медорад, ки ба фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо эҳтиром муносибат намуда, натиҷаҳои таҳлил ва мониторингҳои онҳоро ҳамчун ҷузъи муҳимми таҳкими шаффофият ва баланд бардоштани сатҳи ҳисоботдиҳии ниҳодҳои давлатӣ арзёбӣ менамояд.

Дар робита ба ин, қайд кардан зарур аст, ки «соҳаи маориф» ва «Вазорати маориф ва илм» дар зинаҳои гуногуни сохторӣ қарор доранд ва мафҳумҳои гуногунро ифода мекунанд. Соҳаи маориф як низоми бузург­ро дар бар мегирад, ки ба он ҳазорҳо муассисаи таълимӣ тааллуқ доранд. Вазорати маориф ва илм бошад, мақомоти марказии идоракунандаи давлатии соҳа буда, сиёсати ягонаи давлатӣ дар бахши маориф ва илмро амалӣ месозад.

Дар робита ба таҳлилҳои агентӣ, зикр намудан ҷоиз аст, ки ҳолатҳои муайяни қонуншиканиҳо ва камбудиҳои хусусияти коррупсионидошта, ки дар муассисаҳои алоҳидаи таълимӣ ошкор мешаванд, набояд мустақиман ба фаъолияти худи Вазорати маориф ва илм нисбат дода шаванд, зеро аксари ҳолатҳои зикршуда дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ба қайд гирифта мешаванд ва маблағгузори онҳо, асосан, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё дигар вазорату кумитаҳо мебошанд. Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илм масъулияти худ медонад, ки ҳамеша назорати иҷрои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва риояи стандартҳои шаффофияти молиявиро таҳким бахшад. Бо ҳамин мақсад, тайи солҳои охир як қатор санадҳои дохилӣ қабул гардидаанд, ки ҳадафи онҳо пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва таҳкими низоми назорат дар тамоми зинаҳои соҳа мебошад.

Вазорати маориф ва илм минбаъд низ дар доираи қонунгузорӣ бо ҳамаи сохторҳои дахлдор ҳамкорӣ намуда, барои таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сатҳу сифати идоракунии соҳаи маориф пайваста талош менамояд.

Мусоҳиб

Сумая ЮСУПОВА,
«Омӯзгор»