Ба мутолиа рӯ орем!

Тавре ки маълум аст, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҳафтум аст, ки баргузор мегардад.

Боиси хурсандист, ки бо иқдоми дилсӯзонаи Сарвари давлат дар ҳар як номинатсия шоҳҷоиза муқаррар карда шудааст. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, воқеан, дар байни довталабон онҳое, ки лаёқати баланд ва маҳорату малакаи хуб доранд, хеле зиёданд. Онҳо осори бешумори мансуру манзумро аз эҷодиёти шоирону нависандагони классикии тоҷику форс, ҷаҳон ва муосир мутолиа кардаанд. Яке аз шартҳои дигари озмун, дурусту беғалат хондани ашъори шоирон мебошад. Аз ин сабаб, ба омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимии кишвар зарур аст, ки дар машғулиятҳо ба ифоданок хондани шеър аз ҷониби шогирдон диққати бештар зоҳир кунанд.

Дар баробари ин, довталабонро мебояд, ҳикоёту қисса ва романҳои адибони шинохтаро бештар мутолиа кунанд. Дар ин маврид дар низомномаи озмун рӯйхати шоирону нависандагон дар ҳамаи номинатсияҳо сабт гардидаанд. Аз ин рӯ, довталабон ҳаматарафа бо низомномаи озмун шинос гардида, тибқи он бояд ба мутолиа машғул шаванд.

Яке аз шартҳои номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷику форс ва муосир ҳифзи 100 ғазал мебошад, ки он кори чандон осон набуда, аз довталабон маҳорати баландро талаб менамояд. Воқеан, мутолиаи китоб яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, барои озод сухан гуфтан, сайқали фикр таъсири мусбат дорад. Шахси китобхон ҳеҷ гоҳ хор намешавад ва ҳамеша сарбаланду комёб мегардад.

Шахсе, ки китоб мехонаду андӯхтаҳояшро дар ҳаёт истифода мебарад, нафари муваффақ мебошад. Аҳли ҷомеа ӯро эҳтиром мекунанд. Агар модар ба мутолиаи осори бадеӣ машғул шавад, фарзандон ин амали ӯро пайравӣ мекунанд. Ҳангоми фаъолият дар мактаб барои пешгирии хонандагон аз амалҳои номатлуб аз панду андарзҳое, ки аз китобҳо хонда будам, истифода мебурдам ва хонандагонро ба роҳи рост ҳидоят мекардам. Хуллас, китоб равшангари дилҳо ва василаи расидан ба камолоти маънавии инсон мебошад.

Зарнисор НИЗОМОВА,

«Омӯзгор»