ДОСТОНИ ҚАҲРАМОНОН

(Андешаҳо дар бораи романи «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа)

Моҳи июни соли 2019 овозаи ба нашр расидани романи «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа ба гӯшам расид. Барои дарёфтани асар ҳамаи китобфурӯшиҳои шаҳри Душанберо гаштам, вале наёфтам. Аз ин рӯ, ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рафтам. Хушбахтона, муаллифи асар дар утоқи кориаш буд. Гуфтам:

— Ба ман як нусха китоби «Саройи санг» даркор.

Гуфт:

— Ҳозир занг мезанам, меоранд.

Тахминан баъд аз бист дақиқа китобро ба даст гирифтам ва Ато дар саҳифаи аввали китоб ин байти зеборо навишт:

«Саройи санги мо дар хонаи ту,

Илоҳо, хонабон бошад зи Неру».

Ато Мирхоҷаро чун шоир мешинохтам. Аз ин рӯ, шӯхиомезона гуфтам:

— Шеъри бисёр навиштӣ. Китобҳои зиёд ҳам ба табъ расондӣ, аммо дили ман гувоҳӣ медиҳад, ки туро ин асари ҷолиб соҳибҷоиза мегардонад.

Солҳои баъдӣ китобҳои дуюм ва сеюми ин асар ба табъ расиданд.

Ман шарм медорам, ки баъди андешаҳои устодон Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов, Гулназар Келдӣ, Шамсиддини Солеҳ, Ҳоким Қаландариён, Суннатулло Ҷонбобоев, Сайфулло Маҳкамов, Шоҳзодамуҳаммад Шерзодшоев, Замира Ӯлмасова, доктори улуми таърих Ҳайдаршоҳ Пирумшоев дар бораи ин асар ақидаи худро баён намоям, вале чун хонандаи одӣ шодии қалби худро баъди мутолиаи ин асар пинҳон дошта наметавонам.

Хабари ба Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудан романи «Саройи санг»-ро шунидаму ба мақоли «фариштагони даргузар омин кардаанд» эътиқодам зиёдтар шуд. Дар насри тоҷик то имрӯз дар бораи Бадахшон асари комиле навишта нашуда буд. Дар «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил чанд персонажи бадахшонӣ иштирок мекунанду халос.

Хонандаи тоҷик то имрӯз дар ин мавзуъ танҳо романи «Нисо»-и Павел Лукнитскийро мутолиа кардаасту бас. Ато Мирхоҷа то навиштани ин роман, ки дар чанд ҷилд ба итмом расиданашро ҳатто худи муаллиф намедонад, драмаҳо ва ҳикоёти зиёде навишт ва то андозае худро ба навиштани наср омода намуд. Қисме аз ин ҳикояҳо дар китоби «Андозчини рӯзадор» пешкаши хонандагон гашт.

Ато Мирхоҷа таърихи бойи Бадахшонро дар чорчӯбаи назм ғунҷонида натавонист ва рӯ ба наср овардани ӯ бурди адабиёти муосири мост. Роҳро барои эҷоди силсиларомани «Саройи санг» «Таърихи Бадахшон», ки ба қалами донишмандон Охон Шоҳфитур Муҳаббатзода ва Охон Сулаймон Қурбонмуҳаммадзода тааллуқ дорад, кушодааст. Нависанда баъди чуқур омӯхтани асари ин донишмандон миёнро маҳкам баста, ба эҷоди асар шуруъ намудааст. Романи «Саройи санг» бо забони шевою оммафаҳм эҷод гардидааст ва барои имрӯзиён ва ояндагон хизматҳои босазое хоҳад кард.

Хонанда баробари ба мутолиаи ин роман пардохтан дигар наметавонад онро аз даст гузорад, чунки қаҳрамонҳои асар чунон сеҳраш мекунанд, ки барои донистани тақдири онҳо саҳифа ба саҳифа ба пеш меравад:

«Ҷаҳонгир аз дарбори шоҳ бо табъи хира баргашт. Вақте ки аз дарвозаи қалъа бадар омад, эҳсоси мағшуши пирӣ тамоми баданашро якбора фаро гирифт. Аз ҳаштод гузашта бошад ҳам, то кунун дар рагу пайвандаш хуни паҳлавонӣ аз ҷӯш намондааст. Аммо суханони тунду таҳқиромези Муҳаббатхон, гузашта аз ин, ба замин задани обрӯи паҳлавони солхӯрда вуҷуди Ҷаҳонгирро дарҳам шикаст, гӯиё аз тори кӯҳ банохост санги азиме канда шуда, ба сараш зад ва устухонҳои ӯро реза-реза кард».

Худи ҳамин даромади сухан хонандаро ба он вомедорад, ки пеш раваду пеш равад ва аз ин баҳри бепоёни сухан донаҳои марвориду гавҳари суханро чинад ва ба рӯзгор ва софдилӣ ва таъриху урфу одати аҳли кӯҳистон шинос гардад.

Метавон гуфт, ки романи «Саройи санг» беҳтарин дастоварди насри давраи Истиқлол аст.

Асосгузори романи таърихӣ дар адабиёти муосири мо Сотим Улуғзода мебошад. Муаллиф кори ин адиби номварро идома дода, асаре офаридааст, ки мавзую муҳтавои ва ғояву дарунмояи он воқеаҳои нимаи дуюми асри нуздаҳумро фарогир аст. Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки фақат оид ба китоби якуми ин асар ақидаамро баён намоям.

Дар навиштани асар нависанда усули ҳикоя андар ҳикояро истифода бурдааст, яъне ҳар боби асар сарлавҳаи алоҳида дорад. Китоби аввал аз шасту ду боб, яъне шасту ду ҳикоя иборат аст.

Бояд қайд кард, ки Ато Мирхоҷа хонандаи хешро аз рӯи диди шоирона бо обу ранги бадеӣ ба расму русум ва таърихи як гӯшаи зебои диёр ошно мегардонад.

Воқеаҳои китоби якуми роман дар давраи шоҳигарии Абдураҳимхон (1857-1867) ва писараш Муҳаббатхон (1867-1871) мегузаранд. Бесалоҳиятии ин шоҳони золим дар асар хеле хуб корбаст гардидааст.

Истисмори одам аз тарафи одам яке аз мавзуъҳои марказии асар аст. Кор ба ҷое мерасад, ки Муҳаббатхон дар замони сарвариаш ҳатто раҳми бародари кучаки хешро намехӯрад.

Романи «Саройи санг» барои омӯхтани номи маҳалҳои Бадахшон низ чун як дастур хизмат карда метавонад.

Нависандаи закитабъ дар образҳои типпикунонидаи мусбати асар Саид Фаррухшоҳ, Ҷаҳонгир, Мирзоазиз, Мулло Хишол, Манзаршоҳ, Доробшоҳ, Хайримуҳаммад ва садҳо персонажи дигар матонату мардонагии мардуми кӯҳистон ва ҳисси худшиносии миллии фарзандони барӯмандро нишон додааст, ки онҳо якҷоя образи халқи заҳматкашро ташкил медиҳанд.

Дар асар бо воситаи вожаҳо Ато Мирхоҷа портретҳое меофарад, ки эҷодкорро чун рассоми мониқаламе дар назар ҷилва медиҳанд.

Аслан портретофарии устод Садриддин Айнӣ, ки захираи бойи луғавӣ дошт, хеле ҷолиб буд. Ато Мирхоҷа низ чун устод Айнӣ дар офаридани портретҳои мусбату манфӣ муваффақ гаштааст.

Масалан, симои Мирзоазизро аз нигоҳи бобояш хеле ҷолиб офаридааст: «Тану тӯш, бозуву кӯполи Мирзоазиз ӯро ҳаждаҳ-бистсола нишон медоданд. Ҳайкали чорпаҳлу, чеҳраи зебои беҷурм, бинии теғдори баланд, пешонии васеъ, чашмони сиёҳи барроқ, абрувони сермӯй, гардани баланди бақувват, рухсораҳои сурху мӯйсари ҷингилаи зич аз тандурустӣ ва тавоноии ӯ дарак медоданд».

Ҳамин тариқ, нависанда симои манфури Қулмуҳаммадбекро, ки як образи манфист, хеле хуб меофарад: «Вай ҷавонмарди шуғнонии тахминан сию панҷ — чилсолаи қаддарози биникалоне буд бо абрувони каммӯй, риши кулӯтаи сиёҳ, чашмони айёр, гардани дароз, пайкари чолоку чандир».

Ҳангоме ки кас романи «Са-ройи санг»-ро мутолиа мекунад, дармеёбад, ки саҳифае бе факту далел нест. Ҳамаи инро тахайюлоти нависанда пиндоштан хатост. Маълум мешавад, ки нависанда арои офаридани ин асари ҷолиб роҳи тӯлониро тай кардааст, бо ҳазор касу ҳазор маъхаз рӯ ба рӯ омадааст, то ин асари гаронбаҳо ба дасти хонанда расад.

Хонанда ҳис мекунад, ки нави-санда пеш аз офаридани ин асари бебаҳо аз Ишкошим то Мурғоб, Бартанг, Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон ва ғайраро деҳа ба деҳа гашта, бо мардум ҳамсуҳбат шудааст, аз пирони рӯзгордида сабақ омӯхтааст.

Китоби якуми асар бо марги яке аз қаҳрамонҳои марказии асар Исҳоқ ба поён мерасад. Исҳоқ пеш аз марг зану шавҳари ҷавон Сабзқадам ва Сабзагулро аз доми асорат мераҳонад ва бо худ ба Бадахшон расонданӣ ме-шавад, вале дар нимароҳ марг ӯро дармеёбад ва охирин васи-яти худро баён мекунад: «Хеле хуб…— суханашро ба азобе идома дод Исҳоқ,— маро дар ҳамин ҷо гӯронед. Қафо нагардед,… ба ватан равед…, рост ба назди… Ҷаҳонгир… Афсӯс, ғарибгӯр шудам. Ба халқ узри маро бирасо-нед, бигӯед, ки маро бибахшанд… Ман сазовори маргам…

Ӯ дусе бор лаб ҷунбонду ҷон дод».

Забони асар хеле ҷолибу дилкаш аст. Нависандаи пуртаҷриба, ки пеш аз ин роман қиссаи ҷолиби ҳаҷвии «Сагоҷак»-ро офаридааст, дар асар аз зарбулмасалу мақол ва ибораҳои рехта ба таври фаро-вон истифода бурдааст.

Бешубҳа, романи бисёрқисмаи «Саройи санг» сазовори қадрдонӣ ва ҷоизаҳост.

Исмоил ЗАРИФӢ