Зӯри мушт дар ангуштон аст

Тарбия дар баробари таълим яке аз рукнҳои асосию меҳварӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Чунин андеша, ки таълим аз тарбия бартарӣ дорад ва ё баръакс, заминаи муътамади воқеӣ надорад. Вале иқрор бояд шуд, ки бе одобу ахлоқи хубу намунавӣ хонанда наметавонад соҳиби дониши баланд ва ҷаҳонбинии васеъ гардад. Аз ин рӯ, дар замони муосир тамоми кӯшишро ба он бояд равона намуд, ки насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, эҳсоси волои ватанпарварӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ тарбия ёфта, ба камол расад. Мусаллам аст, ки дар тарбия падару модарон ва оила рисолати бузургро бар дӯш доранд, зеро фарзанд аз хурдӣ дар фазою муҳите ба воя мерасад, ки чигунагии шахсияти ӯро дар ҷомеа барои минбаъд муайян мекунад. Агар фарзанд хушахлоқу накухисол ва бофазлу солим ба камол расад, маълум мегардад, ки волидон дар тарбияи ӯ заҳмату ранҷи бардавом кашида, аз тамоми имконоту шароити мавҷуда ҳадафмандонаю самаранок истифода ва дар назди ҷамъият масъулу муваззаф будани худро аз рӯйи тақозои виҷдон ва дарки масъулият эҳсос кардаанд. Мутаассифона, дар ҷомеа оилаҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки тарбияро яктарафа ба роҳ монда, нисбат ба рафтору кирдори фарзандон бетафовутӣ зоҳир мекунанд. Ба даъвату муроҷиати пайдарпайи роҳбарияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он ҷо таҳсил мекунад, эътибор намедиҳанд. Тавре маълум аст, вобаста ба ин масъала Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардидааст, ки вазифаю масъулияти тамоми ниҳоду қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, падару модарро дар боби ба таълим фаро гирифта шудани хонандагон, рафтору амалҳои онҳо дар мактабу ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар хона мушаххасу муайян кардааст. Бинобар ин, волидон вазифадоранд, ки назоратро аз рӯйи амалу кирдорҳои фарзандон тақвият бахшида, ҳар як қадами онҳоро аз мадди назар дур нагузоранд. Таъбири мардумист, ки «Оҳанро дар гармияш мекӯбанд». Агар ба рафтору амал ва ахлоқи фарзандон сари вақт эътибор зоҳир накунем, баъд дер мешавад. Боиси нигаронист, ки аҳли ҷомеа, падару модарон, омӯзгорон баъди ба амали ношоиста даст задани наврас садо баланд карда, ба таҳлилу баррасии омилу сабабҳои он мепардозанд. Ҳол он ки наврас дар пеши чашми омӯзгорон, волидон ва аҳли ҷомеа ба чунин роҳи каҷ қадам гузоштааст. Мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯст. Ҳангоме ки фарзанд ҷиноят содир кард, падару модар аз саҳлангориашон нисбат ба тарбияи ӯ изҳори пушаймонӣ мекунанд.

Дар тарбияи насли наврас, ҳамчунин, саҳму нақши мактаб ва омӯзгорон назаррас аст. Дар қонуни мазкур таъкид мегардад, чанд соате, ки хонанда дар таълимгоҳ ба таълиму тарбия машғул аст, ба амалу рафторҳои вай муассисаи таълимӣ масъул ҳисобида мешавад. Мутаассифона, имрӯз ҳолатҳое ҳам рӯй медиҳанд, ки аз беназоратии омӯзгорон хонандагон бо ҳам ҷанҷолу муноқиша мекунанд, ҳамдигарро дашном ме­диҳанд, суханҳои қабеҳ мегӯянд ва кор ҳатто то ба шуъбаи корҳои дохилии ину он минтақа мерасад. Ба ин хотир, дар асоси рӯйхати навбатдории омӯзгорон дар муассисаи таълимӣ бояд назоратро аз рӯйи амалу рафторҳои хонандагон пурзӯр кард. Бешак, тарбияи насли наврас дар замони муосир ҷаҳду талош, дилсӯзӣ ва масъулияти бардавомро аз кулли қишрҳои ҷомеа тақозо мекунад, ки он кори саҳлу осон нест. «Зӯри мушт дар ангуштон», — мегӯяд халқ. Аз ин рӯ, имрӯз лозим меояд, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар тарбияи фарзандон саҳми сазовор гузорем.

Убайдулло МУРОДОВ,

омӯзгори МТМУ №8-и ноҳияи Фархор