Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ, воқеан, ду мафҳум ва падидаи қудратманду беназире ҳастанд, ки таърихи муосири Тоҷикистонро ифодагаранд. Имрӯз ҳам тавассути ин арзишҳои меҳварии низомсоз устувории ҷомеаи мо дар рӯ ба рӯйи чолишҳои муосир нигоҳ дошта мешавад. Аз ин ҷиҳат, зарурати дарку тавзеҳи омилҳои таъсиргузор дар таҳкими Ваҳдати миллӣ имрӯз ҳам на камтар аз гузашта пайваста меафзояд.
Алоқамандии ногусастании зуҳур ва ташаккули ин падидаи иҷтимоиро аслан, ба раванди инкишофи бемайлони ҳаёти ҷомеаҳо, аз ҷумла, қудрати онҳо барои пешниҳоди ҳадафҳои ягонаи тақдирсоз дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ вобаста медонанд.
Дар ҳар як зинаи ташаккули хеш тоҷикон сарҳади тамоюли ваҳдатгароии худро вусъат бахшида, ба эъмори пойдевори умумиятҳои мураккабтару пешрафтатар шарафёб гаштаанд. Яъне, тавассути чунин тамоюли ваҳдатгароӣ тоҷикон сареътару зудтар аз дигар мардумон доираи ҳамгароии худро аз марзи ҳувияти авлодию қавмӣ фаротар бурда, дар шакли халқияту миллати таърихӣ ташаккул ёфтаанд. Мояи илҳомбахши ин амалҳо, пеш аз ҳама, майлу рағбат ва дилбастагии аҷдодони мо ба тарҳрезии ҳадафҳои созандаю бунёдкорона ва эҷоди фазои ҳусни тафоҳуму таҳаммулпазирӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаю ҳамсоягони худ ба шумор мерафт. Маҳз дар партави чунин андеша рустою шаҳрҳои мутараққӣ қомат меафрохтанд ва бо ин рифоҳи зиндагии мардум беҳтару рангинтар мегашт. Минбаъд дар заминаи ҳар чи бештар вусъат бахшидани доираи тамоюли ваҳдатгароии хеш мардуми мо тавонистанд муттаҳидшавишонро дар шакли умумиятҳои бузургтар аз оилаю авлод, яъне, халқияту миллати мустақил таъмин намоянд. Бидуни муболиға инро метавон як ҷаҳиши беназири иҷтимоӣ дар таърихи ташаккули миллати тоҷик арзёбӣ намуд, ки омӯзишу дарки назариявии он метавонад муҳтавои донишҳои моро дар бораи ҳодисаҳои дар ҳаёти ҷомеаҳои имрӯз баамалоянда амиқтар ва аксуламали моро нисбат ба онҳо муносибу санҷидатар гардонад. Зеро падидаи фавқуззикр баёнгари он аст, ки аз як шакл ба шакли дигари иттиҳоди таърихӣ гузаштани одамон муддати умри наслҳои зиёдро дар бар гирифта, ибтикору ҷоннисориҳои бепоёнро талаб мекунад.
Бо такя аз андешаи мазкур метавон гуфт, ки ваҳдат барои ба воқеият пайвастан ва иҷрои муносиби вазифаҳои иҷтимоию сиёсии худ ба арзишҳои муносиби ақидатӣ, назариявӣ, таърихӣ ва иҷтимоии хосе такя менамояд, ки вижагиҳои дарки махсуси вуҷуди олам, тасаввури ташкили ҷомеаи инсонӣ, сатҳи робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи онҳо, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ аз зумраи онҳо мебошанд. Бахусус, бидуни ташаккули манзараи илмии оламе, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, имконияти ба даст овардани заминаи ташаккули манзараи диди олами иҷтимоии ӯ нокомил хоҳад монд.
Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ маҳсули иштироки омилҳо ва заминаҳои гуногунест, ки дар шароити мушаххаси иҷтимоӣ ба саҳнаи ҳаёти ҷамъиятии мардум ворид мешавад. Ба воқеият пайвастани талошҳои ваҳдатгароёна мавҷудияти дастгирии оммавии ирода ва ҳадафи олии ба ин мақсад расиданро низ талаб мекунад. Пас аз баргузории Иҷлосияи ХVI дар атрофи ғояи ҳимояи Истиқлоли давлати миллии худамон маҳз ҳамин гуна иродаю ҳадафгузории умумимиллие ташаккул ёфт, ки фаъолияту корнамоии Сарвари мамлакат онро суръату устувории комил бахшид.
Ин ҳадафи олӣ роҳро барои ба ваҳдат расидани миллати тоҷик равшан сохт. Бо эълони ин ҳадаф бори дигар талоши ба қисмати хеш ҳоким шудан ва масъулияти инкишофи миллатро ба дӯш гирифтан дар баробари хатари эҳтимоли парокандашавӣ мубрамият пайдо карда, мардуми моро муттаҳид гардонид. Ин ҳолат ниҳоятан талоши татбиқи амалҳои иртиҷоӣ ва монеъавиро дар инкишофи истиқлоли ҷумҳурӣ бартараф сохта, модели иҷтимоию сиёсии аз ҷониби Сарвари давлатамон пешниҳодшуда, яъне, эъмори давлати миллии рӯйи усули дунявият, қонуният ва арзишҳои демократӣ қарордоштаро байни мардум маҳбубтар гардонид. Роҳбарияти сиёсии кишвар тавонист бо чунин талошҳо роҳу воситаҳои дар таърихи миллатамон назири худро надоштаи аз муқовимат баромаданро дарёбад ва ваҳдату якпорчагии кишварро таъмин намояд, истиқлолро нумуъ бахшад.
Қазовату далелҳои зикршуда баёнгари онанд, ки ваҳдатро дар таркиби умумияти таърихие ҳамчун миллат ба даст овардан кори саҳлу осон не, балки хеле мураккабу сангин аст. Аз ин рӯ, нақши он, воқеан, дар мустаҳкамсозии пояҳои давлатдории миллӣ хеле беназиру ивазнашаванда аст. Ин масъала низ бояд мадди назар бошад, ки ваҳдати дар фазои давлати миллӣ ба даст омада доираи боварии байни мардумро, ки дар аввал ба хатари фурӯпошӣ рӯ ба рӯ шуда буд, минбаъд устувору фарохтар сохт. Аз ин ҷиҳат, бо маҳорати нодир атрофи як ҳадафи умумии давлатсозии миллӣ ташаккул додани иродаи умумиллию бо ин усул ба даст овардани эътимоди байниҳамдигарии мардуми ин сарзамин яке аз хидматҳои бузурги таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Ваҳдати миллӣ дар заминаи таҳкими ҳувияти миллӣ ташаккул ва истеҳком меёбад. Ин онро ифода мекунад, ки таҳкими пояҳои шакли мувофиқи ҳувият метавонад ба таҳкими ваҳдат дар ҷомеа таъсири мусбат расонад. Зеро ошкор кардани шакли бартариятдоштаи муайяннамоии ҳувият ба фаҳмидани он чиз имкон медиҳад, ки дар асоси кадом омилҳо эҳсоси ваҳдат байни аъзои гурӯҳҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ шакл мегирад.
Зарурати роҳандозии талоши ваҳдатгароии ҷомеаи мо дар даврони кунунии инкишофаш на камтар аз солҳои пештара аст, балки дар мавриди кунунӣ он ба маротиб меафзояд. Зеро шиддати муқовимату рақобати кишварҳо ошкоро бештар ба чашм мерасад. Дар муқобили чунин муқовиматҳо ҳамон ҷомеае метавонад аз худ истодагарӣ нишон диҳад, ки дар баробари соири омилҳо пойдевори мустаҳками Ваҳдати миллӣ дошта бошад.
Суҳроб ЗОКИРЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода