Кафолати пешрафти ҷомеа

Дар ҳар давру замон рушд ва омода намудани ҷомеа барои гузариш ба марҳалаҳои нави иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба зиммаи маориф вогузор гаштааст. Дар ташаккули сармояи инсонӣ маориф омили муҳимтарин маҳсуб меёбад. Масъалаи маориф ва таълиму тарбия ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ ва манбаи асосии захираҳои инсонӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори маорифи навин буда, дар сиёсати дурбинонаи хеш маориф ва илмро аз самтҳои муҳимму афзалиятнок эълон доштанд. Дар ин маврид, Пешвои миллат дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи маориф (22 декабри соли 2005) таъкид намуданд: «Маориф омили муҳимтарини ҳастии давлат ва наҷоти миллат аст. Мо соҳаи маорифро самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намудем».

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи он иқдомҳое, ки дар кишвари мо ба хотири таҷдид ва рушди соҳаи маориф равона шудаанд, аз ниёзҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавии ҷомеа сарчашма мегиранд. Ҳадаф аз иқдоми маорифпарварона тарбия ва ташаккули ҷомеаи огоҳу бедор, аз лиҳози маънавӣ сарватманд, насли худогоҳу хештаншинос ва мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ғамхорӣ ва талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон, хосса, Президенти кишвар мақому манзалати омӯзгор, устод, мураббӣ ва олим хеле боло рафт. Ба ин маънӣ Сарвари давлат қайд карданд: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд». Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини ба арсаи сиёсат қадам гузоштанашон ба мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи ноороми баъдиҷангӣ нигоҳ накарда, кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд, то сатҳи таълиму тарбия ва ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқсозии низоми маорифро таъмин намоянд. «То замоне, ки мо барои аҳли маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда, ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст».

Маориф манбаи асосии рушди миллӣ буда, дар тарбияи қувваи кории соҳибихтисос ва ташаккули иқтидори ҷомеаи босубот нақши ҳалкунанда мебозад.

Институти маориф дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифта, рушди илму маориф, омӯзиши илму техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар авлавият қарор гирифт. Дар ин раванд ҷойгоҳу манзалат ва дар айни замон, масъулияти олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа давра ба давра баланд бардошта шуд.

Ҳамчунин, дар давоми беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ як силсила барнома ва лоиҳаҳои илмӣ бо дарназардошти манфиатҳои давлатдории миллӣ таҳия ва мавриди амал қарор гирифта, барои пешрафти илму маориф заминаи устувору мустаҳкам муҳайё гардид. Бо дарки таъсири амиқи неруи зеҳнӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса дода шудааст.

Тавре маълум аст, ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф вобаста аст. Аз ин рӯ, Президенти кишвар дар сиёсати хеш дар соҳаи маориф бо талошҳои пайгирона муносибатҳои сифатан навро ворид намуданд. Ин муносибатҳо дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври амиқ зикр шудаанд.

Тадбирҳои зиёди андешидашуда имкон доданд, ки дар соҳаи маориф тағйироти куллии бунёдӣ рӯйи кор ояд. Садҳо муассиса ва иншоот барои соҳа бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Нақши муҳимми маориф дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мушаххас менамояд, ки ояндаи кишвар ба рушду пешравии он вобаста аст.

Тоҳир МАҶИДЗОДА,

муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ