Таҳкими сулҳ ва Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои беназири охири садаи ХХ барои Тоҷикистон буда, аз сиришти сулҳпарварона ва хираду заковати волои халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Вақте ки шахс ба манбаъҳои таърихӣ назар меандозад, муайян мекунад, ки рушди босуботи мунтазами ҷомеа ба оромию ҳамдигарфаҳмии аъзои он, қувваҳои сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ вобаста аст. Аз нигоҳи илми муосир, вазъи Коинот ва низоми олам аз ваҳдат ва қонуни ҷозибаи сайёраҳо асос ёфтааст. Ваҳдат на танҳо омили ҳастии ҷамъияту одам, балки асли олам низ мебошад. Нафақат сайёраи мо, балки тамоми Кайҳон ҳам қонунияту низоми муайян доранд, ки ягонагии онҳоро барҷо нигоҳ медоранд ва боиси дар сайёраи Замин рушду нумуъ кардани ҳаёт мегарданд.
Тоҷикон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро ба даст овардаанд. Вале як қатор омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ боиси он гашт, ки давлати тоҷикон ва мардуми ин сарзамин ба гирдоби бесарусомонӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шаванд. Дар лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсози давлату миллат зарур буд, ки нафари сиёсӣ ё гурӯҳи пешсафу хирадпеша мардуми сарсону парешонгашта ва гурӯҳҳои ҷангиро бо ҳам оварда, сари мизи музокирот ҷамъ намояд. Баргузор гаштани Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба тақдири дирӯзаву имрӯзаи кишвари тоҷикон такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия намояндагони мардумӣ тақдири давлату миллатро бар дӯши ҷавонмарде гузоштанд, ки таърихи навини тоҷикон бо ному кору пайкорашон муаррифи ҷаҳониён гашт. Аввалин кори Раиси Шурои Олии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳакам намудани пояҳои фалаҷгаштаи давлатӣ, интихоб намудани нафарони фидоии миллат ва халқу Ватанро аз парешониву нобудшавӣ наҷот додан маҳсуб меёфт. Ин ҳадаф дар муддати кӯтоҳи таърихӣ натиҷаи хуб ба бор овард. Боварии мардум ба ояндаи нек ва ғалабаи хиради азаливу таърихӣ имконият дод, ки гурӯҳҳои мухолиф сари мизи музокирот нишаста, таърихи минбаъдаи миллатро тарҳрезӣ намоянд. Ҷасурию қавииродагӣ ва устувор будан дар аҳди худ Сарвари давлатро имкон доданд, ки ба ҳамаи талаботу шартҳои тарафҳо розӣ шуда, ҷонибҳои даргирро бо ҳам биёранду сулҳу ваҳдатро таҳким бахшанд.
Ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамин тавр, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид ва ин санади тақдирсоз ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар фазои сулҳу оромӣ ва мусолиҳаи миллӣ ҳукмрон гардид. Таҷрибаву сулҳи тоҷикон дорои аҳаммияти на танҳо миллӣ, балки ҷаҳонӣ мебошад, зеро онро метавонанд дар ҳар минтақаи гуногуни дунё барои ҳалли ихтилофҳои байнидавлатӣ истифода кунанд.
Бо шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне, гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва рушди онҳоро оғоз намоем.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар муддати 34 соли Истиқлоли давлатӣ кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи соҳибихтиёри демократӣ қадамҳои устувор ниҳод. Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ тасдиқ ва қабул карда шуданд. Артиши миллӣ таъсис ва таҳким ёфт. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои муътабар қабул шуд ва бо аксарияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.
Дар ин замина, рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо эълон шуда, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ боло рафт. Аз ин рӯ, моро мебояд барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф бештар талош варзида, ба комёбиҳо афзунтар ноил шавем.
Рушди босуръати илм ва технологияи муосир зарурати қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрию ҳуқуқиро тақозо менамояд. Ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимро дар робита ба соҳаҳои илму маориф қабул кард, ки барои пешрафти фаъолияти муассисаҳои таълимию илмии кишвар мусоидат карданд.
Имрӯз илм бо суръат пеш рафта истодааст ва ҷавононро зарур аст, ки ба омӯзишу мутолиаи фарогир машғул гашта, аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳонӣ бархӯрдор шаванд.
Имрӯзҳо бо заҳмату фидокорӣ ва азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоли мо ба марҳалаи нави тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои бунёд ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ворид шуда, дар ҳаёти мамлакат тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Тоҷикистон ба сӯйи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор гузошт.
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат (28-уми декабри соли 2024) баён карданд: «Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангиву фароғати ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд».
Хулоса, ваҳдат таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ буда, он ҳамчун рукни асосии суботи сиёсӣ ва оромии иҷтимоӣ яке аз омилҳои калидӣ дар пешрафти ҳар як ҷомеа ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳ, балки таҳкурсии воқеии рушди устувори кишвар ва омили таҳкими давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ваҳдат асоси пешрафти Тоҷикистон буда, бояд он ҳамеша ҳифзу таҳким бахшида шавад.
Шодӣ Сафаров,
президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор,
Абдулло Орифов,
мудири шуъбаи таълими фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон