Тақдир ва сарнавишти ҳар давлату миллат бастагӣ ба роҳбарону сарварони онҳо дорад. Яъне, роҳбар, сарвар ва пешво метавонад дар масири таърих сарнавишти давлат, миллат ва халқияти худро муайяну мушаххас намояд, мавқеу ҷойгоҳи онро дар ҷаҳони пуртазод мустаҳкаму пойдор созад ва таъриху тамаддун, арзишҳои моддиву маънавии фарҳанги халқу миллаташро дар умқи сафаҳоти китоби даҳр ҳаккокӣ кунад, ки аз тӯфону ҳаводиси пурфоҷеаи даврон дар амон монда, ҷовидона гарданд.
Хушбахтона, сарнавишт ба миллати тоҷдору куҳанфарҳанги тоҷик фарзонафарзанд ва абармардеро бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид, ки тамоми сифатҳои мазкурро дороянд.
Пешвои миллат бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешиву мулоҳизакорӣ, ҷасорату далерӣ ва меҳанпарастиву миллатдӯстии бесобиқа тавонистанд пояҳои давлатдории тоҷикиро бунёд гузоранд, миллату кишварро аз нестӣ наҷот диҳанд, фарҳангу тамаддуни миллиро дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба бузургтарин дастовардҳо ноил гарданд.
Талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат аст, ки мардуми тоҷик ва дигар шаҳрвандони кишвар, новобаста ба мансубияти диниву мазҳабӣ ва қавмиву миллиашон, дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар хушу хуррам ва тинҷу осуда зиндагонӣ доранд.
Дар таърихи инсоният мисолҳо дар бораи хидматҳои шоистаи фарзандони ин ё он миллат барои Ватани худ бисёранд. Аён аст, ки чунин шахсиятҳо бо тобоварӣ, обрӯю нуфуз ва хислатҳои мардонаашон мардумро аз пайи худ бурда, сабаби инкишофи давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ мегарданд.
Дар солҳои душвори 90-уми асри гузашта, вақте ки кишвар дучори имтиҳони бениҳоят вазнини таърих гашта буд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсе буданд, ки баҳри ҳалли мусбати тақдири сарзамини паҳну парешонгашта ҳаёташонро дар роҳи хидмат ба халқу Ватан бахшида буданд. Шукр мегӯем, ки дар давраи ҳассосу тақдирсоз барои ояндаи миллату давлат чунин сиёсатмадори қавиирода, ватандӯсти бебоку ҷасур ва қаҳрамон ба арсаи сиёсат омада, бо боварии қавӣ ба ояндаи неки кишвар тақдири минбаъдаи Ватанро ба уҳда гирифта, сулҳу ваҳдатро пойдор намуданд.
«Ман ба Шумо сулҳ меорам!»-муроҷиат карда буданд дар рӯзи аввали Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданашон. Аз ин рӯ, аз рӯзи аввали зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастиашонро баҳри хизмат ба халқу Ватан, хушбахтии мардум ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ, ба сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоштани обрӯю нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшиданд. Маҳз тавассути кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат бародарони дар паси сангарҳои муқобил парешон ба ҳам омада, соли 1997 шартномаи сулҳро ба имзо расониданд, дар муддати кӯтоҳ гурезагон ба Ватан баргардонида шуданд, тамоми рукнҳои давлатдории тоҷикон аз нав барқарор ва барои инкишофи минбаъдаи кишвар шароити муносиб фароҳам оварда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ гашта, бо зиёда аз 150 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард ва узви чандин созмону ташкилоти бонуфузи минтақаву ҷаҳон гардид.
Натиҷаи заҳматҳои Пешвои миллат аст, ки мушкилию норасоиҳо дар тамоми соҳаҳо бартараф гашта, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азиз обод гашта, имрӯз симои кишвар ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, бемайлон рушд дорад, сатҳи зиндагию некуаҳволии мардум сол ба сол баланд мегардад.
Ташаббусҳои Пешвои миллатамон дар арсаҳои ҷаҳонӣ дар хусуси обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо на фақат барои мардуми мо, балки тамоми инсоният ҳушдор медиҳанд, ки дар андешаи ҳалли мушкили ба инсоният таҳдидкунанда бошанд. Яъне, норасоии об, хатари беш аз пеш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокини сайёра аз норасоии об, фавти кӯдакон ва дар ин замина, афзудани бемориҳои сирояткунандаву марги инсонҳо аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суханрониҳои Сарвари кишвари тоҷикон пайваста таъкид мегарданд.
Аз ин рӯ, мо аз дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ зери сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, ба ояндаи неки кишвар бо орзую умеди зиёд менигарем. Роҳи тайнамудаи ин марди наҷиб, хидматҳои созандаву арзандаашон дар таҳкими сулҳу ваҳдат, шукуфоии Ватан, амнияту хушбахтии миллат намунаи олии ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.
Шарифхон Тиллоев,
рӯзноманигор