СИФАТИ ТАҲСИЛОТ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Чанде қабл бо ибтикори шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи «Мушкилот ва роҳҳои беҳтарсозии сифати таҳсилот» мизи мудаввар баргузор гардид. Нахуст Президенти АТТ, профессор М.Саломиён сухан ронда, аз ҷумла, зикр намуд, ки соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир дар заминаи дастгирию иқдомоти дилсӯзонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду такомул ёфта, дар низому шеваҳои таълим ислоҳот ва дигаргуниҳои бузурге ба амал омаданд.

Тадбирҳои амалие, ки аз ҷониби Ҳукумат ва Давлат дар ин самт андешида шудаанд, дар назди кормандони соҳа ва дар умум, аҳли маориф вазифа мегузорад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва донишазхудкунии хонандагон саъйю талош намуда, корҳои судбахшу муассирро анҷом диҳанд, ки таъсиси шуъбаи назорати сифати таҳсилот дар Вазорати маориф ва илми кишвар ва фаъолияти чандинсолаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин қабил ба шумор меравад. Сипас, номзади илмҳои филология, сармутахассиси шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими АТТ Азим Байзоев дар мавзуи «Мушкилоти муайян намудани сифати таҳсилот ва роҳҳои баланд бардоштани он» маърӯза карда, аз ҷумла, қайд намуд, ки то имрӯз дар хусуси мафҳуми сифати таҳсилот фикрҳо гуногун буда, тавсифи ягонаю мушаххаси ин мафҳум вуҷуд надорад. Барои муайян намудани сифати таҳсилот таърифҳои зиёде истифода шудаанд. Дар фарҳангу луғатномаҳои педагогию методӣ ва дидактикӣ ин мафҳум ба сурати зайл тавсиф шудааст: мутобиқати таҳсилот ба талабот ва меъёрҳо (стандартҳо)-и дар соҳаи маориф қабулшуда, сатҳи муайяни донишҳо ва малакаҳо, рушди ақлонӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ, ки онро хонандагон дар зинаҳои муайяни таҳсилот вобаста ба ҳадафҳои нақшавӣ ба даст меоранд, мутобиқати донишҳои андӯхта барои истифодаи онҳо дар вазъиятҳои мушаххас барои ба даст овардани ҳадафҳои мушаххас ва баланд бардоштани сифати фаъолият. Сифати таҳсилот аз рӯйи истифодаи донишҳои андӯхта дар бозори меҳнатӣ муайян карда мешавад. Номбурда дар идома зикр намуд, ки сифати таҳсилот категорияи педагогӣ – иҷтимоиест, ки ҳолат ва самарабахшии ҷараёни таълиму тарбия ва мутобиқати онро ба стандарту барномаҳои таҳсилот ва талаботу ниёзмандиҳои ҷомеа дар самти ташаккул ва рушди салоҳиятмандиҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсият муайян менамояд. Ба омилҳо ва нишондиҳандаҳои муайянкунандаи сифати таҳсилот мазмуни таҳсилот, китобҳои дарсӣ, маводи иловагии таълим ва сатҳи таъминот бо онҳо, шаклу методҳои таълим, аз ҷумла, методҳои навоварона ва иттилоотӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ, ҳайати кадрӣ, донишомӯзон (хонандагон, донишҷӯён), инфрасохтори муассисаи таълимӣ ва ташкили ҷараёни таълим дохил мешавад. А.Байзоев дар хотима таъкид намуд, ки бояд механизми баргардониши нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба нишондиҳандаҳои сифатӣ муайян ва мушаххас гардад, барномаҳои компютерии таъсири мутақобилаи ин омилҳо таҳия ва истифода шаванд. Мутаассифона, то имрӯз ду омили асосии берунии таъсиррасон ба сифати таҳсилот ба назар гирифта намешавад, ки он таносуби тайёр кардани мутахассисони зинаи ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, 100 ҳазор донишҷӯйи зинаи ибтидоӣ (миёнаи касбӣ) дар баробари бештар аз 215 ҳазор донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қарор дорад. Бояд ин нишондиҳанда баръакс бошад. Ҳамчунин, шаф-фофияти бозори меҳнат, сиёсати шаффофи кадрӣ аз мушкилоти сангини замони мост. Агар донишҷӯ итминон дошта бошад, ки барои бо кор таъмин гардидан меъёри асосӣ сатҳи дониш ва салоҳиятмандии ӯ мебошад, дар ҳама гуна шароит барои рушди салоҳиятҳои худ сахт кӯшо мешавад.

Перомуни масъалаи мазкур устоди ДМТ Қутбиддин Мухторӣ андешаҳояшро иброз дошта, хотиррасон намуд, ки дар ин раванд тарбияи ахлоқии хонандагон муҳим буда, ин омил дар муайян намудани сифати таҳсилот набояд аз мадди назар дур монад. Сармутахассиси АТТ Ҷамила Ҳакимова дар хусуси кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳарф зада, қайд кард, ки сифати таҳсилот дар мавриди муассисаҳое, ки ба таълиму тарбияи ин гурӯҳ хонандагон машғуланд, бояд муайян ва мушаххас карда шавад. Ноиби президенти АТТ, академик Ирина Каримова зикр намуд, ки масъалаи сифати таҳсилот, ки дар маърӯзаи А.Байзоев хеле хуб таҳлил ва баррасӣ гардид, умда ва замонавӣ мебошад. Ба андешаи ӯ, сифати таҳсилот ба омилҳое, амсоли дастовардҳои инфиродии хонандагон, сатҳи баланди касбияти омӯзгорону устодон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва ҷонишинони онҳо, фаъолияти инноватсионии муҳассилин, раванди идоракунии ҷараёни таълим ва ҳамзамон, интихоби огоҳмандонаи довталабон барои шомил шудан ба мактаби олӣ, сатҳу сифати таълим ва сифати дониши хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳо иртиботи ногусастанӣ дорад. Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода барои ноил гардидан ба сифати баланди таҳсилот омилҳоеро, аз қабили омода намудани мутахассисони омӯзгории касбии соҳиблаёқат, ҳавасмандгардонии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар масъалаи шомил гардидани дохилшавандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии равияи омӯзгорӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, банақшагирии фаъолияти мушаххасу дурусти шуъбаю бахшҳои назорати сифати таҳсилот дар шаҳру навоҳӣ, дастрасии пурраи ҳар як хонанда ба китобҳои дарсӣ ва сифати китобҳои мазкур, фаъолияти ҷиддии назоратӣ аз ҷониби директорон, муайян кардани меъёри сифати таҳсилот, таҷдиди назар намудани меъёрҳои сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагон ва ғайра муҳим ва созгор ба талаби давр ҳисобид. Ҳамчунин, дар атрофи масъалаи сифати таҳсилот профессори ДМТ Саъдуллоҷон Неъматов, узви вобастаи АТТ, профессори ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, С.Шербоев, доктори илмҳои педагогӣ Ф.Гулмадов, директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ А.Гулов, мудири шуъбаи ПРМ Д.Имомназаров, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, доктори илмҳои педагогӣ Л.Иматова, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Р.Мирзозода, директори муассисаи нашриявии «Маориф» К.Исозода ва мудири шуъбаи инноватсия ва технологияи педагогии АТТ, номзади илмҳои педагогӣ Сайфиддин Камолзода сухан ронда, пешниҳод намуданд, ки барои ҳалли масъалаи сифати таҳсилот санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва ба танзим дароварда шавад.

Дар фарҷом президенти АТТ М.Саломиён таъкид намуд, ки масъалаҳои баррасишуда набояд дар рӯйи коғаз боқӣ монанд, балки дар ниҳоду муассисаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мавриди натиҷагирӣ ва татбиқи амалӣ қарор дода шаванд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»