Асоси пойдорӣ ва пешрафт

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги мардуми тоҷик ба шумор меравад, зеро он ба якпорчагии Ватан ва сарҷамъии миллат мусоидат кард. Маҳз бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвари мо вориди марҳалаи тозаи сиёсӣ шуд ва нуфузу обрӯйи тоҷикон ҳамчун миллати сулҳпарвару сулҳовар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боло рафт.

Таъмини амнияту субот дар кишвар муносибаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро тақвият бахшид ва Тоҷикистон дар амалисозии сиёсати дохиливу хориҷӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Мебояд ин ҷо дар хусуси ҷонфидоию қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот дар мамлакат ёдовар шавем. Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаву ватандӯстонаи Сарвари давлат миллати тоҷик ба сулҳи пойдор даст ёфт ва дар партави он мардум бо созандагиву ободкорӣ дар рушду тараққии кишвар саҳми арзанда мегузоранд

Дар фазои осоиштаву ором соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар рушд ёфтанд ва сатҳи некуаҳолии мардум баланд гардид. Мусаллам аст, ки соҳаи маориф ба таври чашмрас пешрафт кард ва насли наврасу ҷавони боистеъдоду донишманд ба камол мерасанд. Насле, ки бо донишу ҷаҳонбинии пешрафта истиқлолу Ваҳдати миллиро таҳким мебахшанд ва барои шукуфотар гаштани Ватанамон заҳмат мекашанд.

Истилоҳи «ваҳдат» барои миллати мо арзиши баланд дошта, ҳамбаста ба истиқлолу озодӣ маънидод мегардад ва бузургиву шаҳомат ва хирадсолории миллати тоҷикро ифода мекунад. Пойдории Ваҳдати миллӣ омили ҳастии миллат буда, дар эҳёи арзишҳои таърихии миллат, ғояи миллӣ ва амалишавии ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон нақши бориз мегузорад.

Аҳаммияти таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба хидматҳои фарзонафарзандони миллат, дарки моҳияту нақши он дар зиндагӣ ва баланд бардоштани ҳувияти наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад. Таҷлили он шароит фароҳам меорад, ки наврасону ҷавонон аз гузаштаи хеш огоҳ шаванд ва ба қадри арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ бирасанд. Мо имрӯз Ваҳдати миллиро дар ҳар як лаҳзаи зиндагиамон, чеҳраҳои хандону бозиҳои кӯдакон, орзую омоли ҷавонон ва шукргузории бузургсолон эҳсос мекунем.

Ватани азизамон – Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зеботар мешавад, зеро он ошёни ҷовидони ваҳдат аст. Бинобар ин, бояд ҳар фарди тоҷик ба қадри истиқлолу ваҳдат, сулҳу субот бирасад ва дар раванди бунёдкориҳои бузурги кишвар саҳми муносиб гузорад.

Зарина АЛИЗОДА,

мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм