Ваҳдати миллӣ ва бунёди сохтмонҳои азим

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, имкон фароҳам омад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба рушд кунад. Дар зимн, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала дар мамлакат корҳои бузург ба сомон расонида шуд. Марҳалаи аввали тақдирсоз ва омили асосии пешрафт таъмини сулҳу субот дар кишвар маҳсуб меёбад. Маҳз бо талошу пайкор ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, пеши роҳи хунрезӣ гирифта шуд ва Ваҳдати миллӣ таъмин гардид. Ба ин маънӣ, даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ тантанаи сулҳу субот дар мамлакат мебошад. Бинобар ин, бо расидан ба Ваҳдати миллӣ раванди бунёдкориҳо – кандани нақбҳо, сохтмони роҳҳо ва НБО-ҳо дар кишвар вусъати тоза пайдо кард ва ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлоли энергетикӣ такони ҷиддӣ бахшида, ба рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуд. Раванди бунёдкориҳо дар кишвар дар воситаҳои ахбори омма, махсусан, матбуоти даврӣ, ҳамчунин, асарҳои алоҳидаи публитсистӣ мунтазам инъикос меёбад.

Мусаллам аст, ки нақши ВАО, аз ҷумла, матбуот бузургу мондагор аст, зеро он ҳамчун минбари расонидани иттилоъ ва мубодилаи афкор хидмат менамояд. Дар дарозои таърих матбуот тавонистааст дар бунёди сохтмонҳои азим саҳми муносиб гузорад ва дар замони соҳибистиқлолӣ ин рисолати хешро такмил бахшидааст, зеро нигоштаҳое, ки дар саҳифаҳои матбуот ба табъ мерасанд, аҳаммияти баланди публитсистӣ дошта, дар онҳо вазъи замон инъикос гардида, ба афкори ҷомеа такони ҷиддӣ бахшидаанд.

Суханрониҳои Сарвари давлат доир ба сохтмонҳои бузурги кишвар, аз ҷумла, кандани нақбҳо, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва сохтмони неругоҳҳо, ки дар саҳифаҳои матбуот ба нашр расидаанд, неруи таҳрикбахшу пешбарандаи бунёдкориҳои азим дар мамлакат гардидаанд. Маълум мешавад, ки раванди бунёдкориҳо дар кишвар баъд аз соли 2000-ум вусъати тоза пайдо карда, таваҷҷуҳи асосӣ ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ равона шудааст. Барои расидан ба ҳадафҳои бузург Сарвари давлат мунтазам дар суханрониҳои худ ба ин масоил таваҷҷуҳ намуда, дар онҳо ба таври дақиқ анҷом додани сохтмонҳои бузургро нишон додаанд.

Суханрониҳои Президенти мамлакат аз ҷиҳати масъалагузорӣ ҷанбаи публитсистӣ доранд, зеро дар онҳо руҳияи замон, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсир ба афкори омма равшану бармалост. Дар баробари ин, суханрониҳо дар замоне сурат гирифтаанд, ки бояд дар ҳамон вақту мавқеъ пешниҳод мегардиданд ва тавонистанд мардумро ба раванди сохтмонҳои азим даъват намуда, масъулин ва сохтмончиёнро вазифадор созанд, ки дар иҷрои корҳо фаъол бошанд. Ҳамчунин, нақши суханрониҳо дар иҷрои сохтмонҳои азим муҳим ва муассир мебошанд. Дар асоси суханрониҳо масъалагузориҳо марбут ба сохтмонҳои азим ва барномаи Ҳукумат тавонист ба пешрафти чашмгир ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат кунад. Масъалагузориҳое, ки дар суханрониҳо зикр шудаанд, комилан амалӣ гардидаанд, ки аз нақшу қобилияти бузургу нодири Президенти мамлакат шаҳодат медиҳанд.

Дар Паёмҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили бунёдкорӣ дар ҷумҳурӣ мавқеи шоиста дорад. Сарвари давлат дар Паёмҳои худ на танҳо аз раванди бунёдкориҳои кишвар сухан мекунад, балки бо шарҳи вусъатноки масъалаҳо ва баррасии вазъи мавҷуда дурнамои ҳалли қазияҳоро нишон медиҳад. Паёмҳои Президенти кишвар аз нигоҳи масъалагузорӣ ва тақозои ҳалли онҳо то андозае руҳи публитсистӣ дошта, ба дарку фаҳми хонанда созгор мебошанд.

Маҳз аз Паёму суханрониҳои Сарвари давлат, аз як тараф, доир ба сохтмонҳои азим маълумот ба даст меояд, аз ҷониби дигар, дурнамои рушду пешрафти мамлакат муайян ва мушаххас мегардад. Дар баробари ин, Паёму суханрониҳои мазкур як давраи таърихи рангини давлатро бозгӯ намуда, махсусияти илмию публитсистӣ ва таърихӣ доранд. Дар зимн, дар ҳошияи онҳо қайдҳои публитсистӣ низ ба вуҷуд омадааст.

Маълум аст, ки адибону публитсистон ва рӯзноманигорон дар тасвири корномаи қаҳрамони арсаи меҳнат нақши муассир гузоштаанд ва ҷараёни сохтмонро бо тамоми ҷузъиёташ бозтоб кардаанд. Дар меҳвари аксари нигоштаҳое, ки аз ҷониби адибону публитсистон таълиф гардидааст, масъалаи сулҳу субот дар меҳвар қарор гирифтааст. Маҳз расидан ба Ваҳдати миллӣ имкону шароит фароҳам овард, ки раванди бунёдкорӣ дар кишвар тақвият ёбад ва ҳадафҳои стратегии мамлакат мушаххасу муайян гарданд. Адибону публитсистон ва рӯзноманигорон бо истифода аз жанрҳои журналистика корномаи қаҳрамонони арсаи меҳнатро тасвир намудаанд. Муаллифон бевосита бо ҷараёни корҳо шинос гардида, бо коргарону муҳандисон ҳамсуҳбат шуда, ба таври воқеӣ раванди бунёдкориҳоро инъикос кардаанд. Дар зимн, дар нигоштаҳои онҳо, аз як тараф, симои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби дигар, заҳмату меҳнати коргарон дар кандани нақбҳову бунёди роҳҳо ва НБО-ҳо таҷассум гардидааст, зеро маҳз бо ибтикори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои бузург барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ татбиқ ва мамлакат ба марҳалаи нави рушд ворид шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои манбаъҳои бузурги обӣ буда, истифодаи оқилонаву самараноки он метавонад ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва ба баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат кунад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба бунёди НБО-ҳо дар кишвар дар мадди назар қарор дорад ва дар замони соҳибистиқлолӣ садҳо неругоҳи хурду миёна ва бузург сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. НБО-ҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2» далели ин гуфтаҳостанд. Му­ҳаққиқон, адибону публитсистон ва рӯзноманигорон заминаҳои таърихии ташаккул, омилҳои инкишофи он, масъалаҳои баҳси атрофи бунёди НБО-и «Роғун», оғози дубораи корҳо дар иншоот ва нақши Пешвои миллатро дар рушди гидроэнергетика дар кишвар бо далоили илмӣ мушаххасу муайян кардаанд.

Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошу иродати Сарвари давлат корҳо дар НБО-и «Роғун» оғоз ёфта, бомаром идома дорад, ки бузургтарин дастовард мебошад. Дар саҳифаҳои матбуоти кишвар маводи зиёде доир ба муҳиммияти НБО-и «Роғун» барои Тоҷикистон ва минтақа ба табъ расидааст. Аз ин рӯ, муаллифон ба ин иншооти муҳимми кишвар диққати асосӣ зоҳир намуда, бо истифода аз жанрҳои журналистика ва назми публитсистӣ, аз як тараф, симои Сарвари давлатро ҳамчун меъмори НБО-и «Роғун» тасвир кардаанд, аз ҷониби дигар, заҳмату талоши коргарону муҳандисонро дар ин иншооти аср инъикос намудаанд.

Шоистаи таъкид аст, ки маҳз бо расидан ба истиқлолу Ваҳдати миллӣ шароити созгор фароҳам омад, ки бунёдкориҳои азим дар кишвар густариш бахшида шавад ва даҳҳо иншоти муҳимму стратегӣ мавриди истифода қарор гиранд. Дар зимн, созандагӣ ба марому мақсади Ҳукумати кишвар табдил ёфта, дар гӯшаву канори мамлакат мардуми сарбаланди кишвар бо дасту дили гарм ба сохтмони иншооти гуногун машғуланд ва Ватани азизамон – Тоҷикистон рӯз то рӯз зебову шукуфо мегардад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот ва истиқлоли миллӣ бирасем ва дар таҳкими давлатдории миллӣ талоши бештар намуда, кишварамонро ҳамаҷониба рушд бахшем.

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»