28 майи соли 2025 бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбияи хонандагон ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Варзоб ба он ҷо сафар намудем. Зимни суҳбат бо мудири шуъбаи маориф Насриддин Ҷаъфарзода маълум гашт, ки дар ноҳия 69 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки аз инҳо 1 гимназия, 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ мебошанд. Дар ин муассисаҳо 20867 нафар хонанда, аз ҷумла, 10070 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба хонандагон 1338 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Дар ноҳия аз ҳисоби омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ 10 нафар мутахассис намерасад, ки ба гуфти мудир Насриддин Ҷаъфарзода дар соли хониши нав ин мушкилӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавон бартараф карда мешавад.
Гимназияи №1-и деҳаи Чорбоғ
Мо тасмим гирифтем, аз вазъи таълиму тарбия ва ҳолати синфхонаҳову кабинетҳои фаннӣ дар гимназияи давлатии №1-и ноҳия огоҳ шавем. Гимназия соли 1996 дар заминаи МТМУ №40-и ноҳия таъсис ёфта, соли 2000 мустақил гардидааст. Муассиса дорои 18 синфхона буда, дар он 955 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 48 нафар омӯзгор сабақ меомӯзонанд.
Мо дар дарси математикаи синфи 4 иштирок намудем. Синфхона кушоду барҳаво буда, дар охири синфхона ҷевоне ҷойгир аст, ки бо бозичаҳои гуногун пур карда шудааст.
– Ин маҳсули ҳунари хонандагон дар дарсҳои санъати тасвирӣ аст, – мегӯяд омӯзгор Сафармо Ҷонмаҳмадова.
Шумораи умумии хонандагон 42 нафар буда, аз онҳо 2 нафар дар дарс иштирок надоштанд. Мавзуи дарс «Ҳалли мисолҳои такрорӣ» буда, муаллима бо хонандагон атрофи ёфтани формулаи масофа, суръат ва вақт суҳбат кард. Дар рӯйи мизи ҳамаи хонандагон китоб, дафтар ва дигар лавозими хониш мавҷуд буд. Хонандагон дар давоми дарс фаъолияти хуб нишон дода, гурӯҳе аз онҳо дар тахтаи синф ва гурӯҳи дигар дар дафтарҳояшон мисолу масъалаҳои супориширо ҳал намуданд. Инчунин, бо супориши омӯзгор хонандагон кори гурӯҳӣ иҷро намуданд.
С. Ҷонмаҳмадова бо ҳамаи хонандагон корбарӣ карда, саволу ҷавоб менамуд. Ӯ зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки шогирдонаш дар ҳама дарсҳо фаъол буда, супоришҳоро сари вақт иҷро мекунанд.
Гулғунча Гурезова-директори гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Варзоб қайд кард, ки ҳамасола хонандагони муассиса дар олимпиадаву озмунҳо иштироки фаъолона дошта, ҷойҳои намоёнро сазовор мегарданд.
– Фаришта Абдуллоева-хонандаи синфи 10 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанни ҳуқуқ ҷойи аввал, Фараҳрӯз Умарова-хонандаи синфи 6 аз фанни забони англисӣ ҷойи сеюм, инчунин, дар даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Марям Маннонзода ва Абубакр Аҳмадов ҷойи аввал, дар даври ноҳиявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 4 нафар – Омина Ҳалимхонова аз фанни биология ҷойи аввал, Робия Хуршедзода аз фанни биология ҷойи дуюм, Ёсуман Рушанова аз фанни физика ҷойи дуюм ва Раҳим Раҳимов аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Сипас мо дар дарси забони тоҷикӣ дар синфи 10 иштирок кардем. Дар синфхона ба ғайр аз мизу курсиҳои нимдошти таъмирдида ва тахтаи синф дар гӯшае ҷевони фарсудаи пурчанг меистод. Дар деворҳо бошад, овезаву шиорҳои гуногун аз химия насб шуда буд. Чун ҳафтаи охири мактаб аст, имрӯз дарси ҷамбастӣ ба таври такрори мавзуи «Ҷумлаи мураккаб ва хелҳои он» баргузор гардид. Омӯзгор Замира Расулова дар раванди дарс дар баробари забони тоҷикӣ аз адабиёт ва забони русӣ оид ба ҷумлаҳои мураккаб ва хелҳои он мисолҳо оварда, алоқамандии ин фанҳоро бо якдигар ба хонандагон моҳирона тавзеҳ медод. Хонандагон низ дар дарс фаъолияти хуб нишон доданд. Ба саволҳои омӯзгор оид ба мавзуъ ҷавобҳои комил ва бо мисолҳо аз ашъори шоирони классик шарҳ медоданд.
Мо аз вазъи китобхонаи гимназия низ шинос гардидем. Китобхона аз ҳуҷраи хурд ва ҷевонҳои куҳнаи пур аз китоб иборат аст.
– Дар китобхона зиёда аз 7000 китоби иҷоравӣ ва 1500 китоби бадеӣ мавҷуд аст, – гуфт мудири китобхона Дилафрӯзи Анвар ва илова намуд, ки бештари китобҳои синфҳои ибтидоӣ куҳнаву фарсуда шуда, барои соли нави хониш китобҳои нав дархост кардем.
Мактаби деҳаи Чормағзак
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51, ки дар деҳаи Чормағзак ҷой гирифтааст, аз бинои дуошёнаи замонавии бо панҷараҳо иҳоташуда иборат мебошад. Дар гирду атрофи мактаб гулу ниҳолҳои гуногун шинонида шудааст, ки бо зебоию таровати хоси худ ба дил фараҳ мебахшанд. Тавре директори мактаб Манучеҳр Юсуфов иттилоъ дод, мактаб аз соли 1924 фаъолият дошта, соли 2015 ба ҷойи бинои кӯҳнаи он бинои наву хуштарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бино аз 10 синфхона иборат буда, айни замон дар он 573 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ соли 2019 дар назди муассиса бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони бинои иловагии дорои 9 синфхона оғоз гардид. Лекин танҳо ошёнаи якуми он бунёд ва бо сабаби ба миён омадани бемории Сovid-19 корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо мавқуф гузошта шуд.
– Тибқи нақша, сохтмони бино бояд то соли 2025 ба итмом мерасид, аммо бо сабаби дастгирӣ наёфтан аз ҷониби соҳибкорон корҳои сохтмонӣ суст рафта истодааст, – афзуд М. Юсуфов.
Ҳамчунин, дар назди муассиса аз ҷониби гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёди ду синфхонаи иловагӣ барои маркази инкишофи кӯдак ҷараён дорад, ки он дар моҳи август барои 50 нафар дар ду баст ба истифода дода мешавад.
Дар муассиса синфхонаҳои фаннӣ ва компютерӣ мавҷуд буда, 11 адад компютер дар ихтиёри хонандагон қарор дорад, ки аз ин шумора дутояш корношоям аст. Бо сабаби хурд будани синфхонаи мазкур зимни дарсҳои амалӣ омӯзгорон хонандагонро ба гурӯҳҳо тақсим менамоянд ва бо ин восита, кӯшиш менамоянд, то андаке ҳам бошад, дониши шогирдонашонро дар ин самт тақвият бахшанд.
– Се принтер, як тахтаи электронӣ ва як дастгоҳи намоишдиҳӣ дар мактаб мебошад. Омӯзгорон метавонанд дар дарсҳояшон аз онҳо истифода баранд, – изҳор дошт директор М. Юсуфов.
Соли дуюм аст, ки Рафоат Исмоилова дар муассиса ба ҳайси китобдор фаъолият мекунад.
– Дар китобхона 3495 китоб мавҷуд аст, ки 3020 адади онро китобҳои дарсӣ ташкил мекунанд. Барои соли нави хониш қариб 65 номгӯй китоби дарсӣ дархост намудем, ки қисме аз онҳо аллакай дастрас гардиданд, – қайд кард Р. Исмоилова.
Боиси зикр аст, ки дар муассиса синфхонаҳо ба нуқтаи ягонаи гармидиҳӣ пайвастанд. Ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон муассиса бо ангишт ва ҳезум таъмин аст.
Дар дарси омӯзгори фанни биология Субҳон Абдурашидов дар синфи 10 иштирок намудем. Омӯзгор дар дарс аз мавзуъҳои гузашта саволҳо дода, донишҳои омӯхтаи хонандагонро месанҷид. Хонандагон ба саволҳо ҷавоб дода, ҳамчунин, оид ба ин ё он мавзуъ шарҳи омӯзгорро бо диққат гӯш мекарданд. Дарс хуб ташкил шуда, дар рафти он омӯзгор дар хусуси нақши ин фанҳо дар пешбурди саноати кишварҳо мисолҳо меовард, ки ин, албатта, дар баробари гирифтани дониши амиқ, дар баланд бардоштани ҷаҳонбинии хонандагон нақши бориз дорад.
Омӯзгор С. Абдурашидов ба хонандагони мактаб ба ғайр аз биология химияро низ меомӯзонад. Дар ҷодаи омӯзгорӣ ин марди накуном собиқаи кории беш аз чилсола дошта, тӯли ин муддат шогирдони зиёдеро таълиму тарбия додааст. Ӯ иброз дошт:
– Омӯзгор бояд, пеш аз ҳама, дониши хуб дошта бошаду касбашро дӯст дорад, аз илми психология воқиф бошад, то дар рафти дарс диққати хонандагонро ҷалб карда тавонад. Он гоҳ дарс самараи хуб ба бор хоҳад овард.
– Соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» хонандаи синфи 10 Малика Хайруллозода аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Дар озмуну олимпиадаҳои фанни аз забони русӣ хонандаи синфи 8 Жасмин Ибрагимова ва аз география хонандаи синфи 11 Муродҷон Остонов сазовори ҷойи сеюм гардиданд, – қайд кард директори муассиса.
Мактаб ва интернати деҳаи Лучоб
Роҳи пурпечутоби деҳаи Лучоби ноҳияро тай намуда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 расидем. Атрофи муассиса бо панҷараҳои сабз иҳота шуда буд. Ба бинои дуошёнаи муассиса ворид гаштем. Дохили бино васеъ, аммо деворҳои он фарсуда аст. Мувофиқи иттилои омӯзгори собиқадори муассиса Табар Шералиев (айни ҳол хоҷагидор), бинои мазкур соли 1983 сохта шудааст.
– Аввалин бинои мактаб тақрибан соли 1950 бунёд ёфтаву куҳна гашта, ба талабот ҷавобгӯй набуд. Бинобар ин, бо қарори роҳбарияти ҳамонвақтаи ноҳия ин бино барои 320 нафар хонанда сохта шуд. Имрӯз бошад, дар ин ҷо 660 нафар дар ду баст таҳсил доранд, – афзуд Т. Шералиев.
Мактаб дорои 19 синфхона буда, 8 синфхона дар бинои иловагӣ ҷойгир мебошад. Аз кабинетҳои фаннӣ танҳо синфхонаи компютерӣ бо 7 компютер, 1 принтер, 1 тахтаи электронӣ ва дастгоҳи махсуси намоишдиҳӣ мавҷуд аст.
– Мо, омӯзгорони муассиса, дар лаҳзаҳои зарурӣ, дар дарсҳои амалӣ ва кушод аз тахтаи электронӣ ва дастгоҳи намоишдиҳӣ истифода мебарем. Ба ин васила, ҷаҳонбинии хонандагон васеъ ва донишҳои назариявии андӯхтаашон амалан мустаҳкам мешавад, – гуфт омӯзгори химия ва биология Насриддин Ёдгоров.
Ба синфхонаи 6, ки он ҷо дарс аз фанни математикаи омӯзгор ҷавон Садриддин Холов баргузор мешуд, ворид гаштем. Хонандагон сенафарӣ дар ду курсӣ паси як парта менишастанд. Омӯзгор Садриддин Холов шарҳ дод, ки бо сабаби дар донишгоҳ қарор доштани омӯзгори синфи 6 айни ҳол ӯ дар ду синф дарс медиҳад. Дарс хубу пурмазмун гузашт. Омӯзгор дар рафти дарс бо хонандагон роҳҳои ҳал кардани мисолу масъалаҳои гуногуни математикиро нишон медод ва ҳангоми иҷрои ҳалли масъала байни қаторҳо гашта, дафтари шогирдонро як-як аз назар мегузаронид. Аз тарзу методи дарсгузарӣ ва муносибат бо шогирдон метавон пай бурд, ки С. Холов, новобаста аз ҷавонӣ ва таҷрибаи ками корӣ, дониши баланд ва лаёқати хуби омӯзгориро дорост.
Мавриди зикр аст, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 интернат барои хонандагони ятиму нимятим ва камбизоат фаъолият мекунад. Соли хониши ҷорӣ дар интернат 28 нафар хонанда тибқи роҳхат қабул шудаанд, ки аз ин теъдод 7 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд. Интернат дар ошёнаи якуми бинои алоҳида ҷой гирифта, дорои се ҳуҷраи хоб барои духтарону писарон дар алоҳидагӣ, синфхонаи махсуси дарстайёркунӣ, утоқи муоинаи тиббӣ ва ҳаммом мебошад. Ба бинои интернат мо ҳангоме омадем, ки хонандагон пас аз дарс ва истеъмоли хӯроки нисфирӯзӣ фароғат доштанд.
Китобхонаи муассиса дар ошёнаи дуюми бинои интернат ҷой гирифта, дар умум, дорои 8729 адад китоб мебошад, ки аз ин 6740-тояшро китобҳои дарсӣ ташкил мекунад. Китобдор Сунатулло Шарифов гуфт, ки китобхона 300 нафар аъзо дошта, бошандагони интернат бо китобҳои дарсӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.
– Муассиса аз солҳои қабл то кунун аз таъмири пурра (капиталӣ) бароварда нашудааст. Мо кӯшиш мекунем, то қадри имкон камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунем. Ният дорем, бо дастгирии ҳукумати маҳал ва соҳибкорон дар фасли тобистон тирезаҳои ошёнаи якумро бо пластикӣ иваз намоем. Толори варзишро бо қолинҳои махсус ва дастгоҳҳои машқу тамрин таъмин намудем, – қайд кард директори мактаб Эмомалӣ Салимов.
Ҳамчунин, мудири шуъбаи маориф Насриддин Ҷаъфарзода қайд намуд, ки тибқи нақша соли 2025 аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Варзоб 1866548 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки дар соли таҳсили 2025-2026 тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмир бароварда мешаванд.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
Ирода ТИЛАБОВА,
«Омӯзгор»