Дар шароити ҷаҳони муосири пур аз низоъ ва танишҳо, инчунин, буҳронҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва марзӣ, ки аксари манотиқ ва кишварҳои дунёро ба чолиш кашидааст, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, нигаҳдории якпорчагии давлат, сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои дунё маҳсуб меёбад. Дар зимн, кишварҳои ҷаҳон бо мақсади ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини амният ва сулҳу субот ба созмону ташкилот ва анҷуману иттиҳодияҳои мухталифи низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақавию байналмилалӣ шомил гардида, бо ин восита, саъю талош мекунанд, то аз ҳамагуна буҳрон ва хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ намоянд, зеро тавре ҳаводиси солҳои ахир собит сохтанд, ягон кишвари дунё наметавонад низоъ, баҳси марзӣ, муноқиша ва танишҳои низомиро дар танҳоӣ паси сар намояд.
Тавре маълум аст, дар солҳои 90-уми қарни гузашта ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар кишварамон маҳз бо дахолати душманон ва бадбинони миллати тоҷик мунҷар ба он шуд, ки дар шуури мардуми тоҷики сулҳдӯсту меҳмоннавоз ҳисси душманӣ ва нафрату бадбиниро нисбат ба ҳамватани хеш ҷой дода, буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҷудоиандозиро эҷод намоянд.
Ба андешаи коршиносону мутахассисон, шояд яке аз сабабҳои низои дохилӣ пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ бошад, сабаби дигари бесуботӣ, эҳтимол худшиносии миллии ноогоҳона, бунбасти коммуникатсионӣ ва аз ҳамдигар дар инзиво қарор доштани манотиқи гуногуни кишвар сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар натиҷа ҳазорон нафар шаҳрванд қурбонии муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ шуданд.
Гузашта аз ин, ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ хисороти ҳангуфти иқтисодӣ ба бор оварда, кишварро ба рукуд мувоҷеҳ сохта, илова бар ин, аксари соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тамоман аз фаъолият бозмонданд. Ҳарчанд аз он давраҳои вазнин ва бесарусомониҳо солҳои зиёд сипарӣ гашта бошад ҳам, он рӯзҳои хунин дар таърихи кишвар ва хотироти мардум абадан боқӣ хоҳад монд.
Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июни соли 1997 насими форами сулҳу ваҳдат ба сарзамини ҷангзадаи тоҷикон вазида, вожаи «ваҳдат» дар байни халқ ба истилоҳи аз ҳама маъмул табдил ёфт. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва истиқболи мардуми тоҷик аз он, дар тафаккури халқи тоҷик таҳаввулоти худшиносӣ ба вуқуъ пайваст, ин худ зарбаи ҷонкоҳ ба душманон ва бадхоҳони миллат буд, ки ҳадафҳои нопокашонро натавонистанд дар қаламрави кишвари азизамон амалӣ намоянд.
Ваҳдати миллӣ собит сохт, ки мардуми тоҷик дар рӯзҳои муташанниҷ ва тақдирсоз метавонад бо ҳам сарҷамъ ва якдилу якҷон бошанд ва сулҳдӯсту бофарҳанг ва соҳибтамаддун будани хешро ба ҷаҳониён собит созанд. Шоири ширинкалому зиндаёд, шодравон Лоиқ Шералӣ аз нахустин қаламкашони тоҷик буд, ки ваҳдати тозападиди халқи маҳбуби хешро самимона шодбош гуфт ва ғазале бо номи «Сулҳи дерининтизори мо омад» офарид, ки дар васфи Ваҳдати миллӣ ва офарандагони он суруда шуд:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ҳамин тавр, дигар шоирону нависандагони маъруфи тоҷик, ба шумули Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Ашӯр Сафар, Муҳаммад Ғоиб, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Мирзо Файзалӣ, Ширин Бунёд, Фарзона, Алӣ Бобоҷон, Саидалӣ Маъмур ва дигарон беҳтарин сурудҳои хешро ба мавзуи сулҳу ваҳдат ва парастиши Ватан бахшидаанд ва Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди бузурги миллат тараннум карданд.
Ваҳдат миллӣ, оштии миллӣ, ғояи миллӣ, ифтихори миллӣ зербиноҳое мебошанд, ки пойдории давлату миллат ва ҳувияти миллиро таъмин намуда, ба раванди ташаккулёбии миллат суръат бахшида, мақом ва обрӯйи давлатро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баландтар мебардорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳу ваҳдатро баланд бардошта, мардуми азияткашидаи тоҷикро ба ҳамдигарфаҳмӣ, якдилӣ, таҳаммулпазирӣ, бародарӣ ва ояндаи дурахшон даъват намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар он шабу рӯзҳои вазнин ба боварии мардум сазовор шудан кори саҳлу осон набуд, зеро бадхоҳону бадгӯёни миллат талош мекарданд, то мардумро аз ҳам ҷудо карда, як минтақаро алайҳи дигар минтақа ба задухӯрд сафарбар намоянд.
Дар вазъияти ниҳоят фалокатбор дар Қасри Арбоби Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки яке аз чорабиниҳои муҳим ва сарнавиштсози таърихи навини давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ин иҷлосия дар шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ баргузор шуда, ба барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди минбаъдаи кишвар замина гузошт. То баргузории Иҷлосияи таърихӣ мавқеъ ва вазъияти депутатҳои халқ чӣ гуна буд, ҳама дар хотир доранд. Тазъиқу зӯроварӣ ба вакилон онҳоро калавандаю саргаранг карда буд ва онҳо аниқ намедонистанд, ки ба кадом самт майл доранд. Дар чунин ҳолат низ қавииродагии халқи одӣ водор намуд, ки вакилон ба ҳақиқат рӯй оварда, ба Шурои Олӣ нафареро сарвар интихоб намоянд, ки тақдири ояндаи миллат ва кишварро муайян созад. Вакилон якдилона ба вазифаи раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди ҷасуру бебок ва хирадманди Ватан Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Ин нахустин ғалабаи афкори мардуми азиятдида буд.
Ҳамин тавр, бо қатъият метавон гуфт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан, иҷлосияи наҷотбахш ба ҳисоб рафта, Сарвари навинтихобгаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгар ва наҷотбахши миллати тоҷик маҳсуб меёбанд, зеро ин фарзонафарзанди миллати тоҷик дар он давра ба хотири таъмини сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ нақшаҳоеро тарҳрезӣ намуданд, ки дар назари аввал татбиқи онҳо ғайриимкон буд. Чунки шаҳру навоҳии ҷануби кишвар бар асари ҷангҳои шаҳрвандӣ хароб гашта, ҳазорон ҳазор тоҷик дур аз Ватан шаҳди ғарибӣ мечашиданд. Сарвари давлати мо тавонистанд дар як муҳлати кӯтоҳ ба ҳама он нобасомониву душвориҳо нигоҳ накарда, халқи ғарибгаштаи моро ба Ватан баргардонад ва бо хонаву манзил, ҷойи кор ва шароити мусоид таъмин намояд.
Муаррихону коршиносони сершумори дохиливу хориҷӣ ин иҷлосияро рӯзи барқарории сохти конститутсионӣ, оғози сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва парлумонӣ дар Тоҷикистон медонанд. Иҷлосияи 16-ум дар худ на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки таҷассумгари фалсафаи ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта буд. Ин иҷлосия нишон дод, ки дар вазъиятҳои мураккаб ва пуршиддат ҳамеша роҳи ҳалли мусолиматомез вуҷуд дорад. Бо қабули қарорҳои муҳим ва муттаҳидсоз, иҷлосия ифодагари он шуд, ки инсон, ҳамчун мавҷуди оқил ва дорои виҷдон, қодир аст, дар вазъияти мушкил роҳи адолат ва осоиштагиро интихоб кунад.
Сулҳ, ки ҳамчун як арзиши олии инсонӣ шинохта шудааст, дар доираи ин иҷлосия на танҳо як ҳадаф, балки як василаи расидан ба адолат ва баробарии иҷтимоӣ шуд. Ин нуқтаи назар ба куллӣ равиши нави ҳалли низоъҳоро дар ҷомеаи тоҷикон муаррифӣ кард.
Илова бар ин, Иҷлосияи 16-ум на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки нуқтаи гардиш дар таърихи муосири Тоҷикистон гардид. Бо шарофати қарорҳои ин иҷлосия, кишвар аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт ва ба роҳи осоиштаву бунёдкорӣ қадам ниҳод. Он, ҳамчунин, заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии рушди ҷомеа ва таҳкими ҳокимияти давлатиро таъмин намуд. Иҷлосия ба ҷаҳониён нишон дод, ки тоҷикон қодиранд, мушкилоти дохилии худро бо роҳҳои мусолиматомез ҳал кунанд ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ бирасанд. Ин таҷриба баъдтар ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф гардид.
Дарси асосии иҷлосия ин аст, ки сулҳу ваҳдат на танҳо ҳадаф, балки василаи асосии расидан ба ҷомеаи пешрафта мебошад. Ин таҷриба нишон дод, ки бо истифода аз ақлу хирад, ҳамоҳангӣ ва ахлоқ метавон ба ҳар гуна мушкилот ғалаба кард.
Қайд кардан зарур аст, ки дар тӯли зиёда аз сӣ соли истиқлол мардуми тоҷик дар зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ояндаи нек ва зиндагии шоиста заҳмат мекашанд. Имрӯз дар саросари кишвар амният ва сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ таъмин гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи дурахшони худ боварӣ доранд, зеро роҳбарии мамлакатро шахси хирадманд, дурандеш, инсонпарвар, фарҳангдӯст ва маорифпарвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд.
Аз ин хотир, моро зарур аст, ки дар ин рӯзҳои боз ҳам муташанниҷи вазъи сиёсии ҷаҳон дар атрофи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада, ин ваҳдати «ба хуни дил ба дастомада»-ро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Ҳ. МИРЗОЗОДА,
омӯзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ