Роҳҳои муассири омӯзиши асарҳои бадеӣ

Китоб ба инсонҳо аз ибтидо то интиҳои умр сабақомӯз аст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, «Илм – фуруғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳандозӣ шудаанд. Мақсади асосии озмунҳои мазкур дар қалби насли наврасу ҷавон бедор намудани муҳаббат ба китобу китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон, тарғиби фарҳанг, илмҳои табиию риёзӣ, дақиқ ва китобу мутолиа дар байни аҳолии кишвар мебошад.

Халқи тоҷик зиндагии худро дар тамоми давру замон бе китоб тасаввур карда наметавонад. Китобро бузургони мо «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» шумурдаанд. Пас мо, омӯзгоронро шарт ва зарур аст, ки фарзандони хешро аз рӯзҳои аввали таваллуд, ҳангоми ба забон овардани нахустин калима тавассути аллахонӣ ва афсонаву қиссаҳо тарбият намоем.

Кӯдак ҳар он чизеро, ки дар хурд­солӣ мебинаду мешунавад, зуд қабул мекунад ва дар хотир нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, агар кӯдакро ҳамон қадар барвақттар бо китоб ошно намоем, ҳамон андоза зираку доно ба воя мерасад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо мекунад.

Китобҳои бачагонае, ки аз ҷониби шоиру нависандагон барои кӯдакон таҳияву нашр мешаванд, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва баланд гардидани завқи китобхонии хонандагону наврасон нақши калон мебозад.

Дар оила, кӯдакистон, мактаб, бахусус, китобхона, омӯзиши асарҳо воситаи муҳимтарини таълиму тарбия маҳсуб меёбад. Китобдоронро зарур аст, ки тибқи нақша ба муассисаҳои мактабиву томактабӣ рафта, бо тарбиятгирандагону хонандагон озмунҳои қироати ашъор ва маҳфилҳои шавқовар дар мавзуи Тоҷикистон, модар, сулҳ, ваҳдат, омӯзгор баргузор намоянд, ки ин манфиатбор хоҳад буд.

Барои хидмат намудан ба Ватан фарзандеро бояд тарбия намуд, ки дар ҳақиқат, донишманду соҳибкасб бошад.

Барои тарбияи шоистаи кӯдакону наврасон бояд модар дорои дониши хубу маърифати баланд ва тарбияи дуруст бошад.

Яке аз роҳҳои таъмини наврасон бо китобҳои бадеӣ ба фаъолияти китобхонаи мактабӣ иртиботманд мебошад. Аз ин лиҳоз, ба китобдорон зарур аст, ки истифодаи босамари маводи инноватсиониро дар китобхона ба роҳ монанд.

Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар китобхона барои дастрасии маълумот ва китобҳо меафзояд. Хонандагон ба манобеи китобхонаҳои кишвар ва ҷаҳон ворид мешаванд ва осори тозаи бадеиро дар шакли электронӣ дастрас менамоянд.

Мутолиаи китоб захираи луғавии инсонро ғанӣ ва шуурнокии ӯро мустаҳкам мегардонад. Ба ақидаи равоншиноси маъруфи англис Эрик Эриксон, яке аз роҳҳои аз хурдсолӣ ба китобхонӣ завқманд намудани кӯдакон қиссагӯӣ мебошад. Ё ин ки бо кӯдак мусобиқаи «Кӣ дар як дақиқа чанд калима мехонад?» манфиатовар мебошад.

Наврасону ҷавонон технологияро васеъ истифода мекунанд, аз ин рӯ, устодон бояд ба шогирдон ҷиҳати истифодаи дурусту ҳадафмандонаи он маълумот диҳанд ё омӯзишу мутолиаи асарҳои бадеиро дар шакли электронӣ тавсия намоянд.

Гулшан САФАРЗОДА,

омӯзгор