Ваҳдати миллӣ барои ҳар як давлату ҷомеа дастоварди бузург маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арзиши муқаддас, ки бо талошу фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчун рукни бунёдӣ дар таҳкими субот, пойдории давлат ва рушди устувори ҷомеа маънидод мегардад. Таърих гувоҳ аст, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва амнияти миллӣ, якпорчагии давлат ва пояҳои ҳастии миллӣ зери хатар монданд. Маҳз сиёсати хирадмандона ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат кишварро аз вартаи нобудӣ раҳонид ва ба сӯйи сулҳ, ваҳдат ва созандагӣ раҳнамоӣ кард.
Дар тӯли беш аз се даҳаи охир, таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни муҳимми давлатсозӣ ва кафолати суботи сиёсӣ дар меҳвари мушаххаси сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст. Пешвои миллат бо ироаи консепсияи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ тавонистанд заминаи устуворро барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар фароҳам созанд. Дар баробари дигар соҳаҳо, маориф ҳамчун рукни муҳимми тарбияи шаҳрвандон ва таҳкими худшиносиву ваҳдати миллӣ ба сифати яке аз самтҳои афзалиятнок пазируфта шудааст. Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф далели равшани он аст, ки рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим ва неруи зеҳнӣ ваҳдати миллиро таҳким мебахшад. Пешвои миллат дар тамоми суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ваҳдат танҳо як падидаи сиёсӣ набуда, балки фарҳанги мураккаби иҷтимоӣ ва арзиши маънавии ҷомеа мебошад. Тоҷикистон бо барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Шуравӣ Истиқлоли давлатӣ ба даст овард, вале гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки он ба кишвар хисороти зиёд ворид намуд. Аз ин ҷост, ки бо талошу пайкори Пешвои миллат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ки ба таҳкими сулҳу субот дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Бинобар ин, ҳамасола 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳамчун рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии миллӣ таҷлил мегардад. Баргузории ҳамоишҳои илмӣ, созмондиҳии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, омода намудани барномаҳои таълимӣ оид ба ваҳдат ва таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба устувории ин арзиши муқаддас мусоидат менамоянд. Пешвои миллат дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ рушди соҳаи маорифро шарти зарурии тақвияти Ваҳдати миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон меҳисобанд. Ифтитоҳи муассисаҳои таълимии муосир, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, омодасозии кадрҳои ихтисосманд ва дастгирии олимону муҳаққиқон аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Барномаҳои давлатии рушди маориф ва илм, афзоиши маблағи стипендияҳо, таъсиси квотаҳои Президентӣ, бурсияҳои дохилӣ ва хориҷӣ, муосирсозии инфрасохтори таълимӣ ва эҷоди шароити муносиб барои омӯзгорон ва донишомӯзон аз ҷумлаи он тадбирҳои амалӣ мебошанд, ки ба рушди устувори соҳа ва пойдории ваҳдати иҷтимоӣ таъсир мерасонанд.
Бояд қайд кард, ки сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф бештар ва тадриҷан сатҳу сифати таълим баланд мегардад. Дар зимн, низоми маориф мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ гардида, дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ назаррас мебошад. Пешвои миллат зимни сафар ба шаҳру навоҳии мамлакат ҳатман чандин муассисаи нави таълимиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки аз таваҷҷуҳи рӯзафзун ба соҳаи маориф шаҳодат медиҳад. Ҷомеае, ки дорои неруи зеҳнии инкишофёфта мебошад, метавонад дар арсаи байналмилалӣ рақобат кунад. Аз ин рӯ, сиёсати Пешвои миллат ба рушди ақлонӣ ва маърифатии ҷомеа нигаронида шудааст. Дар замони рақобати шадиди ҷаҳонӣ, танҳо миллате метавонад пойдор монад, ки дорои зеҳни солим ва маърифати баланд бошад. Таҳкими маориф, рушди илм ва фановарӣ, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва баланд бардоштани сатҳи саводи шаҳрвандон на танҳо омили рушди устувор, балки кафили амнияти маънавӣ ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ низ мебошанд.
Маориф воситаи муҳимтарини ташаккули шахсияти ватандӯст ва худшинос аст. Ба туфайли сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат имрӯз дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ мавзуъҳои марбут ба таърихи давлатдории тоҷикон, қаҳрамонони миллӣ ва арзишҳои давлатдорӣ ҷойгоҳи хосса доранд. Насли ҷавон бо ифтихор аз таъриху тамаддуни хеш, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро дарк менамояд. Маҳз тавассути таълиму тарбияи дуруст метавон Ваҳдати миллиро дар зеҳн ва амали ҷомеа пойдору ҷовидона гардонд. Ҳамчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳандозӣ гардидаанд, ки ба тафаккури техникӣ, такмили ҷаҳонбинӣ ва дарку маърифати наврасону ҷавонон мусоидат мекунанд. Дар баробари ин, имкон фароҳам оварданд, ки муҳассилин ба омӯзишу мутолиа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва таҳдидҳои афзояндаи сиёсию идеологӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии суботи сиёсӣ ва рушди устувор бояд дар меҳвари тамоми сиёсатҳои давлатӣ қарор гирад. Таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон дар таъмини Ваҳдати миллӣ, ки зодаи хиради сиёсӣ, дарки баланди масъулият ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, метавонад ҳамчун намунаи илҳомбахш барои дигар кишварҳо хизмат кунад. Соҳаи маориф, ки дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад, ба сифати неруи асосии ташаккули шахсияти ватандӯст ва худогоҳ, таҳкими пояҳои ваҳдат ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дастгирии бештар меёбад. Маориф бояд на танҳо воситаи таълиму омӯзиш, балки муҳаррики асосии худшиносии миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди босуботи кишвар гардад. Ҳар як корманди соҳаи маориф, омӯзгор, муҳаққиқ ва шахсони масъули соҳа масъулияти бузурги худро дарк намуда, бояд бо истифода аз имконоту шароити фароҳамгардида дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон ва рушду таҳкими пояҳои маърифатии ҷомеа саҳми худро гузорад. Танҳо дар заминаи ваҳдати устувор ва тафаккури рушдёфтаи миллӣ метавонем ба давлатдории воқеан пешрафта ва ҷомеаи мутамаддин шарафёб гардем.
Равшан КАРИМЗОДА,
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон